Formula novemver 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 17)
02.02.2020
А.ҲОҶӢ
3246

(Давомаш)

Рӯзи якшанбе. Дар саҳни мактаб хонандагоне, ки бояд ба озмуни ноҳиявии ҳаваскорони санъат мерафтанд, ҷамъ омада буданд. Духтарон дар бар либосҳои рангоранг чун гулҳои наврӯзӣ майдончаи назди даромадгоҳи мактабро ҳусни дигар бахшида буданд. Сафеддоронро макони париён мегуфтанд, воқеан ҳам имрӯз дар ин ҷо гӯё париҳо аз осмон фуруд омада буданд. Духтарҳо бо майли тамом либосҳояшонро ба ҳамдигар нишон медоданду худ нафаҳмида дили ҷавонписаронеро, ки дар як ҷо тӯда зада, онҳоро тамошо мекарданд, мерабуданд. Ин вақт аз дарвозаи хурди мактаб шоҳи париён-Шафоат намудор гашт. Баробари дидани ӯ ҳам дугонаҳояш ва ҳам бачаҳои ҳамсинфаш аз гуфтугузор бозмонданд. Аз дарвоза гӯё офтобе даромад, ки бо дурахши худ соя ба моҳу ситораҳо афканда буд. Куртаи хушдӯхт ва камзулчаи зардӯзиаш ба ҳусни оламсӯзи Шарофат ҳусни дигар зам намуда, тамоми зебогии баданашро намоиш медод. Мӯйҳои дарозаш гирди тоқии "нигина" чамбарак карда шуда, туфлиҳои баландпошна қадашро аз будаш баландтар нишон медод. Касе аз ӯ чашм канда наметавонист. Духтарон бо рашку ҳасуди дарунӣ, писарон бо ҳавасу завқи мардона ин муъҷизаи Худовандро тамошо мекарданд, аммо Шафоат, ки кайҳо бартариашро аз дигарон медонист, ба ҳеҷ кас эътибор надода ба тӯдаи духтарон ҳамроҳ шуд. Аз бадани ӯ бӯйи хуши атри гаронбаҳое меомад. Вай ба саволҳои дугонаҳояш сар- сарӣ ҷавоб медоду чашмонаш касеро ҷустуҷӯ мекарданд.

-Ана ҳамин тавр муаллим, инҳо фарзандони мардуманд ва падару модаронашон ба мо бовар карда иҷозат додаанд, ки ба ноҳия барем. Бояд тавре кард, ки бе ягон "ЧП" дар озмун иштирок кунанд ва аз мавҷудияти мактаби мо ҳам дар ноҳия дигарон огоҳ шаванд. Худатон хуб медонед, ки чунин озмунҳо дар чандин сол як бор ташкил мешаванд. Пештар мактаби мо дар ягон озмун иштирок намекард, барои ин ҳар сол ман аз мудири маориф ва роҳбарони ноҳия гап мешунидам. Шукр, ки имсол бо ташаббуси шумо ин корро ташкил карда тавонистем. Ана, автобуси гуфтаам ҳам омад. Ман муаллими физика Содиқовро ҳам бо шумо мефиристам. Дар он ҷо кӯмакатон мекунад. Эҳтиёт шавед, хусусан аз писарбачаҳо. Онҳоро як лаҳза озод гузоред, ҳар кор карданашон мумкин. Он ҷо шаҳр аст ва бачаҳо мехоҳанд ба мағозаҳо раванд, тамошо кунанд, онҳоро ба ягон ҷо рафтан намонед. Баромадашон, ки тамом шуд, рост ба ҳамин автобус савор карда, ба деҳа биёред. Ман ба ҳамаи падару модарон ваъда кардам, ки фарзандонашонро бе ягон шикасту рехт бурда мебиёрем. Маро шарманда накунед...


ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК АЗ ЧИН БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД(ВИДЕО)

 


-Муаллим, кӯшиш мекунам, ки гуфтаҳоятон иҷро шаванд. Ман ҳам аз байни синфҳои ёздаҳ ду-се бачаро чун ёрдамчӣ интихоб кардам. Хавотир нашавед,-Муртазо инро гуфта директорро дилпур намуд ва бачаҳоро ба автобус савор кард....

Автобус аз роҳи кӯҳӣ рӯ ба водӣ метохт ва талабаҳо баробар сурудхонӣ мекарданд. Дар курсии пеш Муртазо ҳамроҳи Салим-сардори синфи ёздаҳ нишаста, рӯихати хонандагонро бо ҳозирон муқоиса мекарданд. Аллакай ин корро як бор карда буданд, аммо Муртазо мехост бори дигар боварӣ ҳосил намояд, ки "шахсони асосӣ" дар автобусанд. Бори чандум буд, ки чашмаш дар рӯ ба рӯи фамилияи Шафоат якбора меистод. Ӯ ба сурудхонии хонандагон гӯш дода, овози ширадори Шафоатро аз байни онҳо фарқ мекард. "Ин духтар сеҳргар аст..." мегуфт дар дил худ ба худ муаллим. Вай ҳайрон буд, ки чаро Шафоат маҳз Муртазоро барои "бозиҳои" худ интихоб кардааст ва гоҳ-гоҳ дуздида- дуздида ба қафо, ба он симои зебо менигарист. Нигоҳҳои дуздонаи муаллимро аз афташ ҳис карда, барои он ки Муртазо ба ӯ дурусттар нигоҳ карда тавонад, Шафоат аз як ҳамсинфаш, ки дар қарибии муаллим менишаст, хоҳиш намуд, ки ҷойҳояшонро иваз намоянд. Магар ба Шафоат "не" гуфта мешавад? Писарак зуд ҷои худро ба ӯ дод. "Чашмбарак"-и муаллиму толиба бо суръати дучанд то замоне, ки автобус дар саҳни ҳавлии Қасри фарҳанги ноҳия қарор гирифт, давом кард. То оғози озмун ҳамагӣ ним соат вақт монда буд...

***

Толор аз намояндагони шуъбаи маориф, ҳукумати ноҳия ва мухлисон пур буд. Вақте ки баранда навбати мактаби деҳаи Сафеддоронро эълон кард, аз толор танҳо садои чаппакзании пароканда ба гӯш расид, маълум буд, ки мухлисони сафедорониҳо дар ин ҷо хеле каманд, аммо вақте, ки духтарони париваш ба рақс даромаданд, вазъ дигар шуда, баъди ба охир расидани рақс толорро мавҷи қарсак ба ларза даровард. Ҳамин тавр, се номер ба охир расид. "Акнун навбати Шафоат, Худо накарда саросема нашавад- ку хуб..." аз паси парда истода аз дил мегузаронд Муртазо. Вақте ки навбати ӯро эълон карданд, бо дидани ин духтари болобаланди аз фаришта ҳам зеботар толор ба ҷумбиш омада, аз ҳар тараф нидоҳои «қандаша занад, духтардор» баланд шуд. Шафоат мисли ҳунармандони касбӣ ба тамошобинон нимтаъзиме кард ва бо қирраи чашм ба тарафи Муртазо, ки аз як гӯшаи пардаи саҳна гоҳ ба толор менигаристу гоҳ ба Шафоат, назар андохт. Садои мусиқӣ баланд шуд ва овози дилкашу ширадори Шафоат толорро пахш кард. Ба тамошобинон нигарад ҳам, имрӯз вай аслан барои Муртазо суруд мехонд. Муртазо низ гӯшу ҳуш ба садои ҷонбахши Шафоат дода, чашмашро аз ӯ канда наметавонист. Ӯ баробари оғози суруд дар ҳавои дигар, дар ҷои дигар ва ба вақти дигар сафар карда буд. Муртазо хаёлан дар байни боғи пур дарахтони пургул сайр мекард. Атрофи пур аз накҳати гулҳои баҳорӣ, вай дар болои бистари нарм, ки аз замин чанд ваҷаб баланд аст, парвоз карда истодааст, дар паҳлӯяш ҳамин зебосанам нишаста ба гӯшаш суруди муҳаббат мехонад. Муртазо худро чунон хушбахт эҳсос мекард, ки гӯё дар тамоми сайёра аз ӯ дида одами хушбахттар набошад…


ДОНИШҶӮДУХТАРИ ХИТОӢ ДАР НАЗДИ МАРКАЗИ САВДОИ ЦУМ АЗ ҲУШ РАФТ

 


Суруд ба авҷаш расид ва аҳли толор якбора ба по бархостанд, вале касе ҷуръат намекард, ки бо як ҳаракати беҷо мавҷи парвози ин таронаи афсонавиро барҳам занад. Ин духтар гӯё ҳамаро ҷоду карда буд ва касе намехост таъсири ин ҷоду кам шавад, аммо ҳар чиз оғозу анҷом дорад ва суруди хуб ҳам ба охир мерасад. Вақте ки Шафоат охирин мисраъҳоро сароиду садои мусиқӣ хомӯш шуд, як лаҳза толорро хомӯшии том фаро гирифт, баъд якбора мавҷи қарсакзании мухлисон толорро чунон ба ларза даровард, ки ҳатто курсиҳо меларзиданд. Шафоат, ки ҳини иҷрои     суруд рухсораҳояш лолагун гашта, пораҳои арақ мисли ёқути суфташуда дар пешониаш ҷило медоданд, гуфтаҳои муаллимашро ба ёд оварда, ба сӯи тамошобинон таъзим кард ва бо роҳгардии ба худаш зебанда ба он гӯшаи саҳна, ки он ҷо Муртазо чашму гӯш ба ӯ дода буд, давид. Вақте, ки духтар ба Муртазо баробар шуд, вай муаллим будани худро фаромӯш карда, ба пешвози Шафоат оғӯш кушод ва духтар низ бе ибо худро ба ин дарвозаи боз андохт. Бори аввал ҷавонмард дар бағали худ ҷисми зиндаи духтар ва ҳарорати онро эҳсос намуда, аз сару рӯяш бӯсидан гирифт. Ӯ дигар инони сабру таҳаммулро аз даст дода буд. Ягона касе, ки ин манзараро мушоҳида мекард, дугонаи Шафоат Матлуба буд...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД