Пеш аз оне, ки ҳодисаи ба сарам омадаро нақл кунам, аз ҳамаи касоне, ки ин сатрҳоро мехонанд, бахшиш мепурсам!
Аслан ба қалам додани чунин ҳодисаҳо аз рӯйи мардӣ нест, вале як шӯхии ноҷо оилаи маро қариб то вайронӣ расонида, маҷбурам кард, ки дарди диламро бигӯям. Гап дар сари он аст, ки як моҳ боз ману занам қаҳрием. Сабаби қаҳр кардани ҳамсарам як шӯхии аблаҳонаи ҷӯраҳоям гашт.
Ман ҷавонмарди 28 солаи зебо ва хушқаду қомат ҳастам. Дар як идораи бонуфуз кор мекунам. Ҷӯрабозам. Аксар вақт баъди кор бо дӯстонам ба СИМ-СИМ пивонӯшӣ меравем ё дар ягон гӯшаи зебо сихкабоб хӯрда, чақ-чақ мекунем. Азбаски дар шаҳр хона надорам, шабҳоро гоҳ дар хонаи ин ҷӯраам, гоҳ дар хонаи дигараш рӯз карда, дар як ҳафта танҳо як ё ду маротиба ба деҳа ба назди зану фарзандонам меравам. Як моҳ пеш як ҷӯраам ҷашни зодрӯз дошту қариб то саҳар сӯҳбат карда нишастем. Кадоме аз дӯстонам шӯхӣ карда як пачка рифола-презервативро ба ҷомадони ман, ки дар дарунаш шиму костюм ва дигар либосҳои расмиам буд, гузоштааст. Бехабар аз ин сару савдо рӯзи дигар ман ба деҳа ба аёдати падару модар ва зану кӯдаконам рафтам. Дар назди телевизор чой нӯшида нишаста будам, ки занам “либоси чиркин дошта бошед, диҳед, шуста монам” гӯён, аз дар даромад. Азбаски як филми бисёр аҷиб мерафт “занакҷон, худат гир” гӯён, ба сӯйи ҷомадон ишора кардам. Ҳамсарам ҷомадонро гирифта аз дар баромаду лаҳзае пас фиғонаш ба фалак печид.
Хаёл кардам, ки занамро барқ зад ё мор газид. Осемасар чи шуд, гӯён аз хона баромадам. Бинам, дар дасташ як қутти перезвратив. Бо дадини ман авзояш бештар беҷо шуд ва бадхашмона ба сӯям нигоҳ карда бо тамоми овоз дод зад:
-Мард нашуда мӯр! зан дорӣ, фарзанд дорӣ, ба ту чӣ намерасад, ки ба чунин корҳои ҳаром даст зада бевабозӣ мекунӣ?! Шарм намедорӣ?! Мурдани ту барин мард беҳ...
Ҳарчанд кӯшиш кардам, ки занамро ором кунам, бештару бештар асабӣ шуда, девонавор бо тамоми овоз дод мезад. Фиғони ҳамсарамро шунида модару хоҳаронам давида омаданд. Қасам хӯрдам, ки кадом ҷӯраам шӯхӣ карда ин чизҳоро дар ҷомадони ман гузоштааст, то ки маро “подставит” кунад, аммо ягон кас ба гапам гӯш кардан намехост. Занам худашро беҳуш карда, кинои бе пул нишон дод, модарам бошад, ба рӯям чанд шаппотии обдор фароварда гуфт:
-Сағераи касофати рӯсиёҳ, агар духтарбозӣ накунӣ, ин моли ҳарром дар ҷузвдони ту чӣ кор мекунад?
-Валлоҳ очаҷон, ман ҳаромӣ накардаам, инро касе махсус барои асабӣ шудани занам мондааст,-гуфта қасам хӯрдам, вале ҳайҳот....
Аз байн як моҳ гузашта бошад ҳам, то ҳол занам бо ман гап намезанад. Шабҳо ҷойгаҳашро аз ман ҷудо партофта, намемонад, ки ба вай наздик шавам. Ин занаки беақл ҳатто ба кӯдаконам гуфтааст, ки бо падари хиёнаткоратон салом накунед, вай дар шаҳр бева дорад.
Ҳамаи ҷӯраҳоямро қасам додам, ки кадоматон ин корро карда бошед, ба зани ман занг зада гӯед, ки шӯхӣ кардед, вале дар ҷавоб танҳо механданду чизе намеӯянд.
Аз ҳама бадтараш он аст, ки овозаи аз ҷузвдони ман рифола ёфтани ҳамсарам даҳон ба даҳони хешу табор мегардад. Аз рӯйи як шӯхии аблаҳона шармандаи дӯсту душман гаштам. Мехоҳам чипта хараму сарамро гирфта ба Русия равам. Шумо ба ман чӣ маслҳат медиҳед?
Р, корманди як идораи бонуфуз