new banner new years
Чаро мардро дар хоб шайтон мезанад?
5671

 

Дар хоб шайтонӣ шудани наврасон ва мардони баркамол падидаи муқарарӣ буда, новобаста аз синну сол ва омилҳои дигар рух медиҳад.

Зуд-зуд эҳтилом шудани мардон аз рағбати ҷинсӣ, ҳолати равонӣ ва сатҳи ҳормони ҷинсӣ вобастагӣ дорад. Рафту эҳтилом шудани мард ба рағбати ҷинсияш зарар нарасонад, ба машварати табибон ниёз надорад.

Сабабҳо эҳтилом дар мардон

Эҳтилом ҳангоми хоби шабона бо он сабаб рух медиҳад, ки организми инсон кори худро давом медиҳад ва ҳуҷайраи манӣ ҷамъ мешавад.

Ягона роҳи аз эҳтилом раҳоӣ ёфтан ин мунтазам пеш бурдани ҳаёти маҳрамона аст, вале ҳолатҳои истисноь низ ҳастанд.

Бори аввал писарбачаҳо дар синни 12-15 солагӣ эҳтилом мешаванд. Ин аз оғози балоғати ҷинсӣ ва кори бошиддати ҳормонҳо дарак медиҳад. Мардони калонсол бо чанд сабаб гирифтори эҳтилом мешаванд:

  • Дер-дер мубоширати маҳрамона доштан;
  • Синтези баланди ҳормонҳои ҷинсӣ;
  • Бо сабаби қонеъ нагаштани талаботҳои маҳрамона.

Дар тамоми синну сол эҳтиломшавии мард ҳангоми хоб падидаи муқарарӣ аст. Он метавонад дар натиҷаи ҳассосияти зиёд пайдо шуда, ҳамчун тартиби муҳофизатӣ маҳз шабона зуҳур намояд. Мард хаёлан муносибати маҳрамонаро тасавур мекунад ё аксу наворҳои шаҳвониро тамошо карда, васвось мешавад ва ҳамин чиз боис мегардад, ки шабона эҳтилом шавад.

Меъёр ва ғайри меъёр

Ғайриихтиёр эҳтилом шудани мард шабона метавонад ҳам падидаи муқарарӣ бошаду ҳам нишонаи як қатор иллатҳо. Агар ҳангоми эҳтилом шудан мард дардро эҳсос накунаду дар узвҳои ҷинсияш мушкиле сар назанад, бояд барвақттар оиладор шавад, агар оиладор бошад, зуд-зуд мубошират намоянд. Марди баркамол набояд ҳамарӯза эҳтилом шавад, аз рӯи меъёр дар як моҳ чанд маротиба эҳтилом мешавад, баъзе мардон умуман гирифтори эҳтилом намешаванд.


Сюзана ин шарти Қодирро қабул мекунад, вале пас аз он ки писараш Мерт ба по мехезад, аз қавли худ гашта, ба ҳуҷҷатҳо барои расман ҷудо шудан имзо намегузорад…

 


Мутаасифона, ҷиҳати манфии эҳтилом шудани мард дар он аст, ки метавонад як қатор касалиҳои роҳи пешобдонро ба бор оварад, аз ҷумла, простатит, бемориҳои инфексионӣ, гиперплазияи ғадуди простата ва ҳатто бемориҳои саратонӣ. Албатта ин маънои онро надорад, ки марди эҳтилом мешуда ҳатман гирифтори яке аз ин бемориҳо аст. Аломатҳои ин бемориҳо дар якҷоягӣ бо чанд нишонаи дигар зуҳур мекунанд:

  • Дард ҳангоми пешобкунӣ ё алоқаи ҷинсӣ;
  • Тағйирёбии ранги нутфа, дар таркиби он вуҷуд доштани хун ё зардоб;
  • Тарашшуҳоти бадбӯй;
  • Пайдо шудани донача дар мавзеи узвҳои ҷинсӣ;
  • Дар давраи аввал эҳсоси нороҳатӣ дар поёни шикам дар давоми рӯз.

Рафту ҳангоми эҳтилом мард ягон нороҳатиро эҳсос накунад, он ба ҳаёти маҳрамона таъсир намерасонад ва қувваи мардиро паст карда наметавонад.

Боз як нишонае, ки ба машварати табиб водор месозад, ин эҳтилом шудани мард дар бедорияш аст. Агар мард рӯзона пайваста эҳтилом шаваду худро идора карда натавонад, бояд фавран аз пайи ташхис ва табобат шуда, ба саломатии узвҳои ҷинсӣ диққати хоса диҳед.

Табобат ва пешгирӣ

Марди баркамоле, ки ҳамарӯза эҳтилом мешавад, каме нороҳатиро эҳсос мекунад, вале ин набояд сабаби хавотирӣ гардад. Ин ҳолат аксаран ҳангоми асабонияти сахт дида мешавад.

Аввалин маслиҳати табибон ба мардоне, ки ҳангоми хоб эҳтилом мешаванд, ин мунтазам ҳаёти маҳрамона доштан аст. Барои каме ором шудани асаб ва таскин бахшидан маҳлули нардсунбул (валериана) истеъмол кардан мумкин аст.

Рафту ташхис ягон бемориро нишон надиҳад, шумо бояд тарзи ҳаёти худро тағйир диҳед. Барои беҳтар сохтани кори узвҳои ҷинсӣ ба маслиҳатҳои зерин гӯш андозед:

  • Тарки одатҳои бад ва истеъмоли ғизои хуб;
  • Мунтазам пешбарии ҳаёти маҳрамона;
  • Машқҳои ҷисмонӣ — воситаи хуби аз асабоният раҳоӣ ёфтан, вале онро нимаи аввали рӯз бояд иҷро намуд;
  • Шабона нӯшидани машрубот ё хӯроки равғанин лозим нест, организм бояд хуб истироҳат намояд;
  • Бегоҳирӯзӣ ягон намуди фаъолнокӣ, аз ҷумла тамошои баъзе филмҳо манъ аст.

Шабона ғайриихтиёр эҳтилом шудани мард падидаи муқаррарӣ аст, ба шарте ки он бо дарду дигар нишонаҳои ташвишомез зуҳур накунад. Дар синни наврасӣ ба эҳтилом диққат додан лозим нест, он баъди пурра ба балоғат расидан ба охир мерасад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД