Formula novemver 2024
Ҳаётой Муъминова: Ба мединститут ҳуҷҷат супорида, сароянда шудам  
1992

 

Мушоҳида кардаед, сарояндаи маҳбуби ҳамаи мову шумо Ҳаётой Муъминова дар барномаҳои солинавии имсола ширкат накард. Умуман, ин зани сар то по ҳунар вақтҳои охир дар назди мухлисонаш кам баромад мекунад.

Ӯро дар чорабиниҳои давлатӣ ҳам дидан амри муҳол аст. Сабаб чист? Чаро барфаки зеботарини саҳнаи тоҷик аз экранҳои телевизион дур шуд?

Бо мақсади посух пайдо кардан ба ин суол суҳбате доштем бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ҳаётой Муъминова.

Чаро Барфак кампайдост?

-Апаи Ҳаётой, вақтҳои охир шуморо камтар дар саҳна мебинем. Ба чӣ кор машғулед?

- Ман машғули таълиму тарбияи санъаткорони ҷавон ҳастам. Баъди хатми аспирантура ва ҳимоя кардани рисолаи номзадиам дар мавзӯи "Нақши занон дар рушди фарҳанги мусиқии Тоҷикистон" ва гирифтани унвони дотсентӣ аз вазифаи роҳбари ансамбли занони рубобчии «Чаман» истеъфо додам ва пурра ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода гузаштам. Албатта ин маънои онро надорад, ки кори эҷодиро қатъ карда бошам. Сурудҳои нав ба нав эҷоду сабт карда, тариқи сомонаҳои интернетӣ пахш месозам. Солҳои охир маро ба саҳнаи калон даъват намекунанд, телевизион ҳам ба эҷодиёти ман таваҷҷуҳ надорад, аммо шукр, ки мухлисон маро фаромӯш накардаанд.

-Дар барномаҳои солинавӣ ҳам набудед?

-Маро тамоми ширкатҳои продюсерии ғайридавлатӣ дар чорабиниҳояшон даъват карданд, ба ҷуз ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла телевизион, аммо ман ранҷида нестам.

-Ҳол он ки шумо Барфаки зеботарини телевизион будед…

- (Механдад) Он замон режиссёрҳо хостанд, ки аз ман «комик» созанд ва нақши Барфакро ба ман пешниҳод карданд, аммо ин Барфак хеле маҳбуб шуд. 12 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол мухлисон аз ин Барфак ёд мекунанд ва ҳар куҷо маро бинанд, 90-60-95 мегӯянд.

-Шумо, устодони санъатро дар ҳоле ба телевизион даъват намекунанд, ки барномаҳои имсолаи солинавиро мардум зери тозиёнаи танқид гирифтанд…

-Ман нисбати телевизион ғараз надорам. Баҳои онро мардум дод. Фақат вақте ки аз нафари нолоиқ ситора месозанд, ба кас алам мекунад. Даҳҳо устодони санъат ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд.

-Умуман калимаи ситора ба шумо маъқул аст?

-Не, комилан. Мо санъаткор ҳастем, на ситора. Дар замони шӯравӣ ин калима набуд.

Асрори баста шудани «Овози тиллоӣ»

-Дар бораи телевизион ҳарф задему барномаи машҳури «Овози тиллоӣ» ба ёдам омад. Чаро ин барнома баста шуд?

- «Овози тиллоӣ» лоиҳае буд, ки ба Зевар Давлатова роҳбари вақти телевизиони «Баҳористон» тааллуқ дошт. Вақте Зевар аз «Баҳористон» рафтанду роҳбарият нав шуд, лозим надонистанд, ки барнома ба ин шакл пешниҳод шавад. «Овози тиллоӣ» баста нашудааст, он ба шакли нав – «Парвин» сабт мешавад. Ин лоиҳа дар сарнавишти «Баҳористон» нақши калон гузошт. Маҳз «Овози тиллоӣ» ин шабакаро маъруф кард ва даҳҳову садҳо истеъдодро муаррифӣ намуд. Дастпарварони ин барнома имрӯз санъаткорони мустақил шудаанд.

-Баъд аз «Овози тиллоӣ» «Он сӯйи қиссаҳо» гуфтанӣ барномаеро дар «Сафина» таҳия мекардед, ки он ҳам умри дароз надид…

-«Он сӯйи қиссаҳо» барномаи муаллифии ман буд. Режиссёраш Орзу Исоев аст. Ин барнома аслан ба хотири рисолаи илмии ман буд, ки бояд дар радио ё телевизион муаррифӣ мегардид.

-«Дугонаҳо» - барномаи дигари муваффақи шумо ҳам қатъ шуд…

-Бале, гӯё ба хотири хандаи ман будааст. Ба ман гуфтанд, ки безеб механдӣ. Дар яке аз барномаҳо ман гуфтам, ки наздики 90 фоизи занони санъаткор дар саҳна хушбахт, аммо дар ҳаёти шахсӣ не. Гумон мекунам, ки ҳамин гапи ман сабаби қатъ шудани барнома гашт. Ҳол он ки ин сухан ҳақиқат дорад. Мо бояд гапи ростро гуфта, мардумро тарбия кунем. Чӣ хеле, ки набошад, ҳар як барномае, ки мо таҳия мекардем, ба дили мухлисон роҳ ёфта, маҳбуб мешуд. Ҳоло ҳам дар бораи ин барномаҳо аз ман суол мекунанд, вале…

Ба мединститут ҳуҷҷат супорида, сароянда шудам

-Гуфтед, ки бештари занони санъаткор дар ҳаёти оилавӣ хушбахт нестанд. Сарнавишти худи шумо чӣ гуна сурат гирифт?

-Хушбахтона, ман шавҳари санъаткор дорам. Эшон маро, касби маро дарк мекунанд. Мо соҳиби се фарзанд ҳастем. Ҳоло шавҳарам ҳамкорам мебошанд. Медонед, барои зан – санъаткор хеле душвор аст. Санъат талаботҳои сангин дорад, фидоӣ буданро тақозо менамояд. Ҳама розӣ намешаванд, ки ҳамсарашон ё фарзандашон ба ин роҳ равад.

-Аммо падару модари шумо розӣ шуданд?

-Падару модари ман дар ибтидо умуман розӣ набуданд. Ман аз 15 солагӣ рӯйи саҳна ҳастам. Дар чорабиниҳои мухталиф баромад мекардам. Чандин маротиба Лауреати «Бӯстон» шудам. Он солҳо Меҳрубон Назаров вазири маданияти Тоҷикистон буданд. Соли 1980 вақте мактаби миёнаро хатм кардам, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи тиббии Одесса супоридам, аммо номи ман ҳамчун Лауреати чандин чорабиниҳо дар рӯйхати вазорат буд ва маро ҳамчун кадри оянда дар Институти санъат интизор буданд. Ҳамон соле, ки ман хатм кардам, Меҳрубон Назаров ректори Институт шуданду Султон Мирзошоев вазири маданият. Вақте рӯйхати довталабонро дида, номи маро намеёбанд, ин ду бузургмард ба кофтукови ман мебароянд. Падарамро ба район даъват карда, маро суроғ мекунанд. Он кас посух медиҳанд, ки духтари ман бо хоҳиши худаш ба мединститут ҳуҷҷат супорид.

Як рӯз аз консултатсияи имтиҳони дуввум мебаромадам, ки як мошин дар наздам истода, аз дохилаш як кас фарёд кард:

-Эй духтари регарӣ. Ту дар куҷо мегардӣ?

Бинам, Меҳрубон Назарович. Он кас бо ман дурудароз суҳбат карда, талқин мекарданд, ки ҳуҷҷатҳоямро ба Институти санъат супорам, аммо ман аз тарси падар розӣ намешудам. Хулоса, он кас апаамро, ки дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил мекард, ҷеғ зада, суҳбат мекунанд. Ҳамин тавр, апаам розӣ шуд. Мо ҳарду пинҳонӣ аз падару модарам ҳуҷҷатҳоро аз мединститут гирифта, ба Институти санъат супоридем. Хулоса, имтиҳон тамом шуду ман дохил шудам. Баъди ин ба хона рафтем. Падарам хурсанд: «Духтари ман ба Одесса дохил шудааст, духтури зур мешавад»-гуфта, ифтихор мекунанд. Модарам ош пухта, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷад. Ба сари дег рафтему апаам гуфт:

-Бува,-мо чунин муроҷиат мекардем ба модарамон, - мо як кор кардем.

-Чӣ кор?

-Ҳаётой ба мединститут дохил нашуд. Ин ба Институти санъат ҳуҷҷат супорид.

Модарам бо оташкоб ба тахтапуштам чунон заданд, ки дар ҷоям нишастам. Апаам гурехт, ман бошам, зор-зор мегиристам. Тағоям ин хабарро ба падарам расонданд. Падарам маро наздашон ҷеғ заданд. Ларзида-ларзида рафтам. Он кас аз ман пурсиданд:

-Ту ҳоло зебо, ҷавон, дар район касе нест, бинобар ин, ба ту қарсак мезананд. Ҳамаи ин гузарад чӣ? Муваффақ нашавӣ, чӣ кор мекунӣ?

-Муаллим мешавам, - посух додам ман.

Баъдан ба он кас фаҳмондам, ки хатмкунандагони шуъбаи мо метавонанд ҳам санъаткор шаванду ҳам муаллими мусиқӣ. Баъди ин падарам ба ман дуо доданд.

-Вақте муаллима неву маъруф шудед, назари падару модаратон ба эҷодиёти шумо тағйир ёфт?

-Модарам то дер розӣ набуданд. Боре гуфтанд: «То вақте, ки ту шавҳар карда, фарзанддор нашудӣ, аз хаёли ман чиҳое намегузашт. Танҳо баъди он ки фарзандатро ба дастат гирифтӣ, каме ором шудам.»

Як маротибаи дигар гуфтанд: «То замоне, ки ту маъруф нашудиву ба дили мардум роҳ наёфтӣ, ман ба маъракаҳои мардум сарамро баланд карда намедаромадам. Вақте «Модари Ҳаётой омад» мегуфтагӣ шуданд, сарамро бардоштам, аммо ҳамеша метарсидам, ки бигӯянд: «Модари артист омад».

Аз бувам мепусидам, ки магар артистӣ бад аст, магар Барно-ойтӣ Исҳоқова, Шоиста-апа Муллоҷона бад ҳастанд?

Он кас мегуфтанд:

-Ҳама Барно-ойтиву, Шоиста-ойтӣ намешаванд…

Имрӯз гарчанде як зумра падару модарон монеи санъаткор шудани духтаронашон ҳастанд, аммо аксарият тарафдоранд. Падару модарон худашон оварда, ҳуҷҷатҳои духтарашонро ба овозхонӣ месупоранд. Ин хеле хуб аст.

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ. Кош ҳамаи монеаҳо аз роҳи шумо бардошта шавад ва солҳои тӯлонӣ шуморо дар саҳна бубинем.

 

Мусоҳиб ОДИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД