Formula september
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале...
03.12.2019
А. Ҳоҷӣ
7929

  Ин қисса дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки ба даст омадаанд ва  нақли як ҷавондухтари тоҷик,  ки тамоми даҳшати «ҷаннати арабӣ»-ро аз сар гузаронидаасту  ҳоло наздиконаш дар  шаҳри Хуҷанд кору истиқомат мекунанд, рӯи коғаз омад.

Макон ва замони рух додани ҳодисаҳо,  номи шаҳрҳо ва қаҳрамонони асосӣ пурра ҳифз карда шудаанд. Ин духтарак бо кӯшиши кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва ҳамкории онҳо бо  хадамоти пулиси Аморати Муттаҳидаи Араб озод шуда, пас аз панҷ сол, тирамоҳи соли сипаришуда  ба Ватан баргашт ва дубора ҳамроҳи шавҳараш ба Арабистон рафт. Дар ин муддат ӯ шоҳиди ҳодисаҳои зиёд:  номардиҳои баъзе  мардон, одамфурӯшию маҳви одамкушон ва фаҳшу хиёнати гӯшношунид шуда бошад ҳам,  мехоҳад авроқи  зиндагии ӯро рӯи сафҳа орем. Ин духтари 23 сола  розӣ шуд, ки барои ба чоҳи макри «даллаҳои  байналмилалӣ» наафтидани хоҳарони ҳаммилати худ қиссаи  «панҷ соли сиёҳашро»  гӯяд ва минбаъд чӣ тавр мурғи бахт ба сараш нишастанро қисса кунад. 

…Гулрафтор «номаи камол»-ро аз дасти директори мактаб гирифта, бетоқатона, то ба қатори ҳамсинфонаш расидан онро боз намуд. Панҷҳои қатори  паиҳам чидашуда гӯё дастагуле буданд, ки  аз даруни ду варақ коғази кабуд ба ӯ нигариста, хатми мактаби миёнаро табрикаш мегуфтанд. Аз таърифи директори мактаб  рухсораҳои сурхи ӯ боз ҳам сурхтар шуда, муаллимону хонандагони дар маҳфил ҳузурдошта аз малоҳати беандозаи ин духтарак ва шарми зебандааш ба шигифт меафтоданд. Муаллимони ҷавон ва ҳамсабақонаш  бо дидани ин манзара  дар дил оҳ мекашиданду ҷуръати ба ин олиҳаи зебоӣ рози дил карданро пайдо намекарданд.

Ӯ суханони директорро ба ёд меорад:

-Гулрафтори мо дар таҳсилу дар одоб аз ҳама боло буд, барои ҳамин ман «номаи камол»-ро аввал ба ӯ супоридам. Умедворам, ки ӯ дар оянда ба мактаби олӣ дохил шуда, обрӯи мактабу деҳаи моро боз ҳам боло мебардорад….

Кош директор  ҳамон вақт ин суханонро намегуфт….

Ҳамдеҳагони  солхӯрда  ҳусни табии Гулрухсорро  мероси бибиаш медонанд. Мӯйсафедон ба ҷавонон нақл мекунанд, ки дар замонаш барои бибии Гулрафтор шуда, мардуми  ду деҳа ҷанг карда будаанд ва чанд нафарро барои саркафонию дасту пошиканӣ  муддате ҳабс  карда  будаанд.  Бобои Гулрафтор шабона бо як гурӯҳ рафиқонаш маслиҳат карда, ба деҳаи ҳамсоя мераванд ва дар шаби тобистон  Гулсифат-бибии Гулрафторро аз таги тути ҳавлии  падараш дуздида, ба деҳаи худ меоранд. Субҳ надамида аллакай Гулсифат дар никоҳи Саломи говкуш-бобои Гулрафтор даромада буд. Онҳо инро пешакӣ маслиҳат карда буданд ё не, касе намедонист. Бибиаш баъд аз солҳо ҳам ин қиссаро ба касе намегуфт ва дар синни ҷавонӣ бе шавҳар монда бошад  ҳам, то охири умр ба ҳамон Саломи говкуш содиқ монд. Шавҳарашро соли дуюми ҷанг, баъд аз таваллуди падари Гулрафтор-писари ягонаашон ба қавли кампир «ба ҷанги Гирмон» бурданд ва дере нагузашта «хати сиёҳаш» омад…

Баъдтар чандин нафар мардон ҳатто муҷаррадон ҳам ихтиёрӣ ба Гулсифат хонадор шуданро карданд. Аммо ҷавоби ӯ якто буд: «дигар шавҳар намекунам». Ӯ ягона писарашро ба қавле «мисли гурба бо дандон газида» калон кард. Хори дари падарандар шудан намонд. Хононд. Муҳандиси барқ  кард. Аз деҳаи падариаш як духтари зеборо ба занӣ гирфта дод, ду писару як духтари зебо ба дунё овард. Баъд, ана ҳамин Гулрафтори зебочашмак таваллуд шуд. Бибиаш ӯро ба даст гирифта мегуфт: «Ин духтар калон шавад, чашми сад мардро хира мекунад. Худо ӯро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Ҳусни зиёд бадбахтӣ меорад. Ман худам  инро дидаам…»

-Ин хел нагӯ, оча. Ман ин духтарамро мехононам. Одами калон мешавад. Хушбахт мешавад,-мегуфт дар ҷавоб падари духтарчаи ҳанӯз дусола.

«Илоҳо ҳамту шавад» мегуфт кампири Гулсифат, вале чашмони пиронааш гӯё чизи дигарро медиданд.

Кампири Гулсифат лаҳзае аз наберааш дур намешуд. Меҳраш аз дигар набераҳояш дида ба ӯ бештар буд. Дар киссааш аз тӯйҳои ҳамдеҳагон ба ӯ қанду мавиз меовард ва  оҳиста ба кафаш мегузошт. Аҳли хонавода ӯро «эркачаи бибӣ» гӯён масхара мекарданд.

…Солҳо мегузаштанд. Гулрафтор дар синфи  ҳаштум аллакай як духтари қадраси ба чашм намоён шуд. Духтарон бо ҳасад, модарон бо ҳавас ба қаду басти  расо ва ҳусни нотакрори ӯ менигаристанд. Гули сари сабади ҳамаи маҳфилҳои мактабӣ буд. Дар деҳа ҷавоне набуд, ки орзуи бо ӯ сухан гуфтанро  накарда бошад. Аммо Гулрафтор парвои ин ҳама гиру дори атрофашро надошт. Аз мактаб меомаду ба корҳои модараш ёрӣ медод. Мисли дигар духтарони деҳотӣ гов меҷӯшид, алаф медаравид,ҷомашӯӣ мекард. Баъд ба гӯшае гузашта китоб мехонд.Чунон бисёр мехонд, ки модараш гоҳ-гоҳ хавотир шуда мегуфт:

-Духтарам, ин қадар бисёр китобхонӣ накун. Чашмонат хира нашаванд…Ба кӯча баро, бо дугонаҳоят бозию сӯҳбат кун…

Гулрафтор «хуб» мегуфту боз кори худашро мекард. Аксари китобҳои бадеии китобхонаи мактабашонро хонда тамом кард. Гӯё бемори китоб шуда буд. Ҳар  вақт, ки барои иваз намудани китоби навбатӣ пас аз дарс ба мактаб рафтанӣ мешуд, бибиаш боэҳтиёт мегуфт:

-Духтаракам, китобҳои зиндагиро хон. Китоби ишқиро нахон, ки  зарар дорад. Зиндагиро бояд ёд гирифт.

Гулрафтор ин суханони бибиашро ба шӯхӣ бурда мегуфт:

-Натарсед, ба ҳеҷ кас ошиқ нестам. Бибиҷон, ҳамин ман ба кӣ даркор?

Аммо дигарон дар ҳозиру ғоибаш ба бибияш мегуфтанд, ки ҳусни наберааш рӯзафзун аст ва хуб мешавад, агар ӯро пас аз хатми мактаб дарҳол ба шавҳар диҳад. Хусусан баъд аз ба экрани телевизорҳо баромадани сериали «Марияи оддӣ»  Гулрафторро ҳама ба ин қаҳрамон монанд мегуфтанд ва ин лақаб ба зудӣ дар байни ҳаводорони ӯ машҳур шуд.


Хайрият, ки вай маро намешиносад. Бо ягон баҳона худам ба ҷойи кори домодшаванда меравам ва ӯро аз наздик мебинам»

 


Кампири Гулсифат ба ҳамаи ин  чизе нагӯяд ҳам, вале аз паси наберааш табассуми ҳазине карда мемонд. Пас аз солҳо дар биёбони  Араб,  вақте, ки қуми сурх аз вазиши гармсел  даҳони ӯро пур карда буду зери дандонҳояш ғиҷиррос мезад, боз ҳам ин  суханони модаркалон дар гӯши Гулрафтор садо медоданд: «Эҳтиёт бош, духтарам…»

Соле, ки Гулрафтор ба синфи нӯҳ гузашт, барояш соли наҳс буд. Он сол, зимистони қаҳратун бибии дӯстдоштааш вафот кард.  «Эркаи бибӣ» зор-зор мегирист. Касе ӯро баъд аз додани  ҳафти модаркалонаш ҳам ором карда наметавонист.

-Охир бибии ҳама  мемурад. Бибиат пир шуда буд, -ӯро насиҳат мекарданд занҳои ҳамсоя ва хешу ақрабо. Вақте, ки ба ягон либоси бибӣ, ҷои хоби ӯ ва ё кафшу урчуқаш чашмаш меафтид, беихтиёр оби дидааш мерафт.

-Бисёр гиристан дар марги пирон хосият надорад, Биё, мон духтарам, илоҳо ҷои бибиат ҷаннат шавад. Бо гиряи зиёд рӯҳи ӯро ноором накун,-насиҳат мекард падар. Аммо ашки духтар худ ба худ равон мешуд. Акнун ҳис карда буд, ки дар дунё аз ҳама бештар бибиашро дӯст медоштааст. Чаро чунин буд, худаш ҳам он вақт намефаҳмид. Баъд аз чанд сол сабаби инро дар маҳрамхонаи Шайхи тиллоӣ дарёфт…

Бо гузашти вақт Гулрафтор қадре ором шавад ҳам, аммо ин оромӣ ба  сӯзиши лахчаи зери хокистар монанд буд. Бо вазидани андак шамол хокистари болои ин лахча парешон мешуду сӯзиши дарди гум кардани бибиаш боз ҳам мисли ҳамин лахча фурӯзон мегашт. Ана, имрӯз бибиаш ба хотираш мерасад. Агар ӯ зинда мебуд, ҳатман ба оғӯшаш мекашиду табрик мекард ва такрор мекард: «Эҳтиёт бош духтарам, зиндагӣ барои ту нав сар шуда истодааст».

Эҳ, бибии нодон. Аз чӣ эҳтиёт шавам? Аз одамон? Ана, онҳо баробари мо-хатмкунандаҳо хурсандӣ мекунанд. Аз пешомади зиндагӣ? Ин чизро аллакай ӯ барои худ муайян кардааст, падараш ваъда дод, ки пас аз як ҳафта ӯро ба пойтахт, ба хонаи як хешашон бурда мемонад ва Гулрафтор ба имтиҳонҳои дохилшавӣ тайёрӣ мебинад. Ба донишкадаи тиббӣ даромаданист. Ҳарчанд худаш ба ин касб он қадар таваҷҷӯҳ надошт, аммо дар хона маслиҳат карда, ба ҳамин хулоса омаданд, ки барои духтар  касби беҳтарин-ин духтурист. Ба ӯ фарқ надошт, зеро то ҳол худашро соҳиби ягон касб тасаввур намекард. Дар майнаи ӯ фақат манзараи кишварҳои дар китобҳо хондааш ҷилвагар буданду зиндагии хонаводагӣ. Ҳарчанд, ки донишаш ба қавли муаллимон  барои дохил шудан ба ҳамаи факултаҳо мерасид, бисёр мехост, ки соле дар деҳа монаду говчаронӣ кунад, ба саҳро раваду алаф даравад ва аз «гули тоқибофак» барои сари зебои худ гулчанбар созад. Ин рафтори духтарашон падару модарро ҳайрон мекард:

«Дигарон базӯр мактабро хатм карданду орзуи донишгоҳҳоро доранд. Ин духтарро бинед, ки кунҷи оғилу  думи говро аз шаҳри бузург болотар медонад».

Амру хости  хонавода кори худро кард ва Гулрафтор барои ба шаҳр рафтан тайёрӣ дидан гирифт…

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД