Мегӯянд, ки бо ҷоду пеши роҳи бахт ва кори инсонро баста, ҳатто ӯро ба марг расонидан мумкин аст. Ин гапҳо ягон асос доранд? Аз рӯйи кадом нишонаҳо фаҳмидан мумкин аст, ки одамро ҷоду кардаанд?
З, хонандаи “Оила”.
Посух
Сеҳру ҷоду дар ҳақиқат ба саломатию ҳаёти инсон таъсир мерасонад.Ҷодушуда будани шахсро аз рӯйи ин нишонаҳо фаҳмидан мумкин аст: сардарди ҳамешагӣ, бозмондан аз зикри Худо, парешонфикрӣ, танбалӣ, дард кардани аъзои бадан аз қабили дил, сар, дасту по, ки табибон онро ташхис ва табобат карда наметавонанд. Ҷодушудагонро танҳо бо оятҳои қуръонӣ муолиҷа карда мешавад.