(Давомаш)
Муртазо барои он, ки Садоқат ва Иқбол аз хоб бедор нашаванд, дари хонаро оҳиста кушодан хост, аммо қасд кардагӣ барин дари ғиҷирросӣ ин дафъа аз будаш ҳам зиёд нолакунон садо баровард. Муртазо дар равшании чароғи хира (аллакай дар моҳи октябр реҷаи додани барқ ҷорӣ шуда буд) дид, ки Садоқат сари ҷойгаҳ нишаста, бо овози паст гиря дорад. Хомӯшона либосҳои рӯяшро бароварда дар болои ҷойгаҳ дароз кашид ва ду дасташро харпанҷа андохта, ба паси сараш гузошту чашм ба шифт дӯхт. Садои фиқ- фиқ гиристани Садоқат дар хомӯшии хона ба назараш боз ҳам баландтар намуд ва тоқат карда натавониста гуфт:
-Садоқат, барои чӣ ҳам дили худатрою ҳам дили маро зиқ мекунӣ? Мон Иқболҷон хоб равад. Аслан сабаби гиряи ту чист, намефаҳмам…
-Намефаҳмӣ? Нағз мефаҳмӣ! Ман дар ин гӯшаи куҳистон ҳар рӯз заҳр мехураму ту намефаҳмӣ? Биё мон, ҳамин гапҳоятро... Агар ту ба ману бачаат раҳм медоштӣ, як бор мепурсидӣ, ки чӣ ҳол доред...
-Дар хона обу нон нест ё аз либосу палос камбудӣ дорӣ?
-Не, ман дар қаср зиндагӣ карда истодаам!-бо зарда ҷавоб дод Садоқат,-Ба як хонаи иҷора оварда тиққондию боз мегӯӣ, ки чи камбудӣ дорӣ. Дар атроф ягон одами зинда нест, ки ҳамроҳаш суҳбат кунӣ, ту бошӣ, аз субҳи содиқ то шоми торик дар мактаб бо кору бори худат овораӣ. Аз куҷо медонӣ, ки дар ин ҷо аз дили ман чиҳо мегузарад…
-Ту ягон занаки бесавод нестӣ-ку! Кор кор аст, ман ба ин ҷо хонапоӣ не, коркунӣ омадаам. Наход ба ҳамин чизи оддӣ сарфаҳм наравӣ?! Чаро ту беҳуда моҷаро карда истодаӣ? Ин зиндагӣ аст занак!
-Марги чунин зиндагӣ! Ин зиндагӣ нест, марги тадриҷист. Ту мехоҳӣ, ки ман дар ҳамин ҷо умри ҷавонамро хазон кунам ва дар байни ҳамин чор куҳ пир шаваму ту бошӣ...
-Садоқат, охир худат мехостӣ, ки ба ягон гӯшаи аз шаҳр берун рафта андак зиндагӣ кунем ва баъд боз ба шаҳр баргардем, аммо акнун...
-Ман намедонистам, ки дар ин ҷо шароити ин хела аст. Гумон кардам ту маро ба ҷое мебарӣ, ки андаке ҳам бошад ба шаҳр монанд бошад. Дар ин ҷо ҳамагӣ як мағоза ва ҳамон ҳам дар ким куҷост, телевизор намегирад, на барқ ҳасту на ягон шароити дигар.
-Ман гуфтам-ку, тоқат кун, бухорӣ мешинонем, чунон гарм мешавад, ки дарро кушода мехобӣ... Ту чӣ хел бетоқатӣ, мехоҳӣ, ки ҳама кор якбора шавад. Маскав ҳам якбора сохта нашудааст-ку!
- Маскав шаҳр шуд, ин деҳаи ту чӣ мешавад?! Мехоҳӣ, ки ман ҳам мисли кампири Ҳасратмо дар ҳамин ҷо пир шавам?-Маълум буд, ки гиряи Садоқат андаке таскин ёфтааст.
-Эҳ, кошки ту мисли кампири Ҳасратмо мешудӣ! Ӯро бо кампирҳои ҳамсолаш аз шаҳр муқоиса кунӣ, мебинӣ ки фарқ аз куҷо то ба куҷост. Кампирҳои шаҳрӣ мисли себе, ки соҳибаш дар шохи дарахт фаромӯш кардааст, дар синну соли ӯ пурожангу камқувват мешаванд, аммо ӯро бин, ҳоло гургро мегирад. Худаш ба куҳ гов бурда бонӣ мекунад. Ҳамин духтарашро медонӣ дар чандсолагӣ таваллуд кардааст?
-Шафоатро?-андаке шавқ зоҳир намуда, оби чашмонашро пок карда пурсид Садоқат
-Бале, Шафоатро Ҳасратмо дар 51 солагиаш таваллуд кардааст.
-Барои ҳамин ин қадар зебо шуда, дили ... дили ҳамаро бурдааст? -аз гирифтани номи шавҳараш истиҳола намуд Садоқат.
-Чаро забон мехоӣ, Садоқат? Дили туро ҳам бурдааст гӯю мон дия! Садоқат дар ҳақиқат духтари зебо ва орзуи ҳар ҷавон аст, вале ман сад бор ба ту гуфтам, ки вай ҳанӯз талабаи мактаб аст. Мактабро тамом кунад, шояд хостгорҳо аз дари хонаашон канда нашаванд...
-Ба назари ман чунин намуд, ки худи ӯ танҳо дар орзуи як нафар аст,-оқибат дилашро холӣ кард Садоқат.
-Ана гап дар куҷо ва сабаби гиряи нисфишабӣ чист! Садоқат, ту чи мехоҳӣ маро зӯр ба зӯракӣ ба Шафоат часпонӣ? Магар ман ягон бор гуфтам, ки туро дӯст намедорам? Магар дар ҳаёти заношӯӣ аз ту дилхунук будам? Магар мо якҷоя фарзандамонро калон накарда истодаем? Ин шубҳаҳо дар дили ту аз куҷо пайдо шуд, аз он, ки ин духтар як-ду бор ба хонаи мо омада рафт? Дар ин ҷо ҳама ба хонаи ҳамдигар рафта меоянд. Хайр, агар хоҳӣ, ман мегӯям, дигар ба ин ҷо намеояд,-инро гуфта Муртазо хост занашро ба оғӯш кашад, аммо Садоқат ба ӯ тан надода, худро дур кашид ва Иқболи дар паҳлуяш хобидаро ба тарафи худ кашид.
-Рафтори ту чунин бошад, ман дигар чӣ кор кунам? Ту ин хел зани бадрашк набудӣ-ку! Ин рашки аҳмақона аз куҷо пайдо шуд, ки маро бо ҳар ходаи сари роҳ рашк мебарӣ?
-Ӯ хода не, дарахти сабзу хуррам аст, ки меваи ширин дорад. Ман медонам, ки ту аз зери ин дарахт ҳеҷ гоҳ меваашро начашида намегузарӣ... Хислати ҳамаи шумо мардон ҳамин аст...
-Чӣ, ту аз ин пеш ҳам ягон мардро дида будӣ, ки чунин хулоса баровардӣ? Ё...
Садоқат хатои худро фаҳмид. Фаҳмид, ки аз рӯи гуфти дигарон сухан карда, худро ба ҳолати ноҳинҷор гузошт.
-Албатта не ва ту инро медонӣ, аммо модарам мегуфтанд, ки ҳамаи мардон ҳамин хеланд, ба онҳо бовар кардан мумкин нест,-хатои худро ислоҳ кардан хост Садоқат.
-Ба мардҳо боварӣ, ки надошта бошед, пас чаро шумо, занҳо ба шавҳар мебароед?-Муртазо хост бо ин шӯхӣ андаке ҳам бошад дили занашро гарм кунад, аммо Садоқат гардан нафароварда бо оҳанги сард гуфт:
-Муртазо, биё мон ором хобам, ки шаб саҳар шуда истодааст. Ман ҳоло на ҳавсалаю на завқи ба ту наздик шудан дорам. Мон, Иқбол хоб кунад...
Муртазо дид, ки аз гуфтаҳою ҳаракатҳои ӯ натиҷае нест, оҳи сард кашида ба паҳлуи дигар гашт ва болиштро зери сараш дуруст карда, чашмонашро пӯшид...
***
...Соҳили дарёчаи куҳӣ басо хушманзара буд ва дар рӯи сабзаи нарм Муртазо Шафоатро ба оғӯш гирифта, аз рухсораҳояш мебӯсид, аммо аз чӣ бошад, ки Шафоат ба ин муҳаббати ӯ ҷавоб намедод. Чеҳрааш сард буд, чашмонаш ба тарафи дигар менигаристанд, ин бепарвоии духтар шавқи ҷавонмардро боз ҳам бештар карда, Шафоатро сахттар ба оғӯшаш кашид. Муртазо интизори лабони гарми Шафоат худро ба ӯ наздиктар карда, онҳоро бӯсид, вале ҳарораташонро эҳсос накард. Ин дам ҳавои сарде аз соҳили дарё вазида, гӯё ҳардуро ба оғӯш гирифт ва ... ин сардӣ ӯро аз хоб бедор кард...
Чашмонашро боз намуда дид, ки дари хона боз аст ва Садоқату Иқбол дар ҷойгаҳашон нестанд...
(Давом дорад)
А.ҲОҶӢ