Сокини шаҳри Кӯлоб, 36- сола ва соҳиби 3 фарзандам. Зиндагиам аз рӯзи аввали хонадоршавӣ қашшоқона мегузашт. Занам дилу ҷигарамро мехӯрд, ки аз зиндагии сагона безор шудам, ту чӣ хел мардӣ, ки ба хона як халта орд намеорӣ? Ҳамсояҳоро бин, ҳар рӯз ба зану фарзандонашон либосҳои наву занҷирбандҳои тиллоӣ мехаранд, ту бошӣ, то ҳол ба ман як наскӣ ҳам нахаридаӣ...
Метарсидам, ки маро низ мисли Гулӣ дар куҷое кушта напартоянд.
Хулоса, рӯзе набуд, ки зани серҷоғам дар сарам чормағз нашиканад. Тоқатам тоқ шуд ва рӯзе ҳамсарамро хуб лату кӯб кардаму либосҳоямро гирифта аз дар баромадам.
Аз Икром ном ҳамсоя бо фоиз пул қарз гирифта, шабошаб ба шаҳр омадам, то дигар рӯйи зани серҷоғамро набинам. Русия мардикорӣ меравам, дар ҳамон ҷо зан мегирам қарор додам дар дил ва ба фурудгоҳ рафта, чиптаи ҳавопаймо харидам. Касе аз аҳли оила ва пайвандонам намедонист, ки ба Русия сафар дорам.
Бахт ба рӯям хандиду дар Русия кори сердаромад ёфтам. Маоши хуб мегирифтам, вале ба зану фарзандонам на занг задам ва на дар куҷо буданамро дарак додам. Ҳамин тавр ду моҳ «ҳузур ҳузури безанӣ, фатир пазӣ, танҳо занӣ» гуфта, хуб маишат кардам. Касе пишакамро пишт намегуфт. Духтарҳои рус пулдориамро дида аз пасам медавиданд. Бо яке аз онҳо, ки Таня ном дошт, оиладор шудам. Фикр мекардам, ки хушбахт мешавам, вале…
Таня то нисфирӯзӣ хоб мекард, парво надошт, ки ман зиндаам ё мурда ва чӣ мехӯраму чӣ мепӯшам. Наҳориро худам тайёр мекардам, либосамро худам мешустам. Занам бо майли худаш зиндагӣ мекард ва нимашаб ба хона меомад. Соҳиби фарзанд шудем, вале ақли Таня ҳеҷ ба сараш назад, ки назад. Оҳиста-оҳиста давру давронам аз байн рафт, корхонаамон муфлис шуду маошамонро кам карданд. Ҳамсарамро кампул шуданам бештар «девона» мекард, рӯзе набуд, ки Таня бо ман ҷанҷол накунад. Боре таънаҳояш ба мағзи устухонам расиданду сари қаҳр занамро задам. Аз даҳону бинияш хун фаввора зад ва худи ҳамон рӯз Таня маро ба дасти милиса супурд. Ҷанҷоламон бо ҷудоӣ анҷом ёфт. Суд ҳалнома баровард, ки ман бояд ҳар моҳ ба фарзандам 20 000 рубл алимент супорам.
Акнун се моҳ боз худам ташнаю гушна мегардаму пули алименти писарам Артурро ба Таня месупорам.
Мақсади мактуб навиштанам ба сомонаи Оила он аст, ки мардҳои тоҷик мисли ман фирефтаи ишқи зани рус нашаванд. Ман шаттаи зани русро хӯрда, дар ғарибӣ ба қадри зани серҷоғи тоҷикам расидам, вале дигар аз пушаймонӣ суде нест!
Носир, аз шаҳри Новокузнетски Русия