Arzon march 2024
Каждум дар бағал (қисми1)
18.01.2020
А. Ҳоҷӣ
3764

(Идомааш)
Дар саҳни мактаб талабаҳо ва муаллимон саф кашида, ҳама интизори баромадани директор буданд. Олимӣ бо як салобати ба худ хос ба мизе, ки дар байни ҳавлии мактаб бо гулу гулдаста оро дода шуда буд, наздик шуда, ба муаллимон бо даст ишора намуд, ки ба курсиҳо нишинанд. Ӯ хеле дар бораи фоидаи хондану дарсгурезҳои соли гузашта ҳарф зада, оқибат гуфт:

-Мана имсол дар мактаби мо тағйиротҳои калон дар назаранд...

Онҳое, ки бист сол пеш ҳамин мактабро хатм намуда буданд, зери лаб хандиданд, зеро ин суханонро ҳанӯз ҳамон солҳо Олимӣ, ки нав директор таъйин шуда, он вақт ҳоло ҷавон буд, мегуфт. Акнун ин падару модарон-шогирдони дирӯзаи ӯ фарзандони худро ба мактаб оварда истода, боз ҳамон суханонро мешунаванд, аммо…

Олимиро ҳама ҳурмат мекарданд, ҳам дар деҳа, ҳам дар ноҳия ва ҳам дар вилоят, зеро марди пуртаҷрибаю дунёдида ва директори хуб буд.

-Имсол дар мактаби мо хеле тағйирот мешавад,-такрор намуд Олимӣ,-Аввалин тағйирот аз ҳамин рӯз сар шуд. Ба мактаби мо аз шаҳр муаллими нав омаданд. Ин кас домулло Салимзодаанд ва мо муаллимро роҳбари синфи хатмкунандаҳоямон таъйин кардем. Канӣ, муаллим як қадам пеш бароед!

Директор тарзе гап мезад, ки гӯё ба талаба супориш дода истода бошад. Муртазо мисли хонандаи синфи як шарм кард, аммо худро ба даст гирифта ба мобайн даромад ва якбора чашмаш ба Шафоат афтод, ки дар сафи хонандагони синфҳои болоӣ меистод. Аз дидори ҳамсоядухтар муаллими ҷавон ким-чихел ҷуръати тозае пайдо намуд.

-Ин кас худашон муаллими биология. Барои он деҳаи моро барои кор интихоб кардаанд, ки гулу гиёҳи онро омӯзанду баъд рисолаи илмӣ нависанд, то метавонед, аз ин кас омӯзед. Аз хатмкунандаҳо хоҳиш мекунам, ки ба ҳар гуфтаи роҳбари нави синфатон гӯш кунед, вагарна бо собуни ман ҷомашӯӣ хоҳед кард...

Баъдтар борҳо “бо собуни ман ҷомашӯӣ хоҳед кард” гуфтани Олимиро Муртазо ба Шафоат ёдрас намуда, механдид.

Ана ҳамин тавр, рӯзи аввали кории муаллим Муртазо Салимзода дар ҷои кори наваш оғоз шуд ва ӯ бори аввал вориди синфи 11 гардид....

Садоқат аз дасти Дилдори нав роҳгардиро омӯхтаистода гирифта, рӯ рӯи намади куҳна роҳ мегардонд. “Ин почаата бардор, ана акнун почаи дигаратро... Канӣ, аз китфи ман гирифта рост исто...”- ба писарчааш шеваи роҳгардиро меомӯзонд ӯ. Дилдор аз ин бозии нав хурсанд буд ва бо завқ почаҳои ҳанӯз шах нашудаашро рост нигоҳ доштан мехост, вале онҳо ҳанӯз вазнашро бардошта наметавонистанд. Чанд бор болои намади мулоим афтид, вале гиря накард. “Бале, шери оча, ана ҳамин хел, йигит бояд гиря накунад..., “ –аз рафтори писарчааш завқ мебурд Садоқат.

Модару писар хеле вақт рӯ- рӯи хона, ки фаршаш ноҳамвор буд ва ба болои он намади ғафсеро густурда буданд, “машқ” карданд, баъд дар болои намад хоби Дилдор бурда монд. Садоқат болиштеро аз қатори он кӯчи каме, ки аз шаҳр оварда буданд, гирифта, ба зери сари писараш гузошт ва аз дил гузаронд. “акнун хеста барои Муртазо ягон чиз пухтан лозим. Рӯзи аввалини кораш чӣ хел гузашта бошад?...”

Вақте, ки Садоқат ба сари дегу кафгире, ки аз муаллими пештара боқӣ монда буд, омад, ҳайрон шуд, ки корро аз чӣ сар кунад. Ин дам аз дарича Шафоат бо лабони пуртабассум ҷузъдони мактабӣ дар даст даромада омад.

-Медонистам... медонистам, ки аз куҷо сар кардани корро намедонед! Биёед янга, ман ба шумо ёрӣ мерасонам. Ҳамаи дегу табақатон ҳамин? –ба чанд табақчаю косаю пиёлаи камшуморе, ки дар рафҳо чида шуда буданд, ишора намуд Шафоат.

Вақти табассум кардани ин духтараки парипайкар дар кунҷи лабонаш ҳусни зиёдатӣ пайдо мешуд ва Шафоат ба назари Садоқат боз ҳам зеботар менамуд, аммо аз чӣ бошад, ки ҳусни ин духтарак таги дили ҷавонзанро сиёҳ мекард.

-Алҳол будагиаш ҳамин,-бо оҳанги андаке сарде гуфт Садоқат,- Хайр майлаш, агар дилат хоҳад, биё кӯмак кун.

-Муаллим ба маҷлис даромаданд, то омадани он кас хӯрок тайёр мекунем...

-Муаллим туро ба назди ман фиристоданд?

-Не, ман худам омадам. Янгаҷон, омадани ман, агар бароятон малол омада бошад, меравам...

Садоқат дид, ки гапаш ба духтар бад расид, сулҳҷӯёна гуфт:

-Не е.. ман гуфтанӣ будам, ки мабодо дар хонаатон аз дер омадани ту хавотир нашаванд...

-Янга, ин ҷо шаҳр нест, ки хавотир шаванд. Мо ҳама ба хонаи ҳамдигар бепурсиш меравему меоем. Охир, Шумо ҳамсояи мо, чӣ хел мешавад, ки аз аҳволатон хабар нагирем?  

Муртазо бо дастрӯймол рӯйи дар чашма шустаашро тозакунон ба ҳавлӣ даромада дид, ки Садоқат чашмашро аз куҳи рӯ ба рӯ наканда манзараи зебои субҳро тамошо дорад. Садои пойи Муртазоро шунида вай рӯй ҷониби шавҳараш гардонд ва табассумкунон гуфт:

-Ҳа, марди саҳроӣ, акнун ба мақсадатон расидед-ку, чаро мисли деҳқонҳо рӯятонро бо миёнбанд тоза намекунед?

Муртазо низ ба ҳазли занаш бо ҳазл ҷавоб дод:

-Аввал кадбонуи хона ба мардакаш як миёнбанди гулдӯзӣ дӯхта диҳад, ана баъд мо бо ҳамон рӯямонро тоза мекунем... Дидӣ, куҳистон чӣ субҳи босафо дорад. Ту, ки дар шаҳр, байни дуду чанги мошину ҳавои ғализ таваллуд шуда ба воя расидаӣ, ба қадри ин чизҳо намерасӣ. Магар аз омаданат аллакай пушаймон шудӣ?

-Не, пушаймон нашудаам. Ин ҷо дар ҳақиқат ҷои хуб будааст, аммо мегӯянд, ки на нонвойхона дораду на мағозаи калон, ки аз он ҷо барои хӯрдан чизе харем. Мардум дар ин ҷо чӣ кор мекунанд?-саволомез ба шавҳараш нигарист Садоқат.

-Ҳавои тоза мехӯранд,-шӯхиомез ҷавоб дод Муртазо, баъд бо ҷиддият суханашро давом дод,-Деҳотиҳо ҳама корро худашон мекунанд. Гандум кишт мекунанд, онро хирману бод мекунанд ва дар осиёб орд карда, аз орди худашон хамир шӯрида дар оташдон нон мепазанд. Ана ҳамин корҳоро завҷаи муҳтарамаи мо ҳам бояд ёд гирад..

Вай аз гардани занаш оғӯш кард. Ин дам аз сари девори пасти ҳавлӣ касе садо кард:

-Муаллим, ҳо муаллим! Ин ширро гиред, модарам фиристоданд, ки ҳамсояи мусофирамон хӯранд...

Баъд аз андаке соҳиби овоз аз дарича даромад. Баробари дидани ӯ дили Муртазо таҳ кашида рафт. Дар рӯ ба рӯи ваю занаш як духтари қадраси зебое меистод, ки бо ҳамин либоси одии куҳистониаш   метавонист бо ҳазор зебосанами шаҳрӣ дар мусобиқаи зебоӣ баромад карда, ғолиб ояд. “Аҷаб духтари зебо...” аз дил гузаронд Садоқат. “Ана инро парии куҳистон мегӯянд...” андеша кард Муртазо, вале ҳарду баробар гуфтанд:

-Раҳмат барои ғамхорӣ...

Духтар косаи шир ва ду нонеро, ки дар даст дошт, ба рӯи суфа монду шармгинона гуфт:

-Мо ҳамсояи шумо, ҳо ҳавлиамон дар поёнтари мактаб. Пештар ин ҷо як муаллими дигар зиндагӣ мекард. Ҳоло ӯ рафтагӣ. Касе, ки аз шаҳр ба мактаби мо муаллимӣ меояд, дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад, лекин ҳамаи он муаллимон бе зан буданд. Шумоён аввалин муаллимони оиладоред, ки ба ин ҷо омаданд. Мо дирӯз омаданатонро дида будем, аммо говҳо аз саҳро омаданду модарам фурсат наёфтанд, ки ба наздатон биёянд. Шумоён ҳардуятон муаллим?

-Не, ман алҳол хонашин. Муаллим ана ҳамин кас,-ба шавҳараш ишора намуда гуфт Садоқат,-Пагоҳ, ки ба мактаб рафтанд, баъд маълум мешавад, ки ба кадом синф дарс медиҳанд. Ба фикрам, ту мактабро тамом кардагӣ барин-а?

Духтар бо нӯги кафши нимдошташ дар рӯи замин хат кашидаистода гуфт:

-Не, ман ҳоло дар синфи охирин мехонам. Як сол дер ба мактаб рафта будам...

-А... Синфи ёздаҳум мехонам гӯй... Номат чист?

-Шафоат...Номи хушрӯ не а..?

-Не, чаро? Номи зебо. Шафоат, яъне шафоаткунанда...,-чӣ гуфтанашро надониста ҷавоб дод Муртазо,-Одамро на ном, балки номро одам зебо мекунад. Биё ба хона даро. Янгаат чой дам мекунад, якҷоя ношто мекунем…

-Не, дер мешавад, косаамонро баъд омада мегирам,-инро гуфта духтари зебо аз дарича баромад. Он вақт на Садоқат, на Муртазо ва на Шафоат намедонистанд, ки ин вохӯрӣ тақдири минбаъдаи онҳоро бо ҳамдигар мепайвандад...

Дар саҳни мактаб талабаҳо ва муаллимон саф кашида, ҳама интизори баромадани директор буданд. Олимӣ бо як салобати ба худ хос ба мизе, ки дар байни ҳавлии мактаб бо гулу гулдаста оро дода шуда буд, наздик шуда, ба муаллимон бо даст ишора намуд, ки ба курсиҳо нишинанд. Ӯ хеле дар бораи фоидаи хондану дарсгурезҳои соли гузашта ҳарф зада, оқибат гуфт:

-Мана имсол дар мактаби мо тағйиротҳои калон дар назаранд...

Онҳое, ки бист сол пеш ҳамин мактабро хатм намуда буданд, зери лаб хандиданд, зеро ин суханонро ҳанӯз ҳамон солҳо Олимӣ, ки нав директор таъйин шуда, он вақт ҳоло ҷавон буд, мегуфт. Акнун ин падару модарон-шогирдони дирӯзаи ӯ фарзандони худро ба мактаб оварда истода, боз ҳамон суханонро мешунаванд, аммо…

Олимиро ҳама ҳурмат мекарданд, ҳам дар деҳа, ҳам дар ноҳия ва ҳам дар вилоят, зеро марди пуртаҷрибаю дунёдида ва директори хуб буд.

-Имсол дар мактаби мо хеле тағйирот мешавад,-такрор намуд Олимӣ,-Аввалин тағйирот аз ҳамин рӯз сар шуд. Ба мактаби мо аз шаҳр муаллими нав омаданд. Ин кас домулло Салимзодаанд ва мо муаллимро роҳбари синфи хатмкунандаҳоямон таъйин кардем. Канӣ, муаллим як қадам пеш бароед!

Директор тарзе гап мезад, ки гӯё ба талаба супориш дода истода бошад. Муртазо мисли хонандаи синфи як шарм кард, аммо худро ба даст гирифта ба мобайн даромад ва якбора чашмаш ба Шафоат афтод, ки дар сафи хонандагони синфҳои болоӣ меистод. Аз дидори ҳамсоядухтар муаллими ҷавон ким-чихел ҷуръати тозае пайдо намуд.

-Ин кас худашон муаллими биология. Барои он деҳаи моро барои кор интихоб кардаанд, ки гулу гиёҳи онро омӯзанду баъд рисолаи илмӣ нависанд, то метавонед, аз ин кас омӯзед. Аз хатмкунандаҳо хоҳиш мекунам, ки ба ҳар гуфтаи роҳбари нави синфатон гӯш кунед, вагарна бо собуни ман ҷомашӯӣ хоҳед кард...
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД