sebiston july new
Кӯдаки 7-соларо дуздиданд ё...?
7247

Аз кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе субҳи имрӯз як писарчаи 7-сола гум шудааст. Дар ин бора ҳамсояҳои писарчаи гумшуда ба сомонаи Oila.tj хабар доданд.

Тавре ки ҳамсояҳо мегӯянд, писараки гумшуда Руслан Зиганский дар синфи 1-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и ноҳияи Фирдавсӣ таҳсил мекунад. Субҳ писарак ба мактаб рафта дигар ба хона бар нагаштааст. Руслан дар байни кӯдакони тоҷик ба вроя расида, забони тоҷикиро хеле хуб медонад. Якбора бе ному нишон гаштани ин писарак барои хама муаммои сарбаста аст, чунки Руслан одати беҳудагардӣ надошт ва бачаи ҷӯрабозу авбошсурат набуд.

Модараш бо чашми гирён дар тамоми шаҳр Руслани 7-соларо ҷустуҷӯ карда истодааст ва шахсоне, ки фарзанди ӯро дар куҷое дидаанд, хоҳиш ва илтиҷо мекунад, ки ҳатман барақамҳои зерин занг зананд: 000-09-01-79 ва ё 901-71-12-34

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД