1xbet
Лоиқ рӯҳи Давлатманди Холро зинда нигоҳ медорад
53

Лоиқ Холов фарзанди ҳунарманди бузурги тоҷик, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов буда, пайрави ростини падар мебошад.

Лоиқ аз овони кӯдакӣ дар фазои мусиқӣ тарбия ёфта, аввалин думбараашро дар синни 7-солагӣ ба даст гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ки падари сахтгираш ӯро пайваста роҳнамоӣ мекард ва дар ҳар қадами ҳунаромӯзӣ бо нигоҳи устодона ҳамроҳӣ менамуд.

Шуҳрати Лоиқ Холов аз соли 2021 ба таври васеъ шуруъ шуд, вақте ки суруди “Роҳдур модарам” дар шабакаи YouTube нашр гардид ва зиёда аз ду миллион бинанда ҷамъ овард. Пас аз он, Лоиқ як қатор сурудҳои дигарро эҷод кард, ки писанди тамошобин шуданд.

Сурудҳои маъруфи ӯ, ба мисли “Борон агар биборад” ва “Ҳаво, ки шар-шар мекунад” ва ғайра миёни мухлисон маҳбубияти зиёд доранд.

Лоиқ роҳи падарро идома дода, рӯҳи Давлатманди Холро зинда нигоҳ медорад.

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД