arzon replenishment
Каждумкелин (қисми 2)
3791

 

Бо баҳонаи хешу таборӣ ба духтарак наздик шуда, билохира ин марди айёр Меҳриро ба домаш афтонд ва ба гӯшаш афсонаҳои зиёде хонда, номуси ӯро доғдор кард. Икром ба Меҳрӣ ваъда карда буд, ки талоқи зани касалиашро дода, ӯро ба занӣ мегирад, вале чун духтар ҳомиладор шуд, аз қавлаш гашта гуфт, ки писарчаашро сағира карданӣ нест.

Дар байни обу оташ
Хабари ҳомиладор шудани духтари бе шавҳарашро шунида, осмон гӯё ба сари Мавзунаи бе рӯзӣ чаппагардон шуд. Занаки бечора байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист. Вай аз ғазаб Меҳриро таги по карда, то дилаш хунук шудан зад ва рӯю мӯяшро канда гирифт, вале аз лату кӯби ин духтари беақл ва беандеша дигар ягон мурод ҳосил намешуд. Мавзуна мехост бо чӣ баҳое, ки набошад, тифли шиками Меҳриро гирифта партояд ва духтарашро ба ягон марди занмурда ба шавҳар дода, даҳони мардумро бандад. Бо ҳамин мақсад вай Меҳриро пешандоз карда, ба шаҳр ба хонаи апааш бурд. Рӯзи дигар онҳо дукаса Меҳриро ба назди духтури занона бурданд. Табиб баъди муоина ба Мавзуна рӯ оварда гуфт:
-Кӯдак аллакай қариб шашмоҳа шудааст, агар исқоти ҳамл кунем, духтаратон аз хунравӣ мемурад...

Мавзунаи сарсахт ба хотири бастани даҳони мардум Меҳрии нав ба синни 18 қадам ниҳодаро дар хонаи худаш бо як коса об ҳамчун зани дуюм ба Икром никоҳ карда дод. Азбаски хонаҳояшон наздик буданд, аз байн ду рӯз нагузашта хабари зани дуюм гирифтани шавҳараш ба гӯши зани якуми Икром расид...

Нимаи бахт ва моҷарои палонҷҳо
Зани якуми Икром аз зангирии шавҳараш хабардор шуд ва дасту остин барзада ба сари Меҳрӣ омад. Зани мисли ангишт сиёҳу бузбалаи Икром Меҳрии навчаю нимҷонро дар пеши чашми модараш чунон зад, ки дар баданаш ягон ҷойи обод намонд. Дар як дам ҳавлӣ пур аз тамошобин шуд. Ҳамсояҳо ҳатто ба сари девор баромада, ҷангу занозании ду палонҷро тамошо мекарданд. Кундошаш фоҳишаи кӯчагию беваи шавҳардузд гӯён, бераҳмона рӯю мӯйи Меҳриро меканд, вале модараш ҷуръат намекард, ки тарафи ӯро гирифта ба даҳони бефаровези ин зан занад ё онҳоро халос кунад. Мавзуна аз тарсу шарму ҳаё мисли барги бед дарақ-дарақ ларзида: “духтари беақл, ҳаётатро бо дасти худат сӯхта, ҳам худат ва ҳам маро бе обрӯ кардӣ” гӯён, оби дида мерехт...
Хайрият, ки чанд ҳамсояи хайрхоҳ ба байн даромада онҳоро халос карданд, вагарна Меҳрӣ дар таги пойҳои ғафси зани шаттоҳи Икром ҷон ба ҷонофарин месупурд...

Ашки талхи пушаймонӣ
Аз як бало халос нашуда Мавзуна ба балои дигар гирифтор шуд. Акнун зани якуми Икром рӯз дар миён ба сари духтараш омада, кинои бе пул дода мерафт. Меҳрӣ аз ҷангу ҷанҷол ва рӯканию мӯкании палонҷаш безор шуда, хост гиребони Икромро гирифта, талоқашро талаб кунад, вале модараш садди роҳаш гашт. Мавзуна бо чашмони аз қаҳру ғазаб хунгирифта ба духтараш нигариста гуфт:
-Ҳамааш айби худат, агар ба оғӯши шӯи мардум даромада, шикаматро пур намекардӣ, бо обрӯ шавҳар карда зани занон мешудӣ. Нангу номусатро, ки нигоҳ дошта натавонистӣ, акнун дар таги лагади кундош мурӣ ҳам, нафасатро набароварда гард. Дониста мон духтар, ман барои ту сағирабон нестам, агар аз шавҳарат ҷудо шавӣ, туро оқ мекунам, баъд худат медонию дави аспат, ба куҷое, ки мехоҳӣ, бирав!
Меҳрӣ феъли модараш хуб медонист ва эҳсос намуд, ки агар аз Икром ҷудо шавад, аз хона ронда шуда, як умр рӯйи модар ва хоҳаронашро намебинад, барои ҳамин ба тақдири талхаш тан дода, зиндагии пур аз дарду ғам ва ашку оҳашро идома дод ва соҳиби писар шуд...

Гирудори зиндагӣ
Икром дар ду ҳафта танҳо як ё ду маротиба аз занаш пинҳонӣ ба назди Меҳрӣ меомад ва дар бағалаш чор дона нон ё як-ду кило шакар меовард, вале Мавзуна ба ҳаминаш ҳам шукр мегуфт, ки ҳарчи набошад, дар назди мардум духтараш зани шавҳардор асту касе номашро ба бадӣ ба забон намегирад. Акнун зани якуми Икром низ шояд аз рӯканию мӯканӣ хаста шуда буд, дигар ҳар рӯз ба сари Меҳрӣ намеомад. Вай Меҳриро дар кӯча бинад, ҳақорат мекард ва гапҳои пасту баланд зада, таҳқир мекард, вале дигар дов кашида, ба сари ӯ намеомад, аммо...

Ормони модар
Ҳамин тавр аз байн се сол гузашт. Зоҳиран зиндагии духтараш ба низом даромада бошад ҳам, ҷангу ҷанҷол ба саломатии Мавзуна бе таъсир намонд. Аз пархошу носазогӯиҳои зани якуми Икром дар назди ҳаққу ҳамсояҳо ва нангу номус ба мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта, модари Меҳрӣ оқибат бемор шуд. Мавзуна хуб медонист, ки умри пур аз дарду ғамаш ба поён мерасад, барои ҳамин хост дар зиндагиаш бо дасти худ писари Меҳрӣ-Хуршеди дусоларо хатнасӯр карда, ормон шиканад. “Модараш бе ақлӣ карда, бе чодари арӯсию базму бозӣ, танҳо бо як коса об ба шавҳар баромад, ақаллан набераамро тӯй карда, орзую ҳавасамро шиканам” мегуфт худ ба худ Мавзуна-хола. Вай бо дили лабрези орзую ҳавас гови ҷӯшоӣ ва се бузро бо бузғолаҳояшон ба бозор бурда фурӯхт ва барои хатнатӯйи Хуршедҷон як сандуқ либосу қанду қандалоти бисёре харид, аммо...

Мо дар чӣ хаёлему...
Ба тӯй ҳамагӣ ду рӯзи дигар монда буд. Тамоми хешу таборро хабар карда, ҳавличаи фақиронаашонро ба тартиб дароварданд, хонаҳоро сафед карданд, ҳатто барои тӯй кулчаю ҳалво ҳам пухтанд, вале дидани рӯзи муроди набераи ягонааш ба Мавзуна-хола насиб нагашт...
Ҳамон саҳар Меҳрӣ бо нияти харидани майда-чӯйдаҳои боқимондаи тӯй ба бозор рафта, қарибиҳои нисфирӯзӣ дар обу арақ ғӯта зада, бо сумкаҳои пурбор ба хона баргашт. Одатан Мавзуна-хола субҳи барвақт хеста, хонаю ҳавлиро гул барин тозаю озода мекард ва аз паси пухтани хӯрок мешуд, вале рӯз аз нисф гузашта бошад ҳам, ҳавлӣ ҳанӯз ҷорӯб назада буд.

Ғуссамарг
Меҳрӣ гумон кард, ки модараш нотоб шудааст ва халтаҳои пурборашро болои кати рӯйи ҳавлӣ монда, ба хона даромад, то аз ҳоли ӯ пурсон шавад. Ҷогаҳ ҳанӯз нағундошта, хона бе тартиб, модараш бошад, рӯ ба девор хоб буд. Меҳрӣ чанд бор “очаҷон, чаро то ҳол хобед, магар ягон ҷоятон дард мекунад”, гуфта бошад ҳам, ҷавобе нашунид. Ҳайрон шуда даст ба китфи модар бурд, то ки ӯро бедор кунад, аммо ҷисми Мавзуна-хола аллакай сарду карахт шуда буд. Меҳрӣ ба таҳлука афтида, сари модарро андаке бардошту хост рӯяшро ҷониби худ гардонад. Дасташ ба рухсораи модар афтиду дилаш якбора шуввӣ карда рафт. Рӯйи модараш чунон хунук буд, ки гумон мекардӣ як соли дароз дар яхдон истода бошад. Меҳрии ба даҳшат афтида модарашро сахт-сахт такон дода, бо тамоми овоз дод мезад: “Очаҷон, ба шумо чӣ шуд? Маро натарсонед, илтимос, очаҷон, чашмонатонро кушоед”, аммо дигар аз модар садое намеомад. Мавзуна-холаи номурод тӯйи набераашро надида, дар ҷогаҳи хобаш ҷон ба ҷонофарин супурда буд...

Бе муттако
Меҳрии бе тақдири дилафгор бо нолаи ҷонсӯз ва ашки шашқатор ягона такягоҳаш, модари меҳрубонашро ба хок супурд. Ширинӣ, қанду қандалот ва кулчаҳои барои тӯй пухтаашонро дар маъракаҳои мотамии модараш ба рӯйи дастурхон бароварда, Меҳрӣ “очаҷони номуродам, ягона такягоҳам дар зиндагӣ шумо будед, чаро мани сарсахти бе тақдирро партофта рафтед? Магар тӯй кардани набераи падардори бе падаратон ба шумо душворӣ кард? Акнун мани бадбахт дарду аламҳои диламро ба кӣ мегӯям? Дигар кӣ ба мани аз зиндагӣ наосуда панд дода, дилбардорӣ мекунад? Дигар ба кӣ такя кунам, оча” гӯён, чунон нолаҳои пурсӯз мекард, ки дили санг ҳам об мешуд, аммо тақдирро тадбир карда намешуд...

Макри палонҷ
Икром тамоман парво надошт, ки зану кӯдаконаш чӣ мехӯранд. Баъди сари модар файзу баракат аз хонадони онҳо парида, дигар ҳатто нони серӣ намеёфтанд, ки хӯранд. Пештар апааш Нигина кам-кам ёрӣ мерасонд, вале баъди аз вазифа рафтани шавҳараш дасти ӯ ҳам кӯтоҳ шуда, дигар тамоман имконияти ба онҳо кӯмак расонидан надошт. Меҳрӣ маҷбур шуд, ки духтарчаи шашмоҳааш Ситораро бо хоҳари камақлаш Нилгун ва писарчааш Хуршед танҳо монда, ба кор барояд. Дар хона танҳо мондани фарзандони Меҳриро шунида, палонҷаш қарор дод, ки қасоси бахти дунима шудаашро мегирад. Бо маслиҳати ин зани бераҳм як дугонаи ҷониаш, ки кӯдаконаш дар шашмоҳагӣ худ аз худ якбора ба шайтонламиш гирифтор мешуданд, ба духтарчаи Меҳрӣ дард гузаронд. Вақте ки Меҳрии берӯзӣ хастаю шалпар аз кори саҳро баргашт, духтарчаи гул барин зебояш бо тамоми овоз мегирист.
-Ба ин кӯдак чӣ шуд, охир ҳамин саҳар қиқир-қиқир механдид-ку?! –Пурсид Меҳрӣ аз хоҳараш.
-Намедонам. Ман барои об овардан ба лаби чашма рафта, Хуршедро дар назди гаҳвораи хоҳараш шинондам. Вақте ки об гирифта омадам, ҳамсояи шавҳарат-Шарифа мисли дузд бо чашмони ҳаросон аз хона баромад ва ба пасаш нигоҳ накарда, осемасар баромада рафт. Ҳайрон шуда аз пасаш баромадам, то фаҳмам, ки барои чӣ омаду куҷо меравад, аммо вай “ҳамту, як бор духтарчаи Меҳриро бинам гуфтам” гӯён, ҳатто ба рӯям нигоҳ накарда, шитобон ба хонааш рафт. Ба хона даромада дидам, ки кӯдаки як лаҳза пеш сиҳату хандон мисли мор ба худ печида, гиря карда истодааст,-китф дарҳам кашида гуфт Нилгун.
Меҳрӣ гумон кард, ки кӯдак гурусна шудааст ва зуд синаашро шуста ба даҳони духтарчааш монд, вале тифлаки маъсум пистон ба даҳон нагирифта, ҳамоно бо тамоми овоз дод мегуфт. Бо ягон роҳ кӯдакро ором карда натавониста, Меҳрӣ аз бачаи ҳамсоя хоҳиш кард, ки ӯро бо духтарчааш ба духтур барад, аммо...
Ҳанӯз ба беморхона нарасида, дар нимаи роҳ дар даруни мошин духтарчаи ба мисли фаришта зебояш дар бағали Меҳрӣ ҷон дод...

Идомаашро фардо соати 22 -00 интизор бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД