Завҷаамро дӯст дошта оиладор шудам. Азбаски Нозанин ҳанӯз донишҷӯ аст, ҳар субҳ занамро то дари донишгоҳ бурда бегоҳ ба хона меорам.
Занам духтари бениҳоят зебост ва маҳз ҳамин ҳусну ҷамолаш имрӯз боиси асабхаробии ман гаштааст. На танҳо мардон, балки ҷавонони аз мо хурдтар ҳам ба занам гап мепартоянд, Парвои онро надоранд, ки мо якҷоя меравему дар ангушти занам ангуштарини никоҳӣ аст. «Оҳ ҷигарта бхруме», «Чӯҷаи парӣ ҳайф шудӣ», «Кабки маст будай, некӣ» гуфтанҳои мардони роҳгузар маро девона мекунад. Бо чанде аз онҳо даст ба гиребон шуда, дашном додам, вале ин мардҳои беномус ҳамоно ба завҷаи ман чашм ало мекунанд. Бо гумони он ки ба занам сатр пӯшонам, дигар ӯро ором мегузоранд, аз Нозанин талаб кардам, ки сару рӯяшро печонад, вале ҳайҳот!
ПАДАРОНИ ФАРЗАНДБЕЗОРУ КӮДАКОНИ ОВОРА(ВИДЕО)
Ин мардҳои беномус на ба сатраш нигоҳ мекунанду на ба шавҳардор буданаш. Рӯзе бо коре андармон шуда, натавонистам сари вақт занамро дар назди донишгоҳ пешвоз бигирам. Нозанин занг зада бо овози ларзон хабар дод, ки ӯро ҷавоне дар назди донишгоҳ ғам дода истодааст. Девонавор ба онҷо шитофта, он аблаҳро лату кӯб намудам. Завҷаам ҳарчанд «ман зани шавҳардорам» гуфта бошад ҳам, он аҳмақ аз пеши роҳаш дур нашудааст.
Мехоҳам тавассути сомонаи «Оила» ба чунин номардон бигӯям:
Ақаллан ба хотири мусулмон буданамон ба занҳои бегона чашм ало накунед!
Дилшод