Formula novemver 2024
Каждумкелин
4478

Қиссаи падари писаркуш, тифли дуздидашуда, тӯйи бе доира ва сарсониҳои модари зор

Алкаш
Меҳрӣ дар оилаашон фарзанди кенҷагӣ ба ҳисоб мерафт. Падараш Маҳмуд ҷавонмарди зебои чорпаҳлӯ бошад ҳам, ишқи маю шароб ӯро аз кӯчаи одамгарӣ бароварда буд. Аз рӯйи майзадагӣ панҷ маротиба хонавайрон гашта бошад ҳам, ақлаш ҳеҷ ба сараш намезад. Занҳояш аз ҷангу ҷанҷол ва мушту лагади ин алкаш ба ҷон расида, баъди як-ду соли зиндагӣ додгӯён баромада мерафтанд, танҳо модари сарсахти Меҳрӣ ба тақдираш тан дода, аз ин марди майхора шаш фарзанд ба дунё овард. Мавзуна умед дошт, ки тавлиди фарзанд муносибати шавҳарашро ба зиндагӣ дигар мекунад ва одатҳои бадашро партофта, аз паси зиндагӣ хоҳад шуд, аммо хаёлаш хом баромад...

Падари фарзандкуш
Худованд ба Мавзунаи ҷавону зебо аз шавҳари майзадааш якбора ду шоҳписари дугоник дод. Ҳасану Ҳусейн чунон зебо буданд, ки одами дидагӣ ҳавасашонро мехӯрд. Дунё дар назари Мавзуна баъди тавлиди дугоникҳояш рангу бӯйи дигар гирифт. Акнун ӯ худро хушбахттарин зани дунё эҳсос менамуд, аммо хушбахтиаш дер напоид. Як рӯзи наҳс шавҳараш боз ба хона масту аласт баргашта, Мавзунаи бечораро зери мушту лагад гирифт. Ҳамсояҳо ӯро аз чанголи шавҳари бадмасташ базӯр халос карданд. Маҳмуд баъди ҷангу ҷанҷоли зиёд хаста шуда, худро болои кӯрпача партофт ва дере нагузашта, хобаш бурда монд. Мавзуна Ҳасан ва Ҳусейни шашмоҳаро дар гаҳвора баст ва сару рӯйи сиёҳу кабудашро бо рӯймол печида ба лаби чашма барои об рафт. Баъди рафтани ӯ тифлакон бедор шуда, бо тамоми овоз ғаш мекунанд. Маҳмуди маст аз садои гиряи фарзандонаш бедор шуда, чанд бор Мавзунаро садо мекунад, вале ҷавобе намешунавад. Вай гумон мекунад, ки занаш қаҳр карда, кӯдаконро ба ӯ партофта, ба хонаи модараш рафтааст ва “сағераҳои бесоҳиб, даматонро гиред, ки сарам мекафад” гӯён, дугоникҳоро аз гаҳвора кушода, бо ғазаб ба рӯйи ҳавлӣ мепартояд. Ду тифлаки бегуноҳ баробари ба замин задан садои талхе бароварданд. Маҳмуди мастро ин садо якбора ҳушёр кард. Вай аз кори кардааш сахт пушаймон шуда, ҷонҳавл ба сӯйи кӯдаконаш давид ва Ҳасану Ҳусейнро аз замин бардошт, аммо аз даҳони ҳарду тифли бегуноҳ хун шорида, дигар на чашмонашонро мекушоданду на нафас мекашиданд. Падари фарзандкуш чӣ кор карданашро надониста, мӯйҳои сарашро қабза-қабза меканд ва бо тамоми овоз дод мегуфт.
Ҳамин лаҳза Мавзуна бо сатилҳои пуроб аз дарвоза даромад ва бо дидани ин манзараи даҳшатангез ҳуш аз сараш парид. Вай осемасар сатилҳоро партофта ба сӯйи шавҳари гирёнаш давид ва бо гумони он ки шояд кӯдаконро шайтонламиш гирифта бошад, Ҳасанро аз бағали Маҳмуд кашида гирифт. Лабу даҳони кӯдак пур аз хун буд. Шикастани маки гардани писарчаашро дида, пай бурд, ки аллакай писарчааш мурдааст ва ҳаросон ба Ҳусейн дида духт. Охирин шуълаи умед бо дидани Ҳусейни кайҳо мурда дар дили модари зор хомӯш гашт ва сарашро ба девор зада, зор-зор ба нола кардан даромад, аммо тақдири шумро ба ҳоли зори ин зани дар зиндагӣ танҳо ранҷу азоб дида, заррае раҳм набуд ....

Боз дугоник
Мавзуна як соли дароз дар ғами Ҳасану Ҳусейнаш он қадар сӯхту нола кард, ки дили сангҳои хоро низ аз оби дидаи ӯ об шуда рафт. Худовандро ба ҳоли зори ин модари ҷигарсӯхта раҳм омад ва ба ӯ боз ду фарзанди дугоник дод. Духтарчаҳояш Нилгуну Нигина мисли як себи дукафон ба ҳамдигар монанд буданд. Доғи марги фоҷиавии Ҳасану Ҳусейн аз дасти падар дар ҷигараш абадӣ боқӣ монда бошад ҳам, баъди тавлиди Нилгуну Нигина Мавзуна каме ба худ омад ва боз аз паси зиндагии нобасомонаш шуд. Шавҳараш ҳамоно шароб нӯшида, маймунбозӣ мекард, вале Мавзуна аллакай ба бадмастии Маҳмуд одат карда буд ва дигар ба ӯ чандон аҳамият намедод...

Ғам дар дилу...
Дар сесолагии Нилгун ва Нигин Меҳрӣ боз дугоник таваллуд кард. Ин дафъа дугоникҳо як духтару як писар буданд. Кӯдакон сиҳату саломат ба дунё омада бошанд ҳам, баъди як рӯз ба Мавзуна гуфтанд, ки писарчааш мурдааст. Кӯдаки мурдае, ки ба ӯ доданд, бисёр калон, қариб панҷ кило буд. Мавзуна пай бурд, ки тифлаки ӯро бо дигар кӯдак иваз кардаанд, вале ҳарчанд кӯшиш карда бошад ҳам, чизеро исбот карда натавониста, ғам дар дилу нам дар чашм духтарчаашро гирифта ба хона омад...

Заҳр дар шишаи шароб
Мавзуна духтарчаашро Меҳрӣ ном ниҳод, то ки бо пою қадами ин тифлаки бегуноҳ меҳру муҳаббат дар хонадонаш афзун гашта, ғаму дард абадан аз манзилаш кӯч бандад, аммо ҳанӯз чилаш набаромада шавҳараш аз олам гузашт. Маҳмуд шароби зиёд нӯшад ҳам, табиатан марди корчаллон буд. Душманонаш роҳи дигари аз байн бурдани ӯро наёфта, дар ҷоми шароб заҳр андохтанд. Заҳри қотил ҷигари бе ин ҳам аз таъсири арақ афгори Маҳмудро зада пора-пора кард. Шавҳараш як ҳафта дар беморхона фақат хун партофта, бо азобҳои алим ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурду Мавзунаро бо се тифлаки хурдсол дар миёни печидароҳи зиндагӣ танҳои танҳо гузошт...

Ҳамлаи саги девона
Баъди марги шавҳараш Мавзуна фарзандонашро бо ранҷу азобҳои зиёд ба воя мерасонад. Марги фоҷиавии Ҳасану Ҳусейн, аз даст додани писарчаи навзод ва пора-пора гаштани ҷигари шавҳараш магар кам буд, ки тақдири бераҳм Мавзунаи бечора боз имтиҳон намуд. Духтарчааш Нилгун як бегоҳ ба кӯча бозикунӣ баромада, якбора дучори ҳамлаи саги девона гашт. Саги аз занҷир канда бо як ҳамла кӯдакро ба замин афтонда, чанд ҷойи баданашро канда гирифт. Нилгуни 10-сола аз тарс аз ҳуш рафт. Мавзуна бо мошини ҳамсоя гирёну нолон духтарчаашро ба духтурхона бурд. Табибон муддати чил рӯз Нилгунро табобат карда, ҷонашро аз панҷаи марг наҷот доданд, аммо кӯдак аз тарс ба бемории руҳӣ гирифтор шуда, девонаавзоъ шуда монд...

Нозанинҳои серхаридор
Солҳо турнасон гузаштанду Мавзуна бо ранҷу азоб фарзандонашро ба воя расонд. Духтараконаш мисли гул зебо, ҳунарманд, бофаросат ва сархаму покдомон буданд. Зиндагиашон хоксорона бошад ҳам, таърифи ҳусну ҷамол ва ақлу тамизи духтарҳои нозанинаш дар гирду атроф паҳн шуда буд. Хостгорон тез-тез дари хонаи ӯро мекӯфтанд, вале Мавзуна бо баҳонаҳои гуногун хоҳиши онҳоро рад мекард, зеро метарсид, ки баъди ба шавҳар додани духтарҳояш танҳо монда, азоб мекашад.

Тӯйи Нигинаю азобҳои Меҳрӣ
Апаи калонии Мавзуна-Сабоҳат дар шаҳр зиндагӣ мекард ва дар бисоташ ҳамагӣ як писар дошт. Вақте ки Сабоҳат барои писараш Комрон Нигинро талабгор шуда хостгорӣ омад, Мавзуна ба рӯйи апааш по монда натавониста розигӣ дод. Холааш барои Нигинаи мисли парӣ зебо сару пойи қиматбаҳо овард ва ба сараш тӯри арӯсӣ партофта, бо карнаю сурнай ва тӯю тамошо келинашро ба шаҳр бурд.
Духтари хурдии Мавзуна-Меҳрӣ дониши хуб дошт ва бисёр мехост пас аз хатми мактаб ба ягон донишгоҳ ё донишкадаи олӣ дохил шуда, духтур шавад, аммо ба шавҳар баромадани апааш орзуҳои ӯро ба хоки сиёҳ яксон намуд. Баъди шавҳар кардани духтараш Нигина кашидани бори гарони зиндагӣ барои Мавзуна душворӣ кард ва ӯ маҷбур шуд, ки духтари хурдиаш Меҳриро дар колхоз ба кор монад. Меҳрии бечора ба хотири модари ранҷкашида ва апаи бемораш Нилгун аз баҳри таҳсил гузашта, ҳар саҳар каланд сари китф ба кори колхоз мерафт...

Макри марди зандор
Икром ном марди зандор аз рӯзҳои аввали ба кори колхоз баомаданаш ба Меҳрии ҷавон ва мисли ғунчаи гули садбарг зебо чашм ало карда, мисли анкабут дар атрофи ӯ тор танида мегашт. Меҳрии ҳанӯз бе таҷриба ва хом аввалҳо меҳрубониҳои ин марди соҳиби зану фарзандро муҳаббати бародарона мепиндошт, чунки Икром хеши дури падараш буд. Бо баҳонаи хешу таборӣ ба духтарак наздик шуда, билохира ин марди айёр Меҳиро ба домаш афтонд ва ба гӯшаш афсонаҳои зиёде хонда, номуси ӯро доғдор кард...

Идомаашро фардо соати 22:00 интизор бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД