Фараҳманд Каримов яке аз чеҳраҳои намоёну муваффақи мусиқии попи тоҷик аст. Ин сарояндаи ҷавон солҳост, ки бо офаридани таронаҳои ҷаззобу дилнишин таваҷҷуҳи зиёди мухлисони савту наворо ҷалб кардааст. Хабарнигори мо ин овозхони маҳбуб атрофи фаъолияти эҷодӣ, вазъи шоу-бизнеси тоҷик, сюрпризҳои навбатӣ ва таронаву намоҳангҳои наваш гуфтугӯ кард.
- Бештари мухлисонатон бар он назаранд, ки дуэти "Оҳанги дили зори ман" шуморо байни ҳаводорони савту наво маҳбубу маъруф кард. Шумо чӣ назар доред?
- Шояд чунин бошад. Дар зиндагии инсон воқеаҳое рух медиҳанд, ки интизораш нестед. Ростӣ мо ҳам вақте бо сарояндаи маҳбуб Исмоилҷон Исмоилов ин таронаро сароидем бовар надоштем, ки ин қадар миёни дӯстдорони савту наво маҳбубият пайдо мекунад. Фикр мекунам таронаи "Оҳанги дили зори ман" имрӯзҳо низ оҳанги дили ҳазорҳо ошиқ аст. Зеро дар консерт, тӯю маърака ё ягон чорабинӣ мухлисон бештар ҳамин таронаро хоҳиш мекунанд, ки сароем.
- Солҳои охир барои таронаҳоятон намоҳангҳое ба навор мегиред, ки хаёли касро ба давраҳои гузашта мебарад. Ғояи пешниҳоди чунин намоҳанг чӣ гуна пайдо шуд.
- Мо кушиш кардем дар намоҳанги таронаҳоямон лаҳзаҳои гузаштаро ба ёд орем. Масалан дар замони Шӯравӣ мардум чихел либосҳо мепӯшиданд? Атласу адраси зебо, тоқиҳои гуногуни миллӣ, хонаҳои мунаққашу ғайриодӣ ва ғайра. Мо дар ҳар намоҳанги худ ҳаракат мекунем анъанаҳои қадимаи халқамонро ҳифз карда ба ҷаҳониён нишон диҳем. Албатта ҳар лаҳзаи зиндагии инсон гуворову фаромӯшнашванда аст. Лекин ягон давраи умр мисли бачагӣ хотирмону беғашу ширин нест. Дар таронаи "Бачагӣ" мо кӯшиш кардем, ҳамон давраи ширинро ба мардум тавассути намоҳангу суруд нишон диҳем. Ё таронаи дигарамон "Лейла" низ ин унсурҳо ба назар мерасанд.
- Аз таърихчаи таронаи "Паймони мо", ки нишонаи ҳамдиливу ҳампаймонии халқҳои тоҷику эрон аст, каме ҳарф занед.
- Ин тарона пас аз сафари расми президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон суруда шуд. Мо аз мулоқоти самимии сарони ду кишвар ва боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои илмӣ ва фарҳангиву сиёсии халқҳои тоҷику эрон илҳом гирифта ин таронаро сароидем. Суруди "Паймони мо" инъикосгари муносибатҳои гарму самимии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар аст. Ин тарона дар якчанд шабакаҳои телевизионии Эрон низ пахш шуд ва аз ҷониби халқҳои тоҷику эрон хуш истиқбол гирифт. Матни суруд ба қалами шоираи азизи мо Шоираи Раҳимҷон ва оҳангаш ба Зайниддин Каримов тааллуқ дорад, ки дар зер чор мисраашро меорам.
Тикаи нони Самарқандист андар хони мо,
Гуфтугӯ ширинтар аз қанд аст дар Эрони мо.
Риштаҳои меҳр бастам риштаҳо занҷир шуд,
Ришта кӯҳе аз набованд аст дар паймони мо.
- Шумо хизмати ҳарбиро низ сарбаландона тамом кардед. Як соли хизмати ҳарбӣ ба Шумо чӣ дод?
- Як соли хизмати ҳарбӣ ба ман ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, матонат, устуворӣ далерӣ, нотарсӣ, ғаюрӣ, чолокӣ омӯхт. Воқеан инсон дар хизмати ҳарбӣ ҷисману рӯҳану равонан такмилу тақвият меёбад. Ниҳоят лаҳзаҳои беҳтарини зиндагиям буд. Ҳар як лаҳза, ҳар як соате, ки дар хизмати ҳарбӣ гузашт бароям азизу фаромӯшнашаванда аст. Фикр мекунам хушбахт касест, ки барои ҳимояи Ватани азизаш хизмат карда бошад.
- Таронаи "Сарбози ишқ", ки байни сарбозон ин қадар маҳбубият дорад кай эҷод шуд?
- Ҳанӯз дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар будам, ки ғояи чунин таронае дар сарам чарх мезад. Баъди адои хизмати ҳарбӣ таронаи "Сарбози ишқ"-ро сароидам. Сипас, бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ таронаи наве бо номи "Генералҳо" ҳамчун рамзи эҳтирому сипос ба ҳимоятгарони Ватан сурудем. Матни тарона ба шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор ва оҳангаш ба Убайдуллои Каромат тааллуқ дорад.
- Сарояндаи маҳбуб Чоршанбе Аловатов эълон кард, ки ба ҳаводорони санъат сурудхониву мусиқинавозиро меомӯзад. Шумо ҳам чунин нақша доред?
- Ростӣ ҳоло ман худро шогирд меҳисобам ва ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯву омӯзиш ҳастам. Бо гузашти солҳо, ки ба дараҷаи устоди расидам, албатта шогирд мегирам.
- Айни ҳол дар куҷо фаъолият доред?
- Ҳоло дар ягон ансамбли мусиқӣ аъзо нестам. Лекин пайваста дар чорабиниҳои ҳукуматӣ иштирок карда, тарона месароям. Алҳол дар ихтисоси овозхонии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе таҳсил дорам. Ихтисоси аввалинам иқтисодчӣ буд.
- Баъзе сарояндагони мо имрӯзҳо бренди махсуси худро доранд. Масалан маводҳои ороишоти "Меру" аз Меҳрнигори Рустам ва атри "Шабнами Сураё" аз Шабнами Сураё Фараҳманд ҳам ягон бренд доранд?
- Бренди ман мухлисони азизу ба дил наздики мананд. Ҳоло дар бораи таъсиси ягон бренди тиҷоратӣ фикр накардаам. Ростӣ барои ин вақт надорам. Зеро ҳамеша кӯшиш мекунам барои мухлисони арҷманд таронаҳои пурҷоизиба, намоҳангҳои ҷолиб ва консертҳои пур аз навгонӣ пешниҳод намоям.
- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
- Мехоҳам таронаҳое сароям, ки мондагор бошад. Ҳамзамон намоҳангҳое ба навор гирем, ки хусусияти тарбиявӣ ахлоқӣ дошта дар он унсури фарҳанги қадима, либосҳои миллӣ, урфу одати халқ инъикос ёбад. Клиптаронаҳои моро миллионҳо нафар тамошо мекунад, ба ин минвол мо ба миллионҳо нафар фарҳанги бузурги худро нишон дода метавонем.
- Дар охир чӣ гуфтанӣ доред?
- Илоҳо сулҳу суботи кишвари азизамон ҳамеша пойдор монад. Мухлисони азизамон ҳамеша саломат бошанд. Мо бо пешниҳоди беҳтарину қашангтарин оҳангу таронаҳо ҳамеша дар хизмати халқи азиз бошем.
- Ташаккур барои суҳбат. Ба Шумо барору комёбӣ таманно дорем.
- Саломат бошед!
Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ