“Хостгорӣ”, ки дар забони арабӣ ба он “хитба” гуфта мешавад, ба маънои “изҳори рағбат ба издивоҷ бо зани муайян ва огоҳ сохтани ӯ ë огоҳ сохтани валияш аз ин рағбати мард” аст.
Баъзан мард шахсан ин рағбаташро ба зан мерасонад ва баъзан касе аз аҳли хонаводаашро ба хонаи он зан мефиристад. Албатта, анъана ва урфи мардум дар ин бора аз ҳам фарқ дорад ва истифода аз ҳар ду шева ҳам раво аст.
Агар тарафи духтардор ба талаби хостгор мувофиқат карда, розигӣ диҳанд, хостгорӣ комил мегардад ва аз рӯйи урфи мардуми тоҷик, онҳо бо ҳамдигар фотиҳа шуда, баъзе аз аҳкому осори шаръӣ ба вуҷуд меояд, ки поëнтар дар ин бобат маълумот хоҳем дод.
Ҳикмати машрӯияти хостгорӣ:
Фуқаҳо ҳукми хостгориро мустаҳаб мегӯянд. Ҳикмат аз хостгорӣ он аст, ки аз ин роҳ ба духтар ва хонаводаи ӯ фурсат дода мешавад, то оиди писар, диëнат ва ахлоқи вай ошноӣ ва маълумоти бештар ба даст оранд. Ҳамчунин писар метавонад бо истифода аз ин фурсат бо духтар ва аҳли хонаводаи ӯ аз наздик шинос шавад. Хусусан, бо фиристодани чанд зан аз хонаводааш барои гирифтани маълумоти зиëдтар доир ба он духтар ва хонаводаи ӯ имкони зиëдтар дорад.
Машварат қабл аз хостгорӣ:
Яке аз роҳҳои дигаре, ки духтар ва писар бо истифода аз он имкони беҳтар шинохтани якдигарро доранд, машварат пурсидан аз касоне аст, ки онҳоро мешиносанд. Ин кори эшон аз лиҳози шариат боке надорад, баръакс, яке аз ҳадафҳои ақди никоҳ, ки бунëди ҳаëти оилавӣ бар асоси муҳаббати тарафайн ва идома ëфтани он аст, бо чунин роҳҳои шиносоӣ беҳтар ва бештар ҳосил мегардад.
Вақте Фотимаи духтари Қайс аз ҷониби шавҳари якумаш, Абӯамри писари Ҳафс (р) талоқ шуд, баъди гузаштани иддаш аз байни саҳобагон Муовия ибни Абӯсуфëн (р) ва Абӯҷаҳм ибни Ҳузайфа (р) ӯро хостгорӣ карданд. Фотима (р) назди Паëмбар (с) омад ва аз он кас оиди хостгорҳо машварат пурсид. Паëмбар (с) ба ӯ машварат доданд, ки бо Усома ибни Зайд (р) издивоҷ кунад. (Ривояти Муслим, Абӯдовуд, Ибни Ҳиббон ва Ҳоким).
Лозим ба ëдоварист, ки агар аз касе дар чунин мавридҳо машварат пурсида шавад, бар зиммаи ӯ аз нигоҳи шариат воҷиб аст, ки ҳар чи дар бораи духтар ва хонаводааш ë писар ва хонаводааш медонад, бигӯяд ва чизеро пинҳон накунад. Дар ривояти қаблан зикршуда Паëмбар (с) дар ҷавоб ба машварати Фотимаи духтар Қайс (р) сифати ҳар якеи хостгор-ҳоро баëн намуданд. Он Ҳазрат (с) дар бораи Абӯҷаҳм ибни Ҳузайфа (р) “Аммо Абӯҷаҳм, асои худро аз китфаш намегузорад” ва дар бораи Муовия (р) “Аммо Муовия бошад, шахси фақир аст” гуфтанд.
Ҷумлаи "асои худро аз китфаш намегузорад" киноя аз он аст, ки занонашро бисëр мезанад. Ин маъно дар дигар ривоят омадааст. Баъзе аз олимон ин суханро ба маънои бисёр сафар кардани Абӯҷаҳм (р) низ шарҳ додаанд.
Донишмандон зикри айби духтар ë писарро дар ин гуна мавридҳо ғайбат намеҳисобанд. Балки бар шахси машваратдиҳанда шарту зарур аст, ки бо мақсади насиҳат ва хайрхоҳӣ нисбати мусалмоне ҳар чи оиди писару хонаводааш ë духтару хонаводааш донад, дар миëн гузорад. Вале набояд мақсади машваратдиҳанда бадгӯӣ ва рехтани обрӯи духтару хонаводааш ë писару хонаводааш бошад. Бо қасди бадгӯӣ ва рехтани обрӯ машварат додан ба касе гуноҳ аст. Аз ин сабаб, Имом Ғазолӣ (р) мегӯяд: “Агар бо гуфтани ин ки “Он духтар лоиқи ту нест” ë “Он писар лоиқи ту нест” мақсад ҳосил шавад, бояд ба ҳамин андоза иктифо кунад. Лекин агар шахси машваратхоста танҳо бо зикри ошкорои айби тарафи дигар қонеъ гардад, дар ин ҳолат метавонад айби ӯро ошкоро бигӯяд”.
Имом Нававӣ (р) низ таъкид мекунад, ки агар фақат бо гуфтани ин ки “Фалонӣ шоистаи ту нест” мақсад ҳосил гардад, аз ин бештар чизе гуфтан ҷоиз нест.
Ин таъкидҳо аз сӯи олимон бо ҳадафи пешгирӣ аз ғайбат мебошад.