Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз рӯзи пурэнергия ва пур аз эҳсосот аст. Барои шахсони танҳо шиносоии нав метавонад оғози муҳаббати ҷиддӣ гардад. Меҳру муҳаббататон нисбати шахси дӯстдошта хеле зиёд мегардад. Барои иҷрои корҳо бояд фаъол бошед, аммо наметавонед неруи худро ҷамъ кунед. Беҳтараш, ба корҳое машғул шавед, ки аз шумо фаъолнокии ҷисмониро талаб намекунанд. Интернет метавонад барои расидан ба ҳадафҳо кумак кунад. Пешниҳодҳои ҷолиби корӣ имконпазиранд. Дар вақти холӣ ба корҳои дӯстдошта машғул шавед, то аз мушкилот дур шавед.
Савр (21 апрел-21 май)
Сирри пинҳонкардаатон метавонад ошкор гардад, аммо ин ба фоидаи шумост, дигар ниёз ба пинҳонкорӣ нест. Корҳоро фаромӯш накунед ва ба ободии хона диққат диҳед. Ҳалли мушкилиҳо вақти бештар талаб мекунад, аммо барои шумо ҳеҷ чиз ғайриимкон нест. Аз ҳар ҳолат сабақ гиред ва хатоҳоро такрор накунед. Манбаъҳои нави даромад ҷустуҷӯ кунед ва роҳҳои пулкоркуниро омӯзед. Саломатиятон хуб хоҳад буд, мушкиле пеш нахоҳад омад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Шумо бо ҳамкоратон мушкилотро паси сар мекунед ва ба созиш мерасед. Муноқишаҳои хурд ва нофаҳмиҳо метавонанд муносибатҳои ошиқонаро сард кунанд, вақти он расидааст, ки монеаҳои нолозимро бартараф кунед. Корҳоятон имрӯз ба таври ғайриоддӣ хуб пеш мераванд. Агар мушкилоти ғайричашмдошт рӯй диҳад, шумо роҳи ҳалли ғайриоддӣ хоҳед ёфт. Дар бораи пулҷамъкунӣ фикр кунед. Агар дар 24 соати оянда худро бад ҳис кунед, ба табиб муроҷиат кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Кӯшиш кунед, ки ҳатто дар ҳолати асабонӣ ва норозигӣ ором бошед. Эҳсосоти манфиро хомӯш кунед ва ба баҳсҳои нолозим ворид нашавед. Муносибатҳои хуб бо наздикон дар ин давра аз меҳрубонии шумо ва шунидани фикру эҳтиёҷоти онҳо вобаста аст. Дар гурӯҳи корӣ шахси мансабталаб пайдо мешавад, эҳтиёт шавед. Дар масъалаҳои молиявӣ диққати зиёд лозим аст. Аз қиморбозӣ ва шартгузориҳо худдорӣ намоед. Имрӯз эҳтимоли осеб дидан вуҷуд дорад, аз ҷамъомадҳои серодам ва зиёфатҳо дурӣ ҷӯед.
Асад (23 июл-23 август)
Бо дӯстдоштаатон аз дидори якдигар шод мешавед ва лаҳзаҳои ширинро эҳсос мекунед. Ба муҳаббат иҷозат диҳед, ки гул кунад ва шуморо хушбахт созад. Мушкилиҳои молиявӣ ва корҳои хонагӣ эҳтимол доранд, аммо шом оромтар хоҳад буд ва эътимод ба оянда пайдо мешавад. Имрӯз эҳтимоли имзои ҳуҷҷатҳои муҳим вуҷуд дорад. Фаъолияти баланд дар кор фоида меорад. Аз хароҷоти калон худдорӣ намоед ва қарз нагиред. Хушбин бошед ва аз худтанқидкунӣ канорагирӣ кунед, ба шумо эҳсосоти мусбат лозим аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Нисбати дӯстдоштаи худ рашк карда, ҷангу ҷанҷол карданатон имконпазир аст. Муносибатҳои оилавӣ метавонанд бо сабаби хабарҳои дурӯғ зери хатар қарор гиранд. Кӯшиш кунед, ки вазъро бадтар накунед ва ба ҳамсаратон беҳуда муноқиша накунед. Имрӯз шумо ба вазифаҳои худ ҷиддӣ муносибат мекунед. Бо вуҷуди шитоб, шумо худро шахси даркорӣ ҳис мекунед. Агар маблағ барои ҳолатҳои ғайричашмдошт ҷамъ накарда бошед, эҳтимолан ба қарз ниёз пайдо мешавад. Аз одамоне, ки бо диданашон табъатон хира мегардад, худро дур гиред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ҳангоми қабули қарорҳои муҳим, ба овози ақл гӯш диҳед. Ба эҳсосот дода нашавед. Муносибатҳо бо шахси наздик боэътимодтар мешаванд, ҳамааш бо шарофати кӯшишҳои шумо. Дар ҷои кор ба ҳамкорон иҷозат надиҳед, ки шуморо саросема кунанд ё вақтатонро гиранд. Имрӯз эҳтимоли хатогиҳои ҳуқуқӣ ва мушкилоти дигар вуҷуд дорад, эҳтиёт шавед. Барои пешгирии фишори равонӣ, аз вазъиятҳои муноқишавӣ канорагирӣ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шумо нозуку зудранҷ шудаед. Барои ором кардани асабҳо ба кошонаи ҳусн равед ё либосҳои нав харед. Эҳтимоли нофаҳмиҳо дар муносибатҳои оилавӣ зиёд аст. Ваъдаҳои додаатонро ба ёд оред. Дар кор, роҳбарият ба шумо таваҷҷӯҳ мекунад ва қобилияти эҷодии шуморо мебинад. Аммо барои пешрафт дар мансаб, заҳмати зиёд лозим аст. Бонк метавонад ба шумо қарз надиҳад, аз ин рӯ беҳтар аст, ки ба муассисаҳои молиявӣ муроҷиат накунед. Ба ғизо ва реҷаи рӯзатон диққат диҳед, ин ба саломатӣ ва зоҳири шумо таъсири мусбат мерасонад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Шояд шахсе ба шумо таваҷҷӯҳ зоҳир кунад, аммо эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки ӯ хеле исроркор бошад. Дар ҳар кор ба ҷузъиёти хурд диққат диҳед, агар мехоҳед муваффақ шавед. Нодида гирифтани ҷузъиёт метавонад ҳама чизро вайрон кунад. Имрӯз рӯзи хубест барои мубориза бо рақибон, шумо ғолиб хоҳед шуд. Агар худро ноором ҳис кунед, аз корҳои банақшагирифтаатон даст кашед. Ин маслиҳат махсусан муҳим аст, агар шумо ният доштед, ки қарзи бонкӣ гиред ё шартнома имзо кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз эҳтимоли муноқишаҳо ҳатто бо наздиктарин одамон вуҷуд дорад. Агар чунин ҳолат рӯй диҳад, кӯшиш кунед, ки ҳарчи зудтар оштӣ кунед. Саркашиву якравии шумо боиси ҷанҷол дар оила мегардад. Дар масъалаҳои молиявӣ имрӯз беҳтар аст, ки пулро дар корҳои хатарнок сарф накунед. Агар ба сабаби беморӣ наметавонед ба кор равед, ноумед нашавед, ҳар кас ҳақ дорад гоҳ-гоҳ дар хона бимонад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Дар ҳаёти шахсии шумо тағйироти деринтизор рух медиҳанд. Шахсеро пайдо мекунед, ки метавонад тақдири шуморо тағйир диҳад. Мушкилоти пинҳонии худро хотима медиҳед. Шомгоҳон имконияти муҳокимаи масъалаҳои деринтизорро хоҳед дошт. Беҳтараш иқдом нишон надиҳед, ин метавонад ба мушкилоти ғайричашмдошт ё пайдоиши душманон оварда расонад. Корҳои ҷисмонӣ муфиданд, махсусан агар шумо вақти зиёдро дар офис мегузаронед. Дар ҷойҳои серодам, варзишгоҳҳо ва зинапояҳои баланд эҳтиёт шавед, эҳтимоли осеб дидани дасту по вуҷуд дорад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз шумо саргузаштҳои ошиқонаи кӯҳнаро ба ёд меоред. Ҳолати романтикӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки аз ҳолати стрессӣ, ки чанд муддат қарор доштед, берун шавед. Дар зиндагии шахсони оиладор бо сабаби харидҳои беандешаи ҳамсар муноқиша сар мезанад. Бо нафароне робита карданатон лозим меояд, ки бароятон писанд нестанд ва бо диданашон табъатон хира мегардад. Бояд тоқат кунед, зеро комёбиҳоятон аз онҳо вобаста аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ қарз нагиред.