Ба кадом гӯшаи шаҳр чашм давонӣ , ҳатман лӯлизанҳоро мебинӣ ! Онҳо мисли замбурӯғҳои баъди борон рӯида чунон зиёд шудаанд, ки…
Лӯлиҳо хусусан дар гирду гӯшаи донишгоҳ зиёд ба чашм мерасанд ва агар ба ҳолашон монед, ба чи корҳое, ки даст намезананд. Бачаҳояшон садақаталабон ҳар як донишҷӯро думболагирӣ намуда, қариб то дохили факултаҳо мераванд. Донишҷӯёни камбағалро чунон ба ҷонашон мерасонанд, ки студенти бечора қиссаи холиашро такорӯ карда, охирин дирамҳояшро бароварда медиҳад, то аз лӯлибачаҳо халос шавад. Рӯзе аз шаҳраки донишҷӯён ба тарафи бинои марказӣ равон будам, ки ду лӯлича пайдо шуда, садақа талабиданд. Аҳамият надода роҳамро идома додам. Лӯлидухтарҳо аз ду паҳлӯям рост шуда аз пойҳоям чунон сахт доштанд, ки қуввати ҷумбиданам намонд.
Бадбахтона ғайри роҳкирое, ки бояд то хонаи иҷораам мерасонд, дигар дар киссаам ягон тин набуд. Ноилоҷ монда пули роҳкироямро ба лӯлиҳо додаму раҳо шудам. Онҳо як хислати бад доранд, касеро шинохта кунанд, ҳар рӯз думболашро мегиранд, як маротиба пул дода, маззахӯракашон кардам, акнун рӯзе нест, ки маро ором гузоранд. Лӯлидухтарҳо ҷонамро ба лабам овардаанд. Ҳар гоҳ ба донишгоҳ равон шавам, ғамам мегирад, чунки то як- ду сомонӣ надиҳӣ , аз ин лӯлиҳои хира халос намешавӣ . Аз санҷишу имтиҳонҳо ҳам, азоби лӯлиҳо бароям мушкилтар гаштааст. Ба лӯлизане пул надодам. Ба ғазаб омада сангеро сӯям ҳаво дод. Санг чунон сахт ба поям зад, ки хаёл кардам устухони поям шикаст. Лӯлиҳо натанҳо ман, балки донишҷӯёнро низ чунин ҷонбезор кардаанд. Наход ягон роҳи аз лӯлиҳо наҷот додани донишҷӯён набошад-а?!
Зафархон, донишҷӯи ДМТ