Arzon march 2024
Писарам Русия рафт, ки хона харад, вале...
03.06.2025
ҲАНИФА
2093

Салом! Ман як модари ғамзадаи тоҷик, мехоҳам саргузашти талхи писари муҳоҷирамро нақл кунам, то ки ба дигар ҷавонони муҳоҷир дарси ибрат гардад ва хатои фарзанди маро такрор накунанд. Ману шавҳарам ҳамдигарро боре ҳам надида, бо хости волидонамон оиладор шуда будем. Пас аз тӯй фаҳмидам, ки шавҳарам як духтари ҳамсабақашро дӯст медоштааст, вале падару модараш он духтарро “сарлучу мӯйбурида” гӯён, келин накардаанд...

Домод аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ба ман чандон меҳру муҳаббат надошт, аммо мани сода ба мисли аксари занҳои тоҷик “худо хоҳад, соҳиби фарзанд шавем, ҳамааш хуб мешавад” гӯён, худро фиреб дода, бо тамоми ҳастӣ аз паси хизмати хусуру хушдоманам шудам.

Волидон ва хешу табори шавҳарам маро келини чаққону ҳунарманд гӯён, дар ҳама ҷо таърифу тавсиф кунанд ҳам, ба чашми шавҳарам на торту хӯрокҳои бомаззаи пухтаам менамуданду на тозагию озодагӣ ва ҳурмату эҳтироми ман, ҳушу ёди ӯ то ҳол ба ишқи аввалаш банд буд. Сар ва чисмаш дар канори ман бошад ҳам, дили шавҳарам ҳамеша бо ҳамон духтари ҳамсабақаш буд ва инро аз ман пинҳон ҳам намекард. Хушдоманам аз писараш пинҳонӣ маро насиҳат карда мегуфт, ки пай дар пай таваллуд кардан гирам, дили шавҳарам бо тавлиди ҳар як фарзанд ба зиндагӣ бештар гарм мешавад ва мани сода ҳам насиҳати ӯро гирифта дар 7 сол як писару ду духтари нозанин ба дунё овардам, вале мард дӯст надорад, бо фарзанд ӯро побанд карда намешудааст. Ба бахти бади мани ятим хусуру хушдоманам ба хонаи духтари калониашон ба вилояти Суғд меҳмонӣ рафта, дар роҳ ба садама гирифтор шуданд ва ҳарду дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Шавҳарам пас аз марги фоҷиавии волидонаш ва гузаронидани маъракаҳои ҳафту чили онҳо иқрор шуд, ки чанд сол пеш аз ҳама пинҳонӣ ишқи аввалашро ба занӣ гирифтаасту аллакай аз вай ду фарзанд дорад ва талоқи маро дода, аз хона пеш кард. Азбаски ману шавҳарам ҳатто ЗАГС надоштем, касе ба додам нарасид ва ҳамин тавр бо 3 кӯдаки хурдсол дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондам.

Падару модарам барвақт аз олам гузашта буданду ҷойи рафтан надоштам, гоҳ дар хонаи апаҳоям, гоҳи дигар дар хонаи акаҳоям зиндагӣ мекардам, вале касе ба ману кӯдакони зиндаятимам рӯйи хуш намедод. Дар ҳама ҷо мо дарди сари зиёдатӣ ва таънашунав будем. Бачаҳоям дар зиндагӣ хорию зориҳои бисёре кашиданд, чунки падарашон ягон бор онҳоро суроғ намекард, барои мани бесавод бошад, ба танҳоӣ ба воя расонидани се фарзанд бениҳоят мушкил буд. Ҳамин душвориҳои зиндагӣ боис шуданд, ки писарам баъди хатми мактаб ба нею нестони ман нигоҳ накарда, роҳи Русияро пеш гирифт. “Очаҷон, охир то ба кай мо дар ба дари хонаи мардум мегардем?! Рафта мисли дигар ҷӯраҳоям дар Россия кор мекунам ва пул ҷамъ карда, хона мехарам, то мисли дигарон одам барин зиндагӣ кунем”,- гуфта буд писарам вақти рафтан, вале...

Як соли аввал кораш чандон бад набуд, кам бошад ҳам, ҳар моҳ як сум-ним сум пул равон мекард, аммо баъд писарам бедарак шуд. Қариб 4 моҳ аз вай тамоман хабар надоштам, на занг мезад ва на пул мефиристод, баъд фаҳмидам, ки писаракам ба зиндон афтидааст. Ростӣ чи гуноҳ карданашро намедонам, вале аз рӯйи гуфти худаш, ӯро “подставит” карда, даҳ сол ҳабс кардаанд.

Писарам бо умеди хона харида аз таънаю маломати мардум халос шудан ба Русия мардикорӣ рафта буд, аммо ба ҷойи зиндагии осуда кунҷи зиндони тираву тор насибаш гашт. Имрӯз мани модари зор сарамро ба дару девор зада мегӯям, ки кошкӣ сад сол бе хонаю бехонумон ва овораю дар ба дар мегаштаму писараки ягонаам ба зиндон афтида, умри ҷавонашро хазон намекард, аммо тақдири талхрол тадбир карда намешавад.

Ба муҳоҷирони тоҷик гуфтаниям, ки барои пули калон шуда, худро ба хатар наандозанд, зеро тамоми пулу мол ва ганҷи олам ба озодӣ баробар шуда наметавонад.

ҲАНИФА, як модари аламзадаи тоҷик

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД