arzon replenishment
Дар пеши шаҳу арӯс худамро оташ занам?
8360

 

Шавҳарам ду ҳафта пас тӯй дорад. Тӯйи арӯсию домодӣ. Зан мегирад, зани дуюм. Оташи рашк дилу ҷигарамро чунон сӯхта истодааст, ки намедонам худамро ба кадом дару девор занам.
Шавҳарамро бо зани дигар оғӯш ба оғӯш тасаввур карда, девона мешавам, вале....

Аслан, ҳамааш айби худам, барои як сурат шуда, ҳаётамро сӯхтам. “Худкардаро даво нест” гуфтани халқ беҳуда набудааст, бо дасти худам ба решаи ниҳоли бахтам табар задам, акнун то рӯзи қиёмат бе дуд месӯзам...

Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Волидонам ба издивоҷи мо розӣ набуданд, вале муҳаббатамон, ки асил буд, то охир барои хушбахтӣ мубориза бурда, билохира ба висоли ҳамдигар расидем. Шабу тӯйи арӯсию домодиамон дар тамоми олам аз ман дида инсони хушбахттар набуд. Худоро сад бор шукр мегуфтам, ки ба дилдодаам расидам. Дар лабони домод низ табассум гул карда буд, табассуми шодӣ. Вай аз бахти баландаш меболид, ки билохира аҳли авлоди моро розӣ кунонда, бо тӯю тамошо маро ба занӣ гирифт...

Зиндагии мо афсонаро мемонд. Афсонаи ширини саршори бахту саодат, вале ҳар як афсонаро анҷоме будааст...

Шабе шавҳарам масти хоб буд, ки ба телефонаш СМС омад. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту оҳистаяк телефонро гирифта ба хонаи дигар гузаштам. Паёмакро кушодаму ҳуш аз сарам парид. Зане ба шавҳарам суханҳои ширини ошиқона навишта, ҳатто як расмашро низ фиристода буд. Бо дидани сурати зани нимурён хун ба сарам зад. Оташи рашк дар вуҷудам аланга зада, то саҳар ҳатто як лаҳза миҷа таҳ карда натавонистам.


Ин навбат меҳмони барномаи “Бонуи паси чамбарак” журналист, фотомодел ва продюсери шинохтаи кишвар Нилуфари Сарбоз аст, ки дили ҳазорон нафар мухлисон, хоса ҷавонмардонро рабудааст.


Субҳ баробари аз хоб бедор шудани шавҳарам аз гиребонаш гирифтам, ки ту бева дорӣ, вале вай ҳеҷ ба гуноҳаш иқрор намешуд. “Аз ҳардуи мо якеро интихоб кун, ё ман ё беваат” гӯён, сари қаҳр ҳарду кӯдакамро гирифта ба хонаи падару модарам омадам. Боварӣ доштам, ки шавҳарам омада дар пеши поям меафтад ва бо зорию тавалло маро дубора ба хона мебарад, аммо хаёлам хом баромад. Мардакам на омад, на занг зад ва на суроғ кард. Ба ҳамсояҳо гуфтааст, ки ман ӯро аз хона пеш накардаам, дилаш зиндагӣ кардан бошад, чӣ хеле, ки баромада рафт, ҳамон хел кӯдаконамро гирифта биёед, вале мани саркаш ғурурамро аз даст додан нахоста нарафтам.

Ҳамин тавр, аз байн се моҳ гузашт. Як бегоҳ нав хӯрокро кашида, дар сари дастурхон нишаста будем, ки садои тақ-тақи дарвоза баромад. Шавҳар ва хусуру хушдоманамро дар пушти дар дида, хурсанд шудам. Гумон кардам, ки онҳо барои бурдани ман омадаанд. Падару модарам онҳоро ба хона даъват намуданд, вале шавҳарам: “Мо вақти нишастан надорем, тағо. Ман омадам, ки дар шоҳидии тамоми аҳли оилаатон ҷавоби духтаратонро диҳам. Зани беандешае, ки барои як сурат қаҳр карда баромада меравад, ба ман лозим нест. Се талоқаш кардам!” гуфту баромада рафт.

Бо шунидани ин суханҳои тақдирсӯз дунё дар сарам чаппагардон шуд. Аз алам чизе, ки аз пешам мебаромад, ба девор зада мешикастам, вале оби рехтаро дигар бардошта намешуд...

Ҳамин тавр, аз рӯйи як сурати зормонда оилаам вайрону ду фарзандам зиндаятим гаштанд. Ғурури нозарурамро Худо гирад, бо дасти худам зиндагиамро вайрон карда, номи бади бевагиро гирифтам ва таънашунави янгаҳо гаштам.

Инак, шавҳарам зан мегирад. Зани духтар. Аз рашк мисли гулхани сӯзон аланга зада сӯхта истодаам. Ҳарчанд мекунам, оташи дилам хомӯш намешавад. Аз алам мехоҳам рӯзи тӯй ба хонаи хушдоманам рафта, худамро дар пеши тахти домоду арӯс оташ занам....

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Мастураи ҳисорӣ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД