Sebiston new 2024 october
Каждум дар бағал (қисми 4)
20.01.2020
А. Ҳоҷӣ
2923

(Идомааш)
-Муртазо, ман дигар дар ин муҳит зиста наметавонам,-вақти хоб ба шавҳараш ҳасрат кард Садоқат,-Худат як фикр кун, ман дар умрам бо таппӣ хӯрок напухтааму ба зери оташдон ҳезумро чӣ хел мемонанд, намедонам. Аз омаданамон як моҳ гузашт, лекин ягон бор намепурсӣ, ки занак, ту чи ҳол дорӣ. Саҳар барвақт меравию шомгоҳ бармегардӣ. Дар бораи ману фарзандамон ягон зарра фикр намекунӣ...

Муртазо, ки худро дар назди зану фарзандаш воқеан гунаҳгор ҳис мекард, кӯшиш намуд, ки бо суханҳои нарм ҳамсарашро дилбардорӣ кунад:

-Занак, худат гуфта истодаӣ, ки аз омаданамон ҳамагӣ як моҳ гузаштааст. Камтар тоқат кун, оҳиста- оҳиста ба ҳамааш одат мекунӣ, охир ту духтари чаққон ҳастӣ, боварӣ дорам, ки бо таппӣ хӯрок пухтанро ҳам ёд мегирию дар дарё либос шустанро ҳам. Инсон бояд дар ҳар шароит зиндагӣ карданро омӯзад.

-Барои ман ин омӯхтан чӣ лозим? Як умр падару модарам шаҳрӣ буданд. Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз гуфтагӣ барин, ман ҳам бо умед шавҳари шаҳрӣ кардам, ки ба деҳа наравам, аммо бозии тақдир маро ба ин қишлоқи куҳӣ овард. Акнун дар байни чор куҳи ин деҳаи аз оламу одам дурафтода ҳайрону зор монда чӣ кор карданамро намедонам…

-Садоқат, ба ту чӣ шуд? Пештар ба ҳар чиз хӯрдагирӣ намекардӣ-ку?!

-Худро ба нодонӣ назан, аз саҳар то бегоҳ дар мактаб бо талабаҳоят овораӣ мардак, гӯё, ману Иқбол умуман вуҷуд надошта бошем, боз худатро ба нодонӣ зада мепурсӣ, ки ба ту чӣ шуд,-ситеза намуд Садоқат. -Ин хел нагӯй занак, худат нағз медонӣ, ки тую Иқболҷон барои ман дар дунё аз ҳама азизед, вале аз рӯйи вазифаам ман маҷбурам, ки рӯз то бегоҳ дар мактаб бо талабҳо кор кунам. Ту зани бесавод нестӣ, маълумоти олӣ дорӣ, омӯзгорӣ, бояд маро фаҳмӣ, охир бачаҳои синфи ман имсол хатмкунандаанд, онҳо бояд ба имтиҳонҳо хуб тайёрӣ бинанд, то роҳи худро дар зиндагӣ ёфта тавонанд. Тақдири ояндаи ин бачаҳои шӯх ба кори имрӯзаи мо сахт вобаста аст, агар каме бепарвоию беаҳамиятӣ кунем, саводи кофӣ нагирифта дар миёни чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон мемонанд…

-Магар тайёр кардани дастаи ҳаваскорони мактаб ҳам вазифаи ту аст?!-Сухани шавҳарашро бурид Садоқат.

Муртазо суп-сурх шуд ва пас аз камтар вақт худро ба даст гирифта гуфт:

-Муаллими суруд бемор будааст, директор хоҳиш кард, ки ҳаваскорони мактабро ба фестивали ноҳиявӣ тайёр кунам. Ба ту кӣ гуфт?

-Кӣ мешуд, ҳамсояамон-дия! Вай иштирокчӣ будааст-ку! Суруди "Дилбараки ман"-ро мехондааст. Ту шогирди хушрӯяки булбуловозатро таъриф карда ба осмони ҳафтум баровардаӣ. Гуфтаӣ, ки овози ту аз садои Нигина Амонқулова ҳам беҳтар аст...

-Ч..чӣ? Худаш гуфт?

-Не, худаш фақат иштирокашро гуфт. Таърифҳои туро дигарон гуфтанд.

-Хайр, ягон чиз гуфтан лозим, ки духтарак ҳавасманд шавад-дия! Ростӣ, овозаш дар ҳақиқат ҳам бисёр хуш аст. Гуфтагӣ барин, мабодо ту маро ба ҳамон духтарча рашк набарӣ? Вай танҳо толиба аст ва ман устодаш. -Ба куҷои ту рашк кунам?-Ин дафъа андаке бо овози баландтар гуфт Садоқат,-Моро ба ин гӯшаи фаромӯшшуда оварда партофтию боз умедворӣ, ки ман рашк кунам?

Муртазо дид, ки занаш воқеан ҳам аз дер омаданҳои ӯ ва зиндагии куҳистон хаста шудаасту акнун аламашро аз ӯ гирифтанист, роҳи сулҳу салоҳро ҷуста гуфт:

-Занакҷон, илтимос ба дилат ҳар гуна гумонҳоро роҳ дода худатро беҳуда зиқ накун. Табъи гирифтаи туро дида ману Иқбол ҳам зиқ мешавем...

-Иқбол кай парвои зиқӣ дорад, бачаи сесола ин гапҳоро аз куҷо мефаҳмад. Рӯзи дароз бо бачаҳои ҳамсоя дар хоку чанг жулида бозӣ мекунад. Ин манам, ки ҳамаашро дар дилам ҷамъ мекунам...

-Ана дидӣ, аз бача ёд гир. Ту ҳам ба хонаи ҳамсояҳо рав, бо мардуми ин ҷо ҳамнафас шав, охир онҳо ҳам одам-ку!

-Ман намегӯям, ки онҳо одамони баданд, лекин бо онҳо дар бораи чӣ гап занам? Дар бораи он, ки имсол кӣ чӣ қадар таппӣ ҷамъ карду бузи кӣ чанд бача зоид ё ҷурғоти як ҳамсояро пишак чаппа кардаасту гӯсфанди дигарашро гург хӯрдааст?

-Охир зиндагии ин ҷо аз ҳамин чизҳо иборат аст занак! Ту бояд тоқат кунӣ. Аз моҳи январ мураххасии барои Иқбол гирифтаат ба охир расида ту ҳам ба кор мебароӣ ва зиқиҳоят мебароянд.

-Иқболро ба куҷо мебарем? Дар байни хоку лои кӯча ҷӯлида мегардад? Ин ҷо ба ту шаҳр не, ки ба боғча барӣ...

-То он вақт ягон фикр мекунем...

Муртазо эҳсос намуд, ки муносибати занаш бо ӯ дигар мисли пештара нест...

***

Талабаҳо дар клуби хурди мактаб ҷамъ омада машқ мекарданд. Бачаҳои навозанда машқи рубобу ғижжак доштанду духтарони раққоса дар паси пардаи саҳна дур аз писарбачаҳо ба таври худ ҳаракатҳои рақсиро иҷро мекарданд. Аксари иштирокчиёни дастаи ҳунарии ҳаваскорони мактаб синфҳои болоӣ буданд. Аслан дар деҳа ба онҳое, ки дар чунин кружокҳо ширкат мекарданд, назари нек надоштанд. "Духтари қадрас магар ба саҳна баромада худро ба мардони бегона нишон медиҳад? Ин аз рӯи одати мо нест" маҳкум мекарданд аксари падару модарон. Барои он, ки аз духтарон як дастаи рақсӣ тайёр кунанд, муаллиму муаллимаҳо хуни ҷигар мешуданд. Ана ҳоло низ бо азобе шаш духтарро барои саҳнаи рақсӣ бо ҳазор баҳонаи дурӯғу рост ба ин ҷо ҷамъ оварда буданд. Директор худаш хона ба хона гашта ин корро кард, зеро бе ин ба фестивал рафта намешуд, як шарти озмун рақси саҳнавии духтарон буд.

-Муаллим, эҳтиёт шавед, ки духтарони ин мардумро ба коре ташвиқ кардан душвор аст, мабодо ягон ҳодиса рух диҳад, падару модарон дигар духтаронашонро на танҳо ба маҳфили ҳаваскорон, балки ба мактаб ҳам намемонанд, -гуфт директор ба Муртазо, вақте, ки ӯро роҳбари дастаи ҳаваскорон таъйин менамуд.

-Чӣ ҳодиса шуданаш мумкин?-пурсид Муртазо

-Кӣ медонад, ҳарчи ҳам набошад, духтарони қадрасу ҷавонанд, ба қавле хунашон дар ҷӯш, ба сарашон ҳар хел ҳавою ҳавас афтоданаш мумкин...

Муртазо, ки то ин дам иштироки духтаронро дар маҳфилҳои суруду рақс як чизи табиӣ медонист, он вақт ба суханони директори мактаб чандон эътибор надод, вале баъдтар ин гуфтаҳоро борҳо ба хотир меоварду аз карда ҳазорон бор пушаймон мешуд...

***

-Муаллим, ҳамин ҷои сурудро чӣ хел хонам беҳтар?-ба кабинети биология даромада пурсид Шафоат.

Муртазо ручкаашро ба як тараф гузошта журнали синфро пӯшонд ва ба саволи толибаи ба қавле занаш «хушрӯяк»-аш бо савол ҷавоб дода пурсид:

-Ту ҳоло ҳам ба хонаатон нарафтаӣ?

-Не, аввал сурудамро мукаммал кунам, баъд меравам, охир баъд аз як ҳафта озмуни ноҳиявӣ…

Инро гуфта духтар варақи дар дасташ бударо ба Муртазо дароз кард ва вақте, ки ӯ машғули хондан шуд, ба паси стол, ба паҳлӯи муаллим гузашта бо дасташ сатри лозимиро нишон дод:

-Ана ҳамин ҷояшро...

Дар вақти хам шудан гесӯи дарози ӯ аз мӯйҳои дигараш ҷудо шуда, ба поён ҳамоил гашт ва як гӯшаи он ба рӯи Муртазо расид. Бадани ҷавонро рашъа фаро гирифт, вале ӯ худро ба даст гирифта, андаке сарашро дуртар бурду пурсид:

-Худи ҳофиз инро чӣ гуна мехонад?

Шафоат қоматашро рост карда, ба ҳофиз тақлид намуда сароид:

Ишқи ту маро овора мекунад...

Садои махмалини духтар боз як бори дигар қалби ҷавонро ларзонд ва ӯ туфашро фурӯ бурда истода бо садои ларзон гуфт:

-Чӣ хеле, ки соҳиби суруд хонда бошад, ҳамон хел хон...

-Боз ана ин ҷояшро намедонам чӣ хел хонам...

Ин бор Шафоат сарашро ба сари муаллим наздиктар бурд ва нафаси гармаш ба рӯи Муртазо расид...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД