Sebiston new 2024 october
Духтарзоӣ айби зан аст ё мард?
17.06.2019
Нодира
5620

 

Тавлиди фарзанд новобаста аз он ки писар аст ё духтар ба волидайн фараҳу шодӣ меорад, вале бо вуҷуди ин, ҳар кас орзуе дар дил мепарварад.

Аксари мардони тоҷик дар симои писар пуштибону такягоҳ ва асои дасташонро дар айёми пирӣ дида, бисёр мехоҳанд, ки ҳамсарашон маҳз бача зояд. Тавлиди пай дар пайи чанд духтар барои ин тоифаи падарон бисёр дарднок аст ва ҳатто мардҳое ҳастанд, ки танҳо ба хотири соҳиби писар гаштан аз ҳамсарашон ҷудо мешаванд ва ё дар болои занашон зани дигар мегиранд. Тавлиди духтар айби зан аст ё мард? Оё ҷинси кӯдакро пешакӣ ба нақша гирифтану кафолати садфоиза додан мумкин аст? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб меҷӯем.

Зан гунаҳкор нест, агар…

Пештар ақидае роиҷ буд, ки духтар ё писар таваллуд кардан танҳо ба зан вобастагӣ дорад ва баъзе хонумҳо табиатан духтарзой мешаванд. Аз ҳамин сабаб, аксари мардон баъди тавлиди пай дар ҳами ду-се духтар «ту фақат духтар мезоӣ» гӯён, занҳои худро азият медоданд. Бо мурури замон олимон асос надоштани ин андешаро собит намуданд. Имрӯз илми тиб исбот кардааст, ки ҷинси писар аз зан не, бештар аз мард вобаста аст, аниқтараш аз он ки маҳз кадом ҳуҷайраи манӣ тухмҳуҷайраро бордор месозад.

Чаққон ё пуртоқат?

Суръати ҳаракат ва давомнокии умри хуҷайраҳои манӣ бо тухм, яъне хромосомаҳои  X- ва Y гуногун аст. Ҳуҷайраҳои манӣ бо хромосомаи писаронаи Y чақону тезҳаракат буда, ба тухмҳуҷайраи модар зудтар мерасанд, вале зудтар нобуд мешаванд. X-хромосомаҳои духтарона сусттар ҳаракат мекунанд, вале дар ҷисми зан то як ҳафта зинда монда метавонанд.

Писар мехоҳед ё духтар?

Писар мехоста бошед, беҳтараш дар рӯзи ихроҷи тухма (овуляция) ҳамхоба шавед. Ва баръакс, агар дар орзуи тавлиди духтар бошед, то чор рӯзи қабл аз ихроҷи тухма ҳамхобагӣ кунед. Мушкилии ин усул дар он аст, ки рӯзи аниқи ба бордор шудан омода будани тухмҳуҷайраро муайян кардан душвор аст. Барои ин, камаш ним сол ба саломатии худ диққат дода, бояд аз фишори руҳӣ ва ҳама гуна омилҳое, ки ба давраи гулдоманӣ таъсир мерасонад, дурӣ биҷӯед.

Гӯшту моҳӣ хӯред, агар…

Ақидае роиҷ аст, ки ҷинси тифл ба хӯроки мехӯрдаи волидон вобастагӣ дорад. Зану шавҳар бештар хӯрокҳои аз калсий бойро истеъмол намоянд, писардор мешаванд, магний бошад ба тавлиди духтарча мусоидат мекунад. Нияти ҳомиладор шудан доред, пас ба маслиҳатҳои мо гӯш андозед:

  1. Зану шавҳар бояд 2 моҳ қабл аз ҳомиладоршавии зан ба нақша бигиранд, ки онҳо писар мехоҳанд ё духтар.
  2. Барои писардор шудан бештар гӯшт ва моҳӣ хӯрдан лозим аст. Барои гарнир биринҷ, картошка, нахӯд, наск ва замбӯруғро интихоб намоед.
  3. Аз меваҳо банан, гелос, афлесун, шафтолу, зардолу, ғӯлинг, олуи сиёҳ ҷисми марду занро бо витаминҳои зарурӣ таъмин намуда, ба тавлиди писар мусоидат мекунанд.
  4. Хӯроки шӯр сатҳи калийро дар организм баланд мебардорад, бинобар ин, занҳое, ки чанд духтар доранд, бояд камтар шӯрӣ хӯранд, то ки боз духтарча таваллуд накунанд.
  5. Дилатон писар мехоста бошад, бештар тухм, маҳсулоти ширӣ ва карами баҳрӣ хӯрда, аз хӯрокҳои хамирӣ ва торту шириниҳо худдорӣ намоед.
  6. Дар орзуи писар бошед, лӯбиё, чормағз, бодом ва шоколадро камтар хӯред.

Шоҳдухтар мехоҳед?

  1. Зану шавҳароне, ки духтардор шудан мехоҳанд, бештар шоколад, какао, қаҳва ва оби минералии дорои калсийро истеъмол намоянд.
  2. Гӯшти гов ва гӯшти моҳӣ хӯрдан муфид аст, вале он набояд шӯр ё дудхӯрда бошад.
  3. Дар орзуи шоҳдухтари ҷингиламӯй бошед, маҳсулоти шӯр ва намакхӯрдаро умуман истеъмол накунед.
  4. Хӯрдани картошка, сабзӣ, помидор, бодиринг ва боимҷонро ба зану шавҳароне, ки мехоҳанд духтарчадор шуда, соҳиби дастёри бе миннат бигарданд, тавсия намедиҳем.

Ҳомиладоршавӣ аз рӯйи тақвими хитоӣ

Дар Хитой аз давраҳои қадим ҳомиладориро аз рӯйи тақвими махсус ба нақша мегирифтанд. Чӣ гуна сохта шудани тақвими хитоиҳо маълум нест, вале гузаштагони ин миллат бар он бовар буданд, ки ҷинси кӯдак аз моҳи ҳомиладоршавӣ ва синну соли модар вобастагӣ дорад. Аз рӯи тақвими хитоӣ тавлиди духтар ё писарро пешакӣ муайян кардан мумкин аст. Чунин қонуниятҳо шарҳи илмӣ надоранд, вале дурустияшон борҳо собит гардидааст.

Тақвими ҷопонӣ

Ҷопониҳо низ тақвими муайян сохтани ҷинси кӯдакро доранд, ки бо усули дигар асоснок гардидааст. Дар ин тақвим моҳи таваллуди падару модари тифл ба эътибор гирифта мешавад, сипас аз рӯйи таблитсаи махсус эҳтимолияти тавлиди писар ё духтарро дар моҳи дилхоҳ муайян кардан мумкин аст.

Писар аз «пробирка»

Имрӯз дар хориҷа тавассути бордоркунии сунъӣ тавлиди писар ё духтарро кафолат медиҳанд. Тавассути технологияҳои инноватсионнӣ тухмҳуҷайраҳо ба «мардона» ва «занона» ҷудо карда мешаванд, вале чунин усулро на дар ҳама истифода бурдан мумкин аст, чунки:

  1. Он технологияи ниҳоят душвор буда, маблағи зиёдеро талаб мекунад.
  2. Ин амалиёт бордорсозии сунъӣ ба шумор меравад.
  3. Ин усул барои тавлиди духтар самараи бештар медиҳад. Дар мавриди тавлиди писар имкониятҳо зиёданд, вале кафолат дода намешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД