Formula september
Сирко кафидагии дасту пойро шифо мебахшад?
3095


Дар умрам ягон бор пӯсти поям намекафид, аз ин рӯ ба занҳои суми пойҳояшон қарқбаста бо чашми тамасхур менигаристам.

Гумон доштам, ки ин иллат аз сабаби чалфас будани зан ба вуҷуд меояд ва дер-дер шустану нигоҳубин накардан боиси кафидани пӯсти пойҳо мешавад. Имсол пойпӯши паст пӯшида худам ба ин иллат гирифтор шудам. Акнун ҳини ба меҳмонӣ рафтан ба пойҳои кафидаам зеҳн монда нигаристани занҳои олуфтаро дида, аз шарм замин намекафад, ки дароям. Ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Саврӣ, сокини ш. Турсунзода.

Посух
Кафидани пойҳо барои ҳар як шахс нофорам аст, чунки пойҳои қарқбастаро дида, дигарон гумон мекунанд, ки зан ё марди чалфас будааст. Дар асл пӯсти пой бо дигар сабабҳо мекафад. Яке аз сабабҳои кафидани пӯсти пойҳо метавонад бемориҳои замбӯруғӣ бошад. Барои пойҳои кафидаи ба бемории замбӯруғӣ гирифтор малҳамҳои махсус вуҷуд доранд. Барои ин аввал дар зарфе оби гарм ва маҳсулоти нармкунандаи табобатиро андохта, пойҳоятонро муддати 20 дақиқа дар ин об нигоҳ медоред. Пас аз ин пӯсти шахшӯли мурдаро бо санги махсус тарошида, баъд малҳами мулоимкунанда ва табобатиро молед. Беҳтар мешуд, агар ба мутахассис-дерматолог муроҷиат намоед, чунки бемориҳои замбӯруғӣ хусусияти сироятӣ доранд. Касалии замбӯруғӣ ба дигар узвҳои баданатон ҳам гузашта бошад, ҳолатонро табоҳ месозад. Гумон накунед, ки бо ҳамин ҷонатон халос мешавад. Барои пурра аз ин иллат халос шудан бояд сабур бошед, чунки табобатро 2-3 моҳ давом додан лозим меояд. Барои пурра табобат ёфтан нохуни пой бояд ақаллан 2 маротиба нав шавад. Ин бемориро танҳо аз берун не, аз дарун ҳам табобат кардан лозим аст, чунки касалиҳои замбӯруғӣ бо сабаби бемориҳои узвҳои дарунӣ ба амал меоянд.

Сиркои давобахш
Малҳамҳои махсус ва йодро дар табобати ин иллат васеъ истифода мебаранд, боз як доруи зидди замбӯруғ сиркои себӣ мебошад. Сиркоро 1/1 дар бо об омехта намуда, матоъеро пахтагиро дар ин маҳлул тар карда, ба пой бастан лозим аст. Барои мустаҳкамтар кардан селофани полиэтилениро аз болояш печонед ва шаб то саҳар ин тарбандиро накушоед. Саҳар ҳатман пўсти дағалу шахшударо пок намуда, малҳами нармкунанда ё муқобили занбӯруғро молед. Метавонед сиркоро бо глицерин иваз кунед, зеро глицерин низ хусусияти хуби табобатӣ дорад. Ба шумо то охири табобат ҳамагӣ 5 шишача глицерин зарур мешаваду халос. Пўшидани ҷӯробҳои синтетикӣ ва пойлуч гаштан, инчунин пӯшидани пойпўшҳои резинӣ, ки боиси шахшӯлшавии пўсти пой мегарданд, қатъиян мумкин нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД