Sebiston new 2024 october
Фирӯзи муҳоҷир: Занам бо бачаи ҳамсоя мегардад
9686

Фирӯз ном дорам. Айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам. Дар хамин ҳавои сарду хунук дар як бинои навсохт гушнаву ташна кор мекунем. Зимистони Русия тоқатфарсо аст, вале барои шароити зиндагиро беҳтар намудан ғуломи русҳо шуда кор мекунем. Ба қавле “их” гӯянд медавем, “юш”гӯянд меистем, то барои ба зану кӯдакамон ҳар моҳ пул равон кунем. Баъзан музди корамонро сари вақт надода, имрӯзу фардо карда мегарданд. Гумон накунед, ки мард шуда истода, бечоранолӣ карда истодаам. Маро алами хиёнати ҳамсарам маҷбур кард, ки дардидиламро ба Оила бигӯям. Занам дар мактаби деҳа муаллима шуда кор мекунад. Ҳар гоҳ рафиқонам бахонаашон занг зананд, занам тезтар биёед гуфта гаранг карда истодааст гуён шиква менамуданд. Мани сода худоро шукр мегуфтам, ки ҳамсарам зани босаводу бофаҳм аст ва ҳар руз кай меоӣ гуфта ҷонамро ба лабам намеорад.Дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки ҳамсарам ба ман хиёнат мекунад,аммо зани босаводу бофарҳанги ман бо Исмоил ҳамдеҳаамон мегаштааст. Пештар ин миш-мишҳорошунидабошам ҳам, боварам намеомад, вале вақте ки акси ҳардуяшонро фиристоданд, ба қавле латтаам дар об зад.

 

 


“Бе шавҳар хору зор шуда, азоби дӯзахро кашида истодаам. Бародарони шавҳарам ҳар рӯз маро лату кӯб мекунанд. Дигар тобу тоқати мушту лагади хушдоман ва додаршӯйҳоямро надорам”

 


Мехоҳам рафта сари ин зани хиёнаткорро аз танаш ҷудо кунам, вале ҳамсарам нӯҳмоҳа ҳомиладор аст. Намедонам сарамро ба кадом дар занам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед,чӣ кор кунам?Аз баҳри зани хиёнаткор гузарам ё ба Тоҷикистон рафта кудакеро, ки бадунё меорад, аз ташхиси ДНК гузаронам ва азман будан ё набуданашро аниқ карда,баъдан аз паси ҳалли масъалаи зиндагиам шавам?

Фирӯз аз ш.Тюмени Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД