Хонандагони сомонаи Оила, шумо аллакай қиссаи "Арӯси Шайхи тиллоӣ"-и Абдумудасир Аҳмадзодаро мутолиа намуда, ошиқи нигоштаҳои ин қаламкаши ҳақиқатнигор гаштаед. Инак, мо боз як қиссаи Аҳмадзодаро бо номи "Каждум дар бағал” пешкашӣ шумо мегардонем.
Қиссаи мазкур воқеӣ буда, дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст, вале ба хотири ба иззати нафси пайвандону наздикони ин хонавода нарасиданд, муаллиф номи қаҳрамононро ва макони ҳодисаро тағйир додааст.
Субҳ ҳанӯз надамида Муртазо аз ҷойгаҳ бархост ва дид, ки занаш Дилдорро ба оғӯш гирифтаасту ҳардуро хоби сахт бурдааст. “Очаю бача дирӯз аз даву този зиёд монда шудаанд. Бигзор дам гиранд”-аз дил гузаронд Муртазо ва хеста рӯи ҳавлӣ баромад. Инро танҳо ба ном ҳавлӣ гуфтан мумкин буду халос, дар асл аз ду тарафи дари даромадгоҳи як бинои хурд дар паҳлӯи мактаб ду сутун зада, болояшро бо тунука пӯшонда буданд, то ки боду борон зарар нарасонад. Онҳо ба ин макон дирӯз кӯчида омаданд. Аз шаҳр кӯчида омаданд, ки дар ин ҷо муаллимӣ кунанд. Модараш мегуфт: “Муртазоҷон, чаро зану бачаатро саргардон карда ба он кӯҳистон меравӣ? Дар ҳамин ҷо ҳам як бурда нонатро ёфта мехурӣ- ку?! Муаллимӣ нафорад, мисли дигарон ба бозор рав, бозоршинӣ кун. Як зану як кӯдак дорӣ, бо нафақаи худам ҳам шуморо таъмин мекунам...” Муртазо, ки модарашро сахт эҳтиром мекард, сар боло накарда гуфт: “Очаҷон, гапат рост, вале бо як фарзанд муаллими шаҳрро ба хизмати аскарӣ мегиранд, инчунин, ҳоло, ки ману Садоқат ҷавон ҳастем, бояд як муддат аз шумо дур зиндагӣ кунем ва ҷаҳонро бинем. Одамони дигарро бинем, бо мардуми дигар зиндагӣ кунем...” Кампир норозиёна абрӯ чин карда ғурунгид: “Наход аллакай ба дили келинам зада бошам? Магар ӯ мехоҳад аз хушдоманаш дур зиндагӣ кунад? Марҳамат, чор тарафатон қибла....” Садоқат, зани Муртазо, ки суҳбати модару писарро аз дуртар истода гӯш мекард, якбора давида омада худро ба оғӯши хушдоманаш андохту гуфт: “Очаҷон, наход шумо ҳамин хел фикр кунед? Ман ҳаргиз аз шумо дур шуданӣ нестам, худи писаратон мехоҳад дар мактаби деҳот муаллим шавад. Худатон мудом мегӯед-ку, зан бояд ҳамеша бо мардакаш бошад. Ҳарчи Муртазо гӯяд, ман ба ҳамон итоат мекунам...” Модари Муртазо, ки келинашро худаш хуш карда буду дар ҳақиқат ӯро дӯст медошт, табассум карда гуфт: ”Рашки модарӣ маро ба чунин андешаи нохуб бурдааст, духтарам, ту хуб мекунӣ, ки аз гапи мардакат намебароӣ, куҷое шавҳар бошад, ҷои зан ҳам ҳамон ҷост. Писари маро аз роҳаш гардондан душвор аст. Хайр, агар дилатон дар деҳа зиндагӣ кардан бошад, аз ман як дуои хайр. Пешонаатонро Худо кушояд”.
Ҳоло ин лаҳзаҳоро Муртазо ба ёд оварда истода, як ба куҳҳои атрофи деҳа нигаристу ба лаби чашмае, ки аз паҳлӯи хонаи онҳо аз замин мебаромад, барои дастурӯйшӯйӣ рафт...
БА ЗАНИ МАРДУМ ЧАШМ АЛО НАКУНЕД, МАРДҲО!
...Садоқат аз паи шавҳараш аз хоб бедор шуда, худашу писарчааш Дилдорро дар рӯи замин дид. Онҳо, ки пештар дар болои кат мехобиданд, аз ин тарзи хоб андаке нороҳат шуда бошанд ҳам, аммо хастагии дирӯза кори худро карда, Дилдор гумон аст, ки дар ин соатҳои наздик аз хоб бедор шавад. Ин буд, ки Садоқат ҳам аз паси шавҳараш ба берун баромад. Садоқат дар шаҳр таваллуд шудаю бузург шудааст. Вай то ин дам ҳатто нақлиёти асосии куҳистониён-харро аз дур дида буду халос, ҳоло бошад, садои ҳангоси харҳо ва қию чуви подабони деҳаро шунида, худро дар ҷаҳони дигар эҳсос мекард. Ӯ шавҳарашро дӯст медошт. Вақте ки Муртазо дар Донишкадаи омӯзгорӣ, дар курси аввал таҳсил мекард, Садоқат дар мактаби миёна мехонд. Духтари шаҳрӣ бошад ҳам, ба қавле «паррандаи хонагӣ» буд, ба дискотека рафтан он тараф истад, ҳатто ба консертҳое, ки баъди намози шом барпо мегаштанд, намерафт. Баъзан ҳатто модараш ӯро ҷанг карда мегуфт: “Садоқат, рав ҳамроҳи ҳамсинфону ҳамсолонат консерту тӯйҳоро тамошо кун. Аҷаб духтаре ҳастӣ, хоҳаратро ҳатто бо арғамчин баста ба хона оварда намешавад, ту бошӣ, мисли кампирҳо аз хона намебароию чашм аз китоб намеканӣ. Ҳамин хел шиштан гирӣ, бе шаваҳар мемонӣ...”
Он вақт Садоқат парвои шавҳар надошт ва ҳатто аз телевизору кино дида, бештар хонданро дӯст медошт ва ҳамин хондан сабабгори бо Муртазо шинос шуданаш гардид...
...Боре пас аз дарс хост китоби хондаашро ба китобхонаи Лоҳутӣ супорида барои хондан китоби нав гирад. “Субҳи ҷавонии мо”–и Улуғзодаро ба дасти китобдор дода, пас аз хеле ҷустуҷӯ “Тири хокхӯрда”-и Фазлиддин Муҳаммадиевро интихоб кард. Ин дам ҷавоне, ки дар паҳлӯи ӯ китоб интихоб менамуд, хам шуда аз замин гӯшвореро бардошт ва ба Садоқат нигариста гуфт:
-Ин гӯшвори шумо нест?
Садоқат беихтиёр даст ба гӯшаш бурда, дид ки ҳарду гӯшвораш дар гӯшаш аст ва гумон кард, ки ҷавон ба ӯ бо ҳамин роҳ гап партофтанист. Беэътиноёна гуфт:
-Гӯшвори ман чизе нест, ки дар зери по гардад...
Ҷавон аз ин суханони духтар шарм карда ғурунгид:
-Ман бе ягон фикри бад инро пурсидам, хайр аз шумо набошад, аз кадоми дигар будагист..., - ва ӯ гӯшворро бурда ба китобдор доду гуфт:
-Агар соҳибаш суроғ карда биёяд, диҳед...
Духтар дид, ки дар ҳақиқат ҳам ҷавон ба хотири некӣ кардан ба ӯ гӯшворро дароз кардааст, аз гуфтааш пушаймон шуд, аммо чизе нагуфт...
Садоқат вақте, ки китоб дар бағал ба маршрутка менишаст, дид, ки боз ҳамон ҷавон аз паси ӯ ворид шуд. Вақте, ки мусофирбар ба ҳаракат даромад, ҷавон аввал як киссаашро баъд саросемавор киссаҳои дигарашро кофтан гирифт. Дар як дам қуташ канда буд. Хост аз ӯ сабаб пурсад, боз истиҳола кард. Дар ин байн мусофирбар аллакай хеле роҳ гашта буд. Ҷавон ба ронанда нигариста гуфт:
-Ака, ман пуламро дар куҷое гум кардаам, илтимос мошинро нигоҳ доред, пиёда меравам...
Ин дафъа духтар тоқат накарда гуфт:
-Ака, баҳузур шиштан гиред, ман ба ҷойи ҳардуямон пул медиҳам,-ва як сесомониро ба ронанда дароз карда ффзуд,-Ин ба ҷои узр, ки дар китобхона ба шумо дуруштмуомилагӣ кардам. Ҷавон мисли лаблабу сурх шуда, зери лаб “раҳмат” гуфт.. Маълум шуд, ки онҳо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардаанд. Ин буд таърихи шиносоии Садоқат бо Муртазои он вақт донишҷӯ. Акнун ӯ ҳамроҳи ҳамон Муртазо дар як кунҷи куҳистон асту фарзандашон Дилдор дар хонаи ориятӣ масти хоб...
Муртазо бо дастрӯймол рӯйи дар чашма шустаашро тозакунон ба ҳавлӣ даромада дид, ки Садоқат чашмашро аз куҳи рӯ ба рӯ наканда манзараи зебои субҳро тамошо дорад. Садои пойи Муртазоро шунида вай рӯй ҷониби шавҳараш гардонд ва табассумкунон гуфт:
-Ҳа, марди саҳроӣ, акнун ба мақсадатон расидед-ку, чаро мисли деҳқонҳо рӯятонро бо миёнбанд тоза намекунед?
ПАДАРОНИ ФАРЗАНДБЕЗОРУ КӮДАКОНИ ОВОРА(ВИДЕО)
Муртазо низ ба ҳазли занаш бо ҳазл ҷавоб дод:
-Аввал кадбонуи хона ба мардакаш як миёнбанди гулдӯзӣ дӯхта диҳад, ана баъд мо бо ҳамон рӯямонро тоза мекунем... Дидӣ, куҳистон чӣ субҳи босафо дорад. Ту, ки дар шаҳр, байни дуду чанги мошину ҳавои ғализ таваллуд шуда ба воя расидаӣ, ба қадри ин чизҳо намерасӣ. Магар аз омаданат аллакай пушаймон шудӣ?
-Не, пушаймон нашудаам. Ин ҷо дар ҳақиқат ҷои хуб будааст, аммо мегӯянд, ки на нонвойхона дораду на мағозаи калон, ки аз он ҷо барои хӯрдан чизе харем. Мардум дар ин ҷо чӣ кор мекунанд?-саволомез ба шавҳараш нигарист Садоқат.
-Ҳавои тоза мехӯранд,-шӯхиомез ҷавоб дод Муртазо, баъд бо ҷиддият суханашро давом дод,-Деҳотиҳо ҳама корро худашон мекунанд. Гандум кишт мекунанд, онро хирману бод мекунанд ва дар осиёб орд карда, аз орди худашон хамир шӯрида дар оташдон нон мепазанд. Ана ҳамин корҳоро завҷаи муҳтарамаи мо ҳам бояд ёд гирад..
Вай аз гардани занаш оғӯш кард. Ин дам аз сари девори пасти ҳавлӣ касе садо кард:
-Муаллим, ҳо муаллим! Ин ширро гиред, модарам фиристоданд, ки ҳамсояи мусофирамон хӯранд...
Баъд аз андаке соҳиби овоз аз дарича даромад. Баробари дидани ӯ дили Муртазо таҳ кашида рафт. Дар рӯ ба рӯи ваю занаш як духтари қадраси зебое меистод, ки бо ҳамин либоси одии куҳистониаш метавонист бо ҳазор зебосанами шаҳрӣ дар мусобиқаи зебоӣ баромад карда, ғолиб ояд. “Аҷаб духтари зебо...” аз дил гузаронд Садоқат. “Ана инро парии куҳистон мегӯянд...” андеша кард Муртазо, вале ҳарду баробар гуфтанд:
-Раҳмат барои ғамхорӣ...
Духтар косаи шир ва ду нонеро, ки дар даст дошт, ба рӯи суфа монду шармгинона гуфт:
-Мо ҳамсояи шумо, ҳо ҳавлиамон дар поёнтари мактаб. Пештар ин ҷо як муаллими дигар зиндагӣ мекард. Ҳоло ӯ рафтагӣ. Касе, ки аз шаҳр ба мактаби мо муаллимӣ меояд, дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад, лекин ҳамаи он муаллимон бе зан буданд. Шумоён аввалин муаллимони оиладоред, ки ба ин ҷо омаданд. Мо дирӯз омаданатонро дида будем, аммо говҳо аз саҳро омаданду модарам фурсат наёфтанд, ки ба наздатон биёянд. Шумоён ҳардуятон муаллим?
-Не, ман алҳол хонашин. Муаллим ана ҳамин кас,-ба шавҳараш ишора намуда гуфт Садоқат,-Пагоҳ, ки ба мактаб рафтанд, баъд маълум мешавад, ки ба кадом синф дарс медиҳанд. Ба фикрам, ту мактабро тамом кардагӣ барин-а?
Духтар бо нӯги кафши нимдошташ дар рӯи замин хат кашидаистода гуфт:
-Не, ман ҳоло дар синфи охирин мехонам. Як сол дер ба мактаб рафта будам...
-А... Синфи ёздаҳум мехонам гӯй... Номат чист?
-Шафоат...Номи хушрӯ не а..?
-Не, чаро? Номи зебо. Шафоат, яъне шафоаткунанда...,-чӣ гуфтанашро надониста ҷавоб дод Муртазо,-Одамро на ном, балки номро одам зебо мекунад. Биё ба хона даро. Янгаат чой дам мекунад, якҷоя ношто мекунем…
-Не, дер мешавад, косаамонро баъд омада мегирам,-инро гуфта духтари зебо аз дарича баромад. Он вақт на Садоқат, на Муртазо ва на Шафоат намедонистанд, ки ин вохӯрӣ тақдири минбаъдаи онҳоро бо ҳамдигар мепайвандад...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)