Formula september
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 12)
2974

(Идомааш)

 

...Шафоат медавид. Ончунон медавид, ки заминро дар зери пояш ҳис намекард. Вақте, ки аз дарвозаи мактаб мебаромад, қариб бо муаллими математика Халилзода вохӯрда буд. Муаллими куҳансол худро яктарафа гирифта, аз паси духтари давон андаке чашмонашро нимпӯш карда нигоҳ карду баъд зери лаб гуфт: “Эҳ ҷавонӣ, чунон давиданҳое дорад, ки то ба замин афтодан... Охир андак эҳтиёт шавӣ, намешавад? Қариб маро чаппа кунаде...” Аммо ҳоло дар пеши назари Шафоат осмону замин як буд. Ӯ беист медавид ва ниҳоят ба ҳамон лаби ҷарии паси хонаашон расиду худро ба рӯи сабзаи хушкшудаи замин афканд. Парво надошт, ки либосҳои зардӯзиаш ба хору хас жӯлида буданд. Хусусан куртаи зардӯзии махмали нозукаш ҳар як хасу хошокро ба худ ҷабида буд, вале Шафоат парво надошт ва пас аз андаке ором гирифтан сари зону нишасту боз дастонашро ба рӯяш бурда, аз таҳти дил гиря кард. Гиряе, ки агар касе медид, гумон мекард, ки ҳамин ҳоло ё падар ё модари ин духтар аз дунё гузаштааст. Бале, аз дунё гузашта буд, аммо на падару модар, балки умеду орзуҳои духтар нав аз замини муҳаббат рӯида, ҳамон замон зери жолаи сахт монду паршикаста шуд. ”Охир ман ҳамаи инро барои ту пӯшида будам. Пӯшида будам, ки дар синф танҳо маро бинӣ. Бале, ту танҳо маро дидӣ, вале на барои он, ки аз дидорам лаззат барӣ, балки барои он, ки таҳқирам кунӣ. Хайр чӣ шудааст, ки ман либоси қиматбаҳо пӯшидаам? Дигарон ҳам агар дошта бошанд пӯшанд, дия... «Эҳ шаҳрии нодон. Ҳамон як зани хомӯшакатро аз куҷое ёфтию гумон кардӣ, ки лаззати зиндагӣ ҳамин аст... Ҳоло ист...»,- Шафоат чашмони калону зебояшро, ки дар баҳри ашк ғарқ шуда буд, боз намуда ба атроф нигарист. Дар ин вақти рӯз дар кӯчае, ки аз паси хонаи онҳо убур менамуд, касе наменамуд. Аммо агар одам ҳам мебуд, Шафоатро дида наметавонист. Зеро ӯро аз роҳ деворчаи пасти похсагин ҷудо мекард ва агар сарашро баланд менамуд, кӯчаро дида метавонист. Он тараф ҷарӣ ва дар умқи он дарёчае ҷорӣ буд, ки мардум Сои Гилдон мегуфтанд. То соҳили он тақрибан ягон 25-30 метр масофа буд, ки сарозер мерафт. “Агар аз ҳамин ҷо худро ба поён андозӣ, одам зинда мемонда бошад?” худ ба худ савол дод Шафоат ва беихтиёр ба чидани хору хаси куртааш сар кард. Духтар аз аввала дида, хеле ором шуда буд ва маълум буд, ки гиря сабукаш кардааст. Чашмаш ба гамбуски ба қавли мардум “бибибиёрак” афтод, ки ба болои зонуяш баромада, акнун майли парвоз дошт. Онро оҳиста ба рӯи даст гирифт ва баъд ба тамошои чӣ тавр дар рӯи даст роҳ гаштани он ғарқ шуд. Гамбуск ба ҳамон тарафе мерафт, ки баландӣ бошад. Шафоат дасташро баланд карду нарангушташро кушода нигоҳ дошт. “Бибибиёрак” оҳиста- оҳиста ба тарафи баландӣ ҳаракат кард ва духтар мисли давраи кӯдакиаш зери лаб пичиррос мезад: ”Бибибиёрак бибиамро биёр, бибибиёрак бибиамро биёр...” Ҷонвар то қуллаи баландтарини ангушти Шафоат расиду болҳояшро кушода парвоз кард... “Чӣ ҷонвари аҷибест, куҷое хоҳад, парвоз мекунад. Касе ба ӯ хӯҷаин нест. Чӣ хел либосе пӯшад, кори вай. На муаллим дораду на очаи ҷангара ва на... на… Муртазо. Ё шояд ӯ ҳам ягон Муртазои худро дошта бошад ва ҳоло ба ҷои он, ки ба назди бибӣ равад, ба пеши ӯ парвоз карда рафт? Худо медонад...” Шафоат дубора ғарқи андешаҳои нохуши худ шуд. Чаро ҳамин субҳ ин куртаро пӯшид? Магар намешуд, ки мисли ҳаррӯза либос пӯшад? Ҳа, фаҳмид. Ин субҳ бояд онҳо ҷамъ омада, бори охирин машқ мегузарониданд ва пас аз ду рӯз ба маркази ноҳия сафар доштанд. Акнун машқашон чӣ хел шуда бошад? Ба ҷои Шафоат кӣ суруд хонда бошад? Ин дам духтар сарашро бардошта дид, ки аз тарафи мактаб як гурӯҳ духтарон ва Муртазо ба тарафи хонаи онҳо меомаданд. Чӣ кор карданашро надонист ва сарашро ба қафо гирифта, мунтазири наздик омадани онҳо шуд. Акнун садои духтаронро баръало мешунидагӣ шуд. “Не, муаллим. Ягон кас номери Шафоатро иҷро карда наметавонад ва ягон кас ҳам мисли ӯ овози хуш надорад”,- мегуфт Матлубаи наҳифовоз. “Дар ин дунё ягон одами ивазнашаванда нест, агар розӣ нашавад, ба ҷои ӯ ягон нафари дигарро мемонем...”,- мегуфт муаллим Муртазо. Аз ин суханон дили Шафоат боз ҳам реш - реш шуд. “Наход ин мард заррае ба ман таваҷҷуҳ надошта бошад? Наход на ҳусн, на либос, на овози ман ба ӯ хуш наояд? Хайр чӣ, худаш як марди миёнасурат асту ин қадар ҳавобаланд. Ҳоло ист, ту ба як табассуму илтифоти ман зор мешавӣ... ”,- дар дил таҳдид намуд Шафоат ва дид, ки чӣ тавр муаллим ва духтарон пасу пеш вориди дарвозаи онҳо шуданд. Шафоат аз ҷояш бархоста, куртаю домани худро аз хасу хошок ва гарди замин тоза кардан гирифт...
***
Ҳасратмоҳ овози духтаронро аз рӯи ҳавлӣ шунида, ба берун баромад. –Салом хола, Шафоатро гӯед ба берун барояд,-баробар садо баланд карданд духтарон. Ҳасратмоҳ як- як духтаронро аз назар гузаронида бо ҳайрат пурсид:
-Магар ӯ ҳамроҳи шумо нест?
-Не, вай хеле пештар омада буд-ку...,-ҳайрон шуданд ҳамсинфони Шафоат.
Ҳасратмоҳ саволомез ба Муртазо, ки андаке аз духтарон қафотар меистод, нигарист. Муаллим ҳам бо ҳайрат китф дарҳам кашид.
-Барои чӣ ӯ аз шумо пештар омада буд, магар касал пасал шуд?
-Не, хавотир нашавед холаҷон, ӯ сиҳату саломат аст. Фақат... фақат...,-Давлатмоҳ, дугонаи дигари Шафоат ба тарафи муаллим нигоҳ кард.
Муртазо акнун маҷбур буд, ки ба саволи Ҳасратмоҳ ҷавоб диҳад.
-Медонед хола, ман ин саҳар андак Шафоатро барои либосаш коҳиш кардам. Аз синф баромаду рафт. Мо гумон кардем, ки ба хона омадааст...
-Барои либосаш? Чӣ айб дошт либосаш?
-Ягон айб надошт, баръакс куртаи хеле қимматбаҳо буд. Вале худатон медонед, ки дар мактаб ҳамаи хонандагон бояд либоси ягона пӯшанд. Ана мисли ин духтарҳо. Аммо Шафоат ин қоидаро риоя накарда рафтааст ва ман ҳамчун муаллим ӯро барои ин кораш сарзаниш кардам. Аммо ӯ ба ҷои ба гардан гирифтани гуноҳаш аз синф қаҳр карда баромада рафт.
-Ӯ, ки ба хона наомадааст, пас ба куҷо рафтааст? –хавотиромез гуфт Ҳасратмоҳ,-Ӯ одати бе пурсиш ба ягон ҷой рафтанро надошт...
-Хола, ана ин дафтару китобҳои Шафоат. Онро партофта омад, дастаи китобҳоро ба Ҳасратмоҳ дароз карда гуфт Матлуба
-Хайр. Ба хона даромада шиштан гиред, ҳозир омада мемондагист,-гуфт модари Шафоат дафтарҳои ӯро гирифтаистода, аммо маълум буд, ки дилаш аз духтараш хавотир аст.
-Не, хола. Мо меравем, аммо ба Шафоат гӯед, ки пагоҳ либосҳои мактабиашро ба бар карда, ба мактаб равад. Вай хатмкунанда, ба ман гап мерасад... ,-бо оҳанги сард гуфт Муртазо ва ба тарафи баромадгоҳ роҳ пеш гирифт.
Ҳасратмоҳ ин сардии муомилаи муаллимро ҳис кард, вале чизе нагуфта, духтаронро ба хона даъват карду пеш -пеш худаш даромад.
Муртазо аз дарвозаи хонаи Ҳасратмоҳ берун шуд ва хост ба тарафи мактаб равад. Аммо ба ёдаш расид, ки имрӯз дигар дарс надорад ва ба тарафи хонааш роҳ пеш гирифт. Ҳанӯз даҳ қадам аз дарвоза дур нашуда, баногоҳ аз паси похсадевори сари роҳ садои Шафоатро шунид, ки бо овози паст мегуфт:
-Муаллим... Як дақиқа шуморо мумкин?

А. ҲОҶӢ
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД