Салом! Ман як инсони оддӣ ҳастам, мансабу вазифаи баланд надорам, мулло ҳам нестам, вале вақтҳои охир хоб мебинам, ки аз як минбари баланд истода, баромад карда истодааму одамони зиёде ба гапам гӯш дода, маро ҷонибдорӣ мекунанд. Таъбири хобам чӣ бошад?
НАСРУЛЛО, аз ш. Турсунзода
Посух:
- Бародари азиз! Баромад кардан ё вазъ гуфтан дар хоб фоли нек аст. Мард хоб бинад, ки дар сари минбари баланде истода сухан мегӯяд ва мардум бо майли том ба гапаш гӯш карда истодаанд, соҳиби мансаб ва обрӯ гашта дар байни ҷамоат обрӯю эътибор пайдо мекунад. Чунин хоб метавонад нишонаи тақводорӣ низ бошад, шояд бо воситаи чунин хоб худованд шуморо роҳнамоӣ мекунад, ки дигаронро ба роҳи дуруст, яъне худдорӣ намудан аз дуздию ғоратгарӣ, хӯрдани моли кас, некӣ кардан дар ҳақи ятимону бечорагон ҳидоят намоед.