Ҷасади Нилгунро пас аз чор рӯз чанд деҳа поён ёфта ба хок супориданд.
Акнун Меҳрии бечора танҳои танҳо монда буд ва дар зиндагӣ ягон ҳамдаму ҳамроз надошт. Меҳрӣ бо писари яккаву ягонааш Хуршед мисли чуғз дар вайрона танҳо монда, ба тақдири бадаш лаънат мехонд. Икром аз тарси занаш дигар ба ӯ ҳатто ду дона нон ҳам намеовард. Азоби камбағалию қашшоқӣ ва дарду алами танҳоӣ ҷони Меҳриро ба лабаш расонида буд, баъзан мехост мисли апааш Нилгун худро ба дарё партофта, аз ин зиндагии сагона халос шавад, вале боз фикри тақдири писари ягонаашро карда, гиребони тавба медошт...
Шикасти бахти Нигина
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, байни келину хушдоман чӣ гапе гузашту дар ҳамин рӯзҳои сахт холааш пӯстинашро чаппа пӯшида, бо баҳонаи бефарзандӣ апааш Нигинаро аз хонааш пеш кард. Ҳанӯз ақди никоҳашонро расман ҷудо накарда, шавҳари Нигина, ки писари холаашон буд, тӯйи бодабдаба оростаю гӯши фалакро кар карда, зани духтар гирифт. Нигинаи берӯзӣ ба шикасти бахт тоб наоварда, набинаму насӯзам гӯён, сарашро гирифта ба Русия рафт. Меҳрӣ зорӣ кард, ки ба тақдир тан дода, ҳамроҳи ӯ ва писараш зиндагӣ кунад, аммо Нигина “хоҳарҷон, умри инсон ба мисли оби дарё зуд мегузараду ана-мана нагуфта писарат калону зангир мешавад. Ман як умр дарди сари шумо шудан намехоҳам, охир бе ин ҳам рӯзатро бо як азоб мегузаронӣ. Дидаю дониста ба ними ноне, ки ту бо меҳнати зор меёбӣ, шарик шудан убол аст. Тан ба тақдири парвардигор дода ба Русия меравам ва 5-10 сол кор карда, ягон кулбача мехарам” гӯён, бо чашмони пуроб ӯро ба оғӯш гирифта хайрухуш кард ва бори сафар бардошта, ба мулки ғурбат рафт...
Гузашти умр
Солҳо турнасон гузаштанд. Меҳрии шавҳардори бе шавҳар писари ягонаашро дар танҳоӣ ба воя расонд. Акнун Хуршеди 20-сола йигити чор кас медидагӣ шуда буд. Меҳрӣ орзу мекард, ки писаракашро хонадор карда, ба танаш ҷомаи домодӣ пӯшонад ва дар пеши келин арғушт рафта, ормон шиканад. Бо мақсади амалӣ намудани орзуҳои модари ранҷкашидааш Хуршед роҳи Русияро пеш гирифт ва муддати ду сол мардикорӣ карда, бо пули хуб ба Ватан баргашт. Ин ҷавони бо нангу номус ва бағайрат корро аз таъмир намудани хонаю ҳавлии солҳои сол обу ранг надида сар карда, дар тӯли чанд рӯз манзилашро рангу бӯйи нав бахшид. Меҳрӣ Худоро шукр мегуфт, ки ба подоши он ҳама азобҳои кашидааш Худованд чунин писари меҳрубону ғамхорро ба ӯ насиб дидааст, аммо...
Арӯси бе ҳаё
Хуршед тариқи телефон бо Соро ном духтаре шинос шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба ӯ дил баст ба модараш розӣ дил кард, ки ҳамон дӯстдоштаашро ба занӣ гирифтан мехоҳад. Меҳрӣ дили писари ягонаам нашиканад гӯён, аслу насаби духтарро напурсида, хостгорӣ рафта ва дар байни ду ҳафта тамоми чизу чораи лозимаро харида бурду тӯйи зебое ороста бо умеду орзуҳои ширин келин фаровард, вале баъди тӯй маълум шуд, ки очаю бача дар интихоби худ сахт хато кардаанд. Арӯси хушкардаи Хуршед хеши дури палонҷи Меҳрӣ ва мисли аммааш бисёр шаттоҳу бадтол будааст. Рӯзҳои аввал ӯ худро духтари сарпаст ва боодоб нишон медод, аммо баъдтар маълум шуд, ки ин хапаки таги таппак каждуми таппа тайёр будааст. Арӯси танбал дасташро ба оби сард назада, то нисфирӯзӣ хук барин хоб мерафт. Меҳрии бечора ба ҷойи келин карда осудан, худаш хонаву ҳавлӣ мерӯфт, либосҳои писарашро шуста дарзмол мекард ва нону хӯрок мепухт. Арӯси танбали бе ҳаё нисфирӯзӣ чашмонашро молида-молида аз хона мебаромад ва шустушӯ карда, нону оши тайёрро мехӯрду назди оина нишаста худро мисли актрисаҳо орову торо медод ё дар назди телевизор ғел зада, сериал тамошо мекард...
Келин не, каждум!
Меҳрӣ умед дошт, ки баъди фарзанддор шудан ақли келинаш ба сараш зада ошу нонро ба гардан мегирад, аммо хаёлаш хом баромад. Пас аз як сол арӯси эрка писар таваллуд карду тамоман аз худ рафт. Вай дигар на шавҳараш Хуршедро писанду манзур мекард, на хушдоманашро ба як пули пучак мегирифт. Танбалию дамдуздиаш як дарду забони мисли ғунда заҳрнокаш дарди бедавои дигар буд. Аз даҳони ин ҷавонзани ҳамеша қошу қавоқаш овезон ягон гапи хуб намебаромад. Вай ҳатто бо кӯдаки худаш одамвор муносибат накарда, тифлаки бегуноҳро сағераи ҳаромӣ гӯён, мезад.
Меҳрӣ чанд маротиба келинашро насиҳат карда гуфт, ки ин алфози бадро дигар ба забон нагирад, вале гапи хушдоманаш аз як гӯши вай даромада, аз гӯши дигараш баромада мерафт. Як рӯз боз кӯдак ғаш карду модари морзабонаш “сағераи ҳаромӣ, дамата гир, ки ҳозир туро буғӣ карда мекушам” гӯён, тифлаки ҳанӯз шашмоҳа нашударо чанд шаппотӣ зад. Бо дидани ин манзара хун ба сари Меҳрӣ зад ва набераашро аз дасти келин кашида гирифту гуфт:
-Шарм намедорӣ, ки фарзанди худатро сағираи ҳаромӣ мегӯӣ? Медонӣ киро ҳаромӣ мегӯянд?! Шукри Худо, ин кӯдак бо никоҳи мусулмонӣ поку ҳалол ба дунё омадааст. Барои чӣ тифли бегуноҳро ин қадар дуою дашном мекунию мезанӣ. Ҳамин қадар тоқат кардам, вале ту ҳеҷ одам нашудӣ, ки нашудӣ. Тоқатам тоқ шуд, ҳамин бегоҳ Хуршед аз кор биёяд, гуноҳҳоятро як ба як ба шавҳарат мегӯям...
- Дар вақташ шарм надошта бе никоҳ ва бе тӯю тамошо аз шӯйи мардум шикаматро пур карда, бача кардӣ, имрӯз бошад, аз худат фаришта тарошида, маро насиҳат мекунӣ?! Тамоми маҳалла медонанд, ки Хуршед ҳаромӣ аст,-бо тамоми овоз дод зад келини морзабон ва афзуд,-ҳафт пушти ҳаромӣ ҳаромзода ҳисоб мешавад. Аслан, нони шумоёнро хӯрдан раво нест, вале мани беақл ахмақ шуда ба писари ҳаромии ту ба шавҳар баромадам...
Таънаи келини каждумсираташ аз ҷавшани ҷони Меҳрӣ гузашт ва оби чашмонаш мисли дарёи маҷрогумкарда беихтиёр ба рӯйи дидагонаш шорид...
Додарарӯсҳои муштзӯр
Зӯрию пешхезӣ гуфтагӣ барин, келини шаттоҳи Меҳрӣ ба ҷойи он ки аз хушдоманаш бахшиш пурсад, кӯдакашро партофта, қаҳр карда ба хонаи модараш рафт. Дили Меҳрӣ аз заҳри забони келин хуншор гашта бошад ҳам, бо зорию таваллои бисёр рӯзи дигар писарашро ба хонаи хушдоманаш фиристод, то ки рафта занашро биёрад, вале бародарони ҳамсараш “беваи очаи ту хоҳари моро хафа кардааст” гӯён, Хуршедро зери мушту лагад гирифтанд. Хуршед аз хонаи падарарӯсаш бо куртаи дарида ва сару рӯйи пур аз хун баргашта гуфт, ки ҷавоби зани шӯрандоз ва беандешаю бадзабонашро медиҳад, аммо ба хотири ятим нашудани наберааш Меҳрӣ худро дар пеши пойи писараш партофта, зорӣ кард, ки ин корро накунад.
-Бачаҷон, гардани шайтонро шикан. Занат бе ақл шуд, ту ҳаргиз беақлӣ накун. Писарам, бо гуноҳи ман ту худат қариб, ки бе падар калон шудӣ, намехоҳам, ки писаракат ҳам аз меҳру муҳаббати падар дур монда азоб кашад...
-Оча, ин занак одам намешавад. Биё, ҷавобашро барвақттар диҳам, охир хас каму ҷаҳони пок гуфтаанд. Писарамро умраш дароз бошад, бо азоб бошад ҳам, калон мешавад. Мо як умр нони падарро нахӯрда намурдем-ку,-даст афшонд Хуршед.
-Дониста мон, агар писаратро сағера кунӣ, дар ду дунё гуноҳатро намебахшам,-гуфт бо чашмони пуроб Меҳрӣ.
Марг аз дасти қудо
Меҳрӣ қариб як ҳафта интизор шуд, ки шояд қаҳри келинаш паст шуда, ба хона бармегардад, вале аз ҳамсари Хуршед ҳеҷ дарак нашуд. Дили Меҳрӣ барои наберааш гум мезад. Билохира сабру қарор аз даст дода, ба хонаи қудо рафт, то ки келину набераашро гирифта биёрад. Одатан аз дари тоҷик душман дарояд ҳам, одоби меҳмондориро ба ҷо оварда, меҳмонро бо чеҳраи кушода пешвоз мегиранд, вале аҳли оилаи қудояш Меҳриро ба қавле бо тиру камон истиқбол гирифтанд. Падари Соро Меҳриро чунон дашномҳои қабеҳ дод, ки дар умраш аз забони ягон кас нашунида буд, модараш бошад “беваи ҳароми шавҳардузд” гӯён, мисли гурбаи ваҳшӣ мӯю рӯяшро канда гирифт. Фишори хуни Меҳрӣ бар асари ин афту дарафт баланд шуда, беҳолу бемадор ба замин афтид. Соро ва модараш “беваи маккор чӣ худатро мурда кардӣ” гӯён, ба сару рӯйи Меҳрии бе ҳушу бе ёд бо мушту лагад мезаданд. Ба ин ҳам дилаш тар нашуда, модари Соро “беваи худозада, худат дар вақташ ҳаромӣ зоидию боз духтари маро ҷанг мекунӣ-а?! Ҳоло ист, туву сағераи ҳаромиатро ба суд дода, хонаю даратро кашида мегирам. Очаю бача бомж шуда, мисли гадо дар кӯчаҳои мегардед” гӯён, мисли Азроил бо тамоми қувват гулӯи Меҳриро буғӣ кард. Меҳрии бе пушту паноҳи аз зиндагӣ наосуда ду-се бор дасту по зада, аз дасти қудои қотил ва келини каждумсифаташ ҷони басо ранҷу азоб дидаашро ба ҷонофарин супурд...
Гунаҳкори бе гуноҳ
Баъди марги модараш Хуршед талоқи занашро дод, вале ҳамоно тамоми мардум фоҷиаи ба сари онҳо омадаро муҳокима карда, дар бораи марги пуразоби Меҳрӣ аз дасти қудо ва келинаш гап мезаданд. Хуршед худро дар марги бемаҳали модараш гунаҳкор дониста, ҷуръати ба рӯйи одамон нигоҳ кардан надошт. Нангу номус ӯро дарун ба дарун мисли ҳезуми тар месӯхт. Ҷавон тоби бардоштани ин аламро накарда, баъди додани маъракаҳои мотамии модараш сарашро гирифта ба Русия рафт. Ҳамин тавр хонаи Меҳрӣ ба лонаи чуғз табдил ёфта, аз бесоҳибӣ вайрону валангор шуд...
Ҷӯразода Б