Дар маркази пойтахт, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ тақрибан соатҳои 12:30-и рӯзи гузашта бо мӯйсафеди солхӯрдае, ки дар ҳавои сарду боронӣ бе чатр гаштугузор намуда, гадоӣ мекард, рӯ ба рӯ шудем.
Хабарнигори сомонаи Oila.tj Наврӯзмоҳ Вазирбекова кайҳо боз мавзӯи сабаби ба талбандагӣ рӯ овардани баъзе шаҳрвандонро таҳқиқ карда истодааст, бинобар ин, аз фурсат истифода бурда бо ин мӯйсафеди гадо ҳамсӯҳбат гашт. Дар ин мусоҳибаи сарироҳӣ гадо ба саволи “Чаро ба талбандагӣ машғулед?” ҷавобе дод, ки бо шуниданаш ҳуш аз сари кас мепарад...