Formula september
Чаро журналисти тоҷик гадоӣ мекунад?(ВИДЕО)
8252
Чаро журналисти тоҷик гадоӣ мекунад?(ВИДЕО)

Солҳои охир шумораи талбандаҳо дар кӯчахои шаҳри Душанбе хеле зиёд гаштааст. Сари ҳар қадам кас бо гадоҳо рӯ ба рӯ мешавад.

Иддае аз талбандаҳо чунон хира хастанд, ки то пул надиҳӣ аз эшон халосӣ намеёбӣ. Агар фоида намебуд онҳо ҳеҷ вақт рӯзи дароз дар гармиву сарӣ дар болои сангҳо наменишастанд. Гадоҳо дар як рӯз чанд пул кор мекарда бошанд? Барои ба ин савол чавоб пайдо намудан мухбири сомонаи Оила Наврӯзмоҳ Вазирбекова худро ба сурати талбандахо дароварда хамагӣ ду соат накши гадоро бозид. Ӯ либосҳои фарсудаи раҳматӣ кампири ҳамсояаашро пӯшида, сару рӯяшро бо ороишоти зебоии ранги қаҳвагӣ чиркин намудау ҷувздони чандинасраи хобрафтаи холаашро, ки аз дасти кӯдакон титу пит шудааст бо як болиштча гирифта, аз хона берун шуд. Ба қавли Наврӯзмоҳ дар роҳ тарс вуҷудашро фаро гирифт, пойҳояш ба ларза даромадаанд. Наврӯзмоҳ чунин қайд намуд: “Дар таги дилам гуфтам, Худо ба ҳамаи бандагонаш тавфиқ диҳад, то хотири пул шуда, нангу номусашонро зери пой накунанд. Баробари нишастан назди даромадгоҳи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон болои рӯймолчаам тангаборон шуд. Яке 5 сомону, яке 3 сомон, дигаре 1,5 сомону дигараш 1 сомону 50 дирам, хуллас миқдори аз ҳама кам 20 дирамро ташки дод”.

Донишҷӯён ба хотири бо муваффақият супоридани имтиҳонхо, фурӯшандаҳои бозор бо максади барори гирифтани савдо, роҳгузарон ба хотири ризои Худованд аз 20 дирам то 5 сомонӣ хайр мекарданд. Дар муддати ду соат журналист дар ниқоби гадо беш аз 100 сомонӣ маблағ чамъ кард. Ин дар ҳолест, ки вай мисли дигар талбандаҳо хирагӣ карда “кӯдакам бемор аст, бояд ҷарроҳӣ кунам, ёрдам кунед ё духтарҷон, як сомонӣ хайр кун, оллоҳ бахтакат кушода шаваду серфарзанд шавӣ!”намегуфт. Агар ӯ дар ягон ҷойи серодам, масалан бозори Корвон ё Саховат талбандагӣ карда, каме хирагӣ мекард, яқин дар як рӯз 300-400 сомонӣ пули муфт ба даст меовард.

Маблағи ҷамъкардаашро мухбири сомонаи Оила.тч ба қутии хайрия партофт. Мақсад аз ин санҷиш танҳо он буд, ки дар як рӯз тақрибан чӣ қадар маблағ ба даст овардани гадоёнро муайян созем. Ин санҷиши дусоата нишон дод, ки на мушкилоти зиндагӣ, балки бештар ишқи пули муфт одамонро ба куйи гадоӣ мебарад, охир кӣ намехоҳад, ки бе ягон заҳмату меҳнат дар як рӯз зиёда аз 200-300 сомонӣ маблағ ба даст орад. Вақти он расидааст, ки мо алайҳи ин падидаи номатлуб мубориза барем, вагарна гадоӣ ба як амали маъмулӣ ва роҳи аз ҳама осони ба даст овардани пули бе дарди миён табдил меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД