arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 8)
24.01.2020
А. ҲОҶӢ
2887

 

(Давомаш)


Муртазо пас аз ворид гаштани Садоқат дафтарҳои дар дасташ бударо ба болои рафи китобмонии даҳлез гузошту аз паси ӯ ба хона даромад.

 

Иқболи хурдакак ҳанӯз ҳам дар болои ҷойгаҳ фиқ-фиқ гиря мекард. "Ҷони оча, гиря накун. Вай буз бо ту шӯхӣ кард, бозӣ кардан мехост..." писарчаашро ба оғӯш гирифта ором карданӣ шуд Садоқат. "Оча вай мало хулданӣ буд..." дар ҳоле, ки овозаш аз шиддати гиря меларзид, бо забони кӯдаконаи худ гуфт Иқбол. Муртазо ба ин гуфтугӯи модару писар гӯш дода аз дил гузаронд: "Садоқат азоб мекашад, лекин бояд одат кунад..." Садоқат гӯё андешаи шавҳарашро хонда бошад, бо зарда садо баланд кард:
-Ана ҷое, ки падарат ману туро овард. Буз ҳам мезанаду гов ҳам, шояд ягон рӯз ту таги пои хар монию маро дар ин ҷо гурги гурусна хурад, аммо падари бераҳмат парво надорад. Кӣ медонад, шояд вай махсус ману туро ба ин ҷо овардааст, ки аз тарсу аз хунукию дуди ғализи оташдон ва бӯйи бади таппак мурем...

 


 

Модараш бо чашми гирён дар тамоми шаҳр Руслани 7-соларо ҷустуҷӯ карда истодааст ва шахсоне, ки фарзанди ӯро дар куҷое дидаанд, хоҳиш ва илтиҷо мекунад, ки ҳатман барақамҳои зерин занг зананд

 



-Садоқат, ношукрӣ накун, охир худат розӣ будӣ, ки ба деҳа биёем. Акнун маро гунаҳгор мекунӣ...
-Ман намедонистам, ки ин ҷо ин қадар азоб аст, ғайр аз ин, ту куҳи тилло ваъда карда будӣ…Ин қишлоқро чунон таъриф кардӣ, ки гӯё дар кӯчаҳояш дар ҷӯйҳо ба ҷойи об шир ҷорӣ мешуда бошад, гӯшт бошад, тамоман бепул. Магар ту набудӣ, ки «мардуми деҳот содаю дилсӯз ва ба ҳама меҳрубонанд, онҳо намегузоранд, ки одами ғариб азоб кашад» гуфта қишлоқиҳоро ба осмони ҳафтум бароварда будӣ?! Ана аз омаданамон як моҳ гузашту ба ғайр аз очаи Шафоат то имрӯз дигар касе аз дарамон надаромадааст. Ширро бошад, аз ягон ҳамсоя мехарӣ, гӯшт дар паҳлуи мағозаи деҳа дар дӯкони гӯштфурӯшӣ фурӯхта мешавад ва нархаш бо нархи шаҳр баробар аст. Ба куҷои ин шукр кунам?
-Рост мегӯӣ, вале ман намедонистам, ки мардуми деҳа ҳам дигар шудаанд. Вақте, ки ман хурд будаму дар хонаи бибиам дар деҳа як-ду сол зиндагӣ кардам, одамон ин хел набуданд. Ширу маскафурӯширо ор медонистанд. Айб буд, ки бо пул ба дари хонаи ҳамсоя шир ё чаккахарӣ равӣ. Ин ҳам таъсири шаҳр-дия! Садоқат, ту фикр накун, ки одамон ҳамаашон ҳамин хел шудаанд. Ману ту нав ба ин ҷо омадем, шояд мардум ҳоло ба мо бо назари шубҳа менигаранд, андак зиндагӣ кунем, шояд беҳтар шавад...
-Беҳтари гӯр мешавад! Дирӯз як бача қариб Иқболро дар беруни дарвоза зада буд. Вақте, ки ӯро халос кардам, маро ҳақорат дод...
-Ин бачаҳоро фаҳмидан мумкин, мисли дигарон падарони аксарашон дар муҳоҷират, барои ҳамин кӯдакон андак бетарбия шудагӣ...
-Муртазо, биё ин гапҳоро мону пагоҳ ба маориф рафта гӯй, ки дигар дар деҳа кор кардан намехоҳӣ. Бигзор туро ақаллан дар маркази ноҳия ба кор таъйин кунанд...
-Ту чиҳо мегӯӣ? Нав дар ин ҷо ба кор сар кардаму аллакай равам? Одамон чӣ мегӯянд? Аз уҳдаи кори муаллимӣ дар деҳот набаромад мегӯянд. Ман ҳайронам, чаро ту ин деҳаро ин қадар бад дида мондӣ, охир як ба атрофат нигар, чор тараф куҳҳои сарсабз, дар зимистон боз ҳам хушрӯйтар мешудагист...
-Ҳа, фаҳмидам! Дар дили ту ишқи ҳамон духтар ҷой шудагӣ...
Муртазо худро ба нофаҳмӣ зада пурсид:
-Кадом духтар?
-Худро ба гӯлӣ наандоз. Кӣ мешуд, ҳамон Шафоат-дия!
-Чанд бор ба ту гӯям, ки ин гапро дигар такрор накун, ману Шафоат танҳо устоду шогирдем?! Ту чӣ хел занакӣ, ман ҳайрон!-Муртазо бо қаҳр дарро пӯшида ба берун баромад. Вай намехост дигар ин муколамаи барояш дардоварро идома диҳад...
***
...Моҳи шаби чаҳордаҳ мисли рӯз замину замонро равшан карда буд. "Аҷаб, мегӯянд, ки ин фасли солро барои он тирамоҳ ном мондаанд, ки моҳи осмон тира аст, пас чаро ҳоло моҳ ин қадар равшан?" худ ба худ савол медод Мустафо ва ҷавобашро гӯё аз осмон меҷуста бошад, ба моҳи пурра чашм медӯхт. Ӯ оҳиста-оҳиста аз паҳлуи девор қадам зада, бори дигар суханони занашро ба хотир овард: "Кӣ мешуд, ҳамон Шафоат-дия!" Наход? Наход занаш рост мегӯяд ва ӯ гирифтори ин духтар шуда бошад?

Azimi, [24.01.20 19:19]
Ин дам чашмаш ба сиёҳие афтод, ки дар лаби ҷари пушти хонаи Ҳасратмо нишаста буд. Аз дил гузаронд, ки он сиёҳӣ саг бошад ё одам. Хост сангеро аз замин бардошта, ба тарафаш ҳаво диҳад, аммо овози фиқ-фиқи гиряро шунида наздиктар рафт. Дид, ки касе дар сараш рӯймоли калонеро партофта сари дупо нишастаасту китфонаш меларзанд. Муртазо ҳайрон шуда, боз ҳам наздиктар рафт ва дар ҷояш шах шуда монд: дар рӯи замин Шафоат сар по нишаста ду даст дар рӯй гиря мекард. Муртазо аввал дасту по гум кард, баъд андаке худро ба даст гирифту бо овози паст садо баровард:
-Шафоат? Ин туӣ? Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
Баробари шунидани овози муаллим Шафоат давида аз ҷояш хест ва бо чашмони пуроб ба Муртазо нигарист. Дар равшании моҳи мунир қатраҳои ашки чашмони духтар мисли алмоспораҳо медурахшиданд. Воҳ, чӣ муъҷизае! Дар рӯ ба рӯи Муртазо фариштаи обӣ бо рухсораи лолагун ва аз ашк таршуда меистод, ки дар баробараш ягон инсони хокӣ истода наметавонист. Забони ҷавон дар комаш часпид, хушк шуд, натавонист дигар садое барорад. Шояд ин ваҷоҳати муаллим барои Шафоат ҳайратовар буд, ки бо овози махмалин гуфт:
-Мебахшед муаллим, бале ин манам. Суханҳои модарам аламамро оварданд, барои ҳамин баромадам, ки дар танҳоӣ гиря карда диламро андак холӣ кунам. Ман меравам,-инро гуфта духтарак ба тарафи хонаашон рӯй гардонд, Муртазо худаш нафаҳмида монд, ки чӣ тавр аз дасту ӯ дошта, Шафоатро ҷунбидан намонд. Духтар ҳайрон шуда дар ҷояш истод. Баъд аз андаке сукут Муртазо гуфт:
-Шафоат, барои он ки туро ба озмун намемонанд, ин хел худро обу адо кардан лозим нест. Хайр намонданд намонданд-дия, истеъдод дорӣ, пас аз хатми мактаб мехонӣ...
-Не, ба ман ин алам накардааст. Чизи дигар хориамро овард.
-Чӣ будааст? Ягон гапи ноҷо гуфт? Ҷанг кард? Ҳақорат дод?
-Не, ҳамту...,-чашмонашро гурезонд Шафоат.
-Не, ту гӯй, шояд бо модарат суҳбат карда ба ӯ мефаҳмонам,-ҷавон ҳис кард, ки дасти Шафоатро сахт мефишорад.
-Не, ман инро ба шумо гуфта наметавонам,-одати "ту" гӯиҳои мардуми маҳаллиро партофта ба "шумо" гузашт Шафоат.
-Чаро?
-Барои он ки ин гап ба шумо ҳам дахл дорад...
-Чӣ хел?
-Ана ҳамин хел! Аз рӯйи гапи модарам гӯё ман шуморо нағз медидаам, барои ҳамин мехостаам дар озмун иштирок кунам...
Дасти Муртазо суст шуда Шафоатро раҳо кард. Духтар дигар ба пасаш нигоҳ накарда ба тарафи дарвозаашон давид. Муртазо дар лаби ҷарӣ танҳо монд. Не, ӯ танҳо набуд, дар боли сараш моҳи пурраи тирамоҳ, ки ба тира гуфтанаш забон намегашт, ҷилвакунон гӯё ба ҳолаш механдид. Дидан мехост, ки Муртазо акнун чӣ кор мекунад. Ҷавон гӯё ба ҳайкали сангин мубаддал гашта бошад, дар миёни деҳаи хомӯш, қуллаҳои хомӯш ва ҳатто сагҳои доим ҷакандаи деҳа , ки ҳоло хомӯш буданд, яккаю танҳо бо сари пур аз савдо монда буд...
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД