1xbet
Исқоти ҳамл кай раво ва дар кадом ҳолат гуноҳ аст?
20.07.2025
Oila.tj
82

Ман духтури бемориҳои занона ҳастам ва дар таваллудхона кор мекунам. Ҳамарӯза занони зиёде барои исқоти ҳамл намудан ба мо муроҷиат мекунанд. Оё исқот гуноҳ аст? Хоҳиш мекунам, ба саволам посух диҳед, ки қалбам ором шавад.

С., духтури амрози занона

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Исқоти ҳамл аз нигоҳи дини мубини ислом дуруст нест, зеро шариат ҳатто зоеъ кардани нутфаро ҷоиз намешуморад. Инсон молики ҷисми худ нест ва ҳақи қатъ намудани як узви худ ва ихтиёри қатли худро надорад. Аз ин ҷиҳат, агар фарде ин амалро ба фарди дигаре анҷом диҳад, шариат онро гуноҳ мешуморад. Дар масъалаи исқот, агар дар ҳамл аломати ҳаёт эҳсос шавад, зоеъ намудани он ҳаром аст, агар қабл аз намоён шудани ҳаёт зоеъ шавад, боз ҳам ноҷоиз аст, зеро як ҳиссаи ҷисми он зан пиндошта мешавад, ки қатъ намудани он ҷоиз нест. Танҳо дар ҳолати зарурат, агар ҳомилагӣ ба ҳаёти модар хатари ҷиддӣ дошта бошад, исқоти он ҷоиз аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД