Мардуми тоҷик ҳар гоҳ ба касе дуои нек доданӣ шаванд, даст сӯйи осмон бардошта мегӯянд: Худо дар пирӣ хору зорат накунад, омин!
Ин гуфтаҳо як ҷаҳон маънӣ доранд, зеро маҳз дар дами пирӣ инсон ба ғамхорӣ, кӯмак ва дастгирӣ ниёз пайдо мекунад. Даҳшат аст, вақте ки кас дар айёми пирӣ тани танҳо ва бе ёру ёвару бе такягоҳ мемонад. Далели равшани ин гуфтаҳо сарнавишти талхи бобои Абдуҷаббор аст, ки дар аёми пирӣ ба кӯйи оворагию гадоӣ афтодааст.
Чашмони оҷизаш қудрати дидани дунёи равшанро надоранд, аммо ба ин нигоҳ накарда, ҳар пагоҳӣ бобои Абдуҷаббор кулбори ғам бар дӯш роҳи бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷандро пеш мегирад. Фарзанди нолахаф ва тақдири бераҳм ӯро мӯҳтоҷу гадои бозор гардонидааст. Саломат Нишонова ном зани меҳрубон аз баҳри савоб дасти ин мӯйсафеди кӯрро гирифта, ӯро дар ҷойҳои сеородам мегардонад ва бобои Абдуҷаббор “консерти кӯчагӣ” дода, ризку рӯзиашро меёбад. Сурудҳои пур аз дарду ғами ин мӯйсафеди нобино роҳгузаронро ба риққат меорад. Дили баъзеҳо сӯхта як сум ним сум хайр мекунанд, иддаи дигар танҳо сар ҷунбонда аз наздаш бепарво гузашта мераванд.
“Ҳар гоҳ суруд хонам, дардҳои дилам тоза мешаванд ва чашмонам ҳавзи об мегарданд. Мардум бо чашми гирён ва садои пурдард суруд хондани маро дида, баробарам гиря мекунанд ва ба қадри тавонашон ёрӣ мерасонанд”-мегӯяд бобои Абдуҷаббор.
Аксаран одамони бефарзанд дар пирӣ хору зор шуда, гадоӣ мекунанд, вале бобои Абдуҷабборро фарзанди нохалаф ба чунин ҳол расондааст. Аслан, вай бехонаву дар набуд, аммо писари дуюмаш чаҳор маротиба даст ба ҷиноят зада, падарро ҳам аз манзили зист ва ҳам аз нӯри чашм маҳрум намуд. Фарзанд гуфта ҳам хонаашро аз даст доду ҳам биноию саломатиашро, акнун бо чашми нобино овораю сарсон мегардад.
“480-сомонӣ нафақа ва кӯмакпулӣ мегираму ба болояш 20- сомонии дигар илова карда, ҳар моҳ 500 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳам. Пули обу барқ, партов ва хӯрокро бо талбандагӣ ҷамъ мекунам. Бори 11-ум аст, ки иҷорахонаамро иваз мекунам. Аксар вақт бо сабаби дер додани пули иҷора соҳибони хона маро пеш мекунанд”-бо ҳасрат қисса мекунад мӯйсафед ва лаб газида меафзояд,-Худо ягон бандаи мӯминро дар сари пирӣ ба мисли ман хору зор насозад!
Фарзона Муродӣ
Р/С
Шахсони хайрхоҳе, ки мехоҳанд ба Абдуҷаббор Абдуллоев кӯмак расонанд, метавонанд ба ин рақамҳо занг зананд: (92) 810- 06-36