Шаҳрванди Уругвай Уилямс Мартин Санчес Лопес, ки дар Милан зиндагӣ мекунад, ба Китоби рекордҳои Гиннес бо маҳорати ғайриоддии худ дохил шуд. Уилямс чашмонашро то 1,88 см аз мадор берун кашид.
Ба гуфтаи ин ҷавони 28-сола, ӯ қобилияти худро ҳанӯз дар кӯдакӣ эҳсос кардааст. Вақте тақрибан 8-9 сол дошт, фаҳмид, ки метавонад мушакҳои атрофи чашмро нарм кунад ва чашмонашро берун кашад. Бо гузашти вақт маҳорати худро сайқал дода, бо ин истеъдоди ғайриоддӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маъруфият пайдо кардааст. Наворҳои намоишҳояш ҳазорон бинанда доранд.
Бо вуҷуди ин истеъдоди ғайриоддӣ, Уилямс таъкид мекунад, ки аз зиндагӣ лаззат мебарад ва мехоҳад бо амалҳои худ дигаронро хушнуд гардонад.