Formula novemver 2024
8 сабаби зани 2-юм гирифтани мард
3098

 

 

 

Тоҷикистон давлати демократию дунявӣ буда, бисёрникоҳӣ дар кишвари мо манъ аст, вале новобаста ба ин, солҳои охир шумораи мардони дузанаю сезана торафт афзуда истодааст. Чаро мард аз оғӯши як зан сер намешавад? Ба ин суол посух ёфтан хоҳед, мутаваҷҷеҳ бошед.

Эркатулфор

Тарбияи дар оила гирифтааш дар ҳаёти минбаъдаи писар нақши муассири худро мегузорад. Падару модараш писарчаро дар хурдӣ эркаву болои сар карда, ҳама нозу нузашро бардоранд, дар руҳияи шоҳзодагӣ ба воя мерасад. Пас аз камол ёфтан чунин ҷавон занеро ҷӯё мешавад, ки пайваста ӯро таърифу тавсиф карда, хоки роҳашро ба дида рӯбад. Табиист, ки ягон зан як умр халтаи нозу-нузи мардро бардошта наметавонад ва ҳамин ки ҳамсараш аз таърифу тавсиф кардани ӯ бозмонд, марди эркатулфор ба ҷустуҷӯи дилбаре мебарояд, ки «қадрашро донад».

Бачаи оча

Бачаҳои очадӯстдор ҳам ба дузанагӣ майл доранд, зеро модар писарро пайваста дар назди худ нигоҳ дошта, ба худ вобаста месозад. Мабодо «бачаи оча» аз хати кашидаи модараш берун шавад, ҳатман назди зане меравад, ки шабеҳи модараш бошад, яъне мисли модараш хӯрок пазад, либос шӯяд, хонаро рӯбучин намояд…

Ин тоифаи мардон ҳамсарашонро дӯст медоранд, вале на ҳамчун зан, балки мисли модар ва ҳамин ки «бачаи оча» чашми «модар»-ро хато кард, албатта ба духтарбозӣ мешитобад.

Бемасъулият

Мардоне ҳастанд, ки бисёрзаниро падидаи муқаррарӣ мепиндоранд, ҳатто вақте ки зани якум аз зани дигар доштани шавҳараш огаҳ мешавад, ин мард оромона мегӯяд: «Ман туро таъмин мекунам, шикамат сер, хона дорӣ, боз чӣ мехоҳӣ?» Ин тоифаи мардонро тағйир додан номумкин аст, зеро зан дар назари чунин мард қадру қимат надорад. Аслан аз зани чунин мард шудан як умр бе шавҳар гаштан беҳтар аст. Мабодо шумо бо амри тақдир ҳамсари чунин «шайх» гашта бошед, бояд ба тақдиратон тан диҳед ё ҳарчи зудтар ӯро тарк намоед.

Тавлиди фарзанд

Тавлиди фарзанд боиси он мегардад, ки зан тамоми диққаташро ба тифлаш равона сохта, то андозае шавҳарашро гӯё фаромӯш мекунад. Мард мисли кӯдаки калонӣ ин бепарвоиро хеле сахт қабул мекунад. Вай гумон мекунад, ки ӯро партофтанд, дигар дӯсташ намедоранд, ба касе даркор нест. Барои он ки ба касе «даркор» буданашро исбот намояд, мард зани дигарро меёбад. Зани наваш пайваста ӯро бо хушгӯиҳо пешвоз мегирад, зани аввалаш бошад, мудом барои хонаю кӯдак ягон чиз талаб мекунад. Рафтори зани аввал боиси он мегардад, ки мард ба хонаи зани дуюм равад. Албатта кӯдак ба нигоҳубин ниёз дорад, вале мард инро намефаҳмад, зеро вақте оиладор шуд, танҳо ӯро дӯст дошта, нисбаташ ғамхорӣ зоҳир мекарданд. Маҳз бо ҳамин сабаб ин мард муносибати дигаргунаро қабул надорад.

Хуб мебуд, ки дар ҳамин давраи умрашон бонувон меҳру муҳаббатро нисбати шавҳар арзонӣ донанд. Бахтатонро аз даст додан нахоҳед, муносибати маҳрамонаатонро ба қарзи заношавҳарӣ табдил надиҳед.

Бурҳони миёнасолӣ

Мард дар давраи буҳрони миёнасолӣ, ки ба 40-45- солагӣ рост меояд, ба худаш исбот кардан мехоҳад, ки ҳанӯз ҳам «мард» аст. Дар ин ҳангом сатҳи тестостерон паст ва рағбати ҷинсӣ кам мешавад ва дар натиҷа зане, ки ҳамроҳаш 20 сол сар дар як болин гузоштааст, дигар мардро ба ваҷд намеорад. Тамоми мардон аз импотенсия бештар аз марг метарсанд. Маҳрум шудан аз қувваи мардӣ барои мард даҳшати бузург аст. Бо ҳамин сабаб аксари мардон зани ҷавон мегиранд, то ки боқувват будани худро ба зани пирашон исбот намоянд.

Бистари сард

Норасоии мубошират яке аз сабабҳои асосии зани дуюм гирифтани мардон аст. Зан олиҳа бошад ҳам, агар зуд-зуд вақти ҳамхобагӣ худро касал вонамуд карда, аз оғӯши мард гурезад, ҳатман зане пайдо мешавад, ки оғӯши шавҳарашро пур ва гарм менамояд. Аксари зану шавҳарон дар бораи ин масъалаи нозук аз шарм гап намезананд, ки ин хатои маҳз аст. Вақте табъатон хуш ва дар фазои оилаатон оромӣ ҳукмфармост, дар ин бора бо мардатон гуфтугӯ кунед. Чунин суҳбатҳо нофаҳмиву дилсардиҳоро бартараф месозанд.

Озодихоҳӣ

Мард озодияшро ниҳоят қадр мекунад. Ҳар қадаре зан ба шавҳараш фишор оварда, бахташро маҳкам доштанӣ шавад, ҳамон андоза мард аз ин дом раҳидан мехоҳад. Зан набояд ҳар як қадами шавҳарашро назорат намуда, ӯро аз дидори дӯстонаш маҳрум созад. Дар акси ҳол мард барқасди занаш зани дигар мегирад.

Айни мард не, айби чашм

Тавре ҳамагон медонем, мард бо чашмаш дӯст медорад. Духтарони мо то давраи ба шавҳар баромаданашон ба либосу сару рӯяшон сахт диққат медиҳанд, вале ҳамин ки дар ангушташон ангуштарии никоҳӣ пайдо шуд, шавҳарро дар хона бо хилъати куҳна пешвоз гирифтан ба ҳукми анъана медарояд. Зан чунон беҳавсала мешавад, ки ҳатто мӯйи сарашро дар як ҳафта як бор шона мезанад. Албатта мард аз дидани чунин аҷуза лаззати эстетикӣ намебардорад. Вақте ба кӯча мебарояд, занҳои зебову дилраборо дида, орзу мекунад, ки ҳамсафари ҳаётияш ҳамин сон озодаву пероста бошад. Он гоҳ чӣ кор мекунад? Зани дигар мегирад!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Додарбек 2019-08-03, 22:42
рост додар.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Додарбек 2019-08-03, 22:42
рост додар.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД