Парвина баъди рафтани хостгорон аз модараш пурсид, ки очаҷон, домод чикора будааст?
-Духтарам, домод бачаи хондагӣ, дар куҷое инженер шуда кор мекардааст, падару модараш ҳам маълумоти олӣ доштаанд, хулоса табъи дили ману падарат,-таъриф кард модар.
- Оҳо очаҷон, домоди замонавӣ гӯед,-ҳазл кард Муниса, ки табиатан духтари шӯхе буд.
-Ту ҳеҷ аз масхарабозӣ намондӣ, ки намондӣ,-модар бо лабханд акси домодшавандаро ба духтараш дароз кард.
Муниса ба сурат зеҳн монд. Чеҳраи домодшаванда ба назараш шинос намуд, вале ҳарчанд фикр кард, ҳеҷ ба ёд оварда натавонист, ки ин ҷавонро дар куҷо дидааст.
-Сари зонуҳои шимаш даридагӣ, бечора зан мегирам гуфта, чанд сол боз ҳатто ба худаш либос нахаридагист, -боз шӯхӣ кард Муниса…
-Масхара накун, ҳозир ҳама бачаҳои замонавӣ ҳамин хел либос мепӯшанд,-тарафи домодтӯраро гирифт модараш.
Ба таърифу тавсияҳои модараш нигоҳ накарда, сару либоси булаҷаби домод дар дили Муниса шубҳаро ба вуҷуд овард ва қарор дод, ки пеш аз тӯй ҳатман як бор ҷавонро дида, хулоса мебарорад, ки онҳо бо ҳам ҷуфти муносибанд ё не.
Арӯси разведчик
Муниса шуъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм карда, духтари замонавӣ буд, аммо ба ин нигоҳ накарда, бачаҳои мисли занҳо абрувонашон чидагӣ ва либосашон нимурёнро дӯст намедошт. «Хайрият, ки вай маро намешиносад. Бо ягон баҳона худам ба ҷойи кори домодшаванда меравам ва ӯро аз наздик мебинам»,- қарор дод пеши худ ин арӯси зирак ва роҳи корхонаеро пеш гирифт, ки аз рӯйи гуфти модараш домодшаванда дар ҳамон ҷо кор мекардааст…
Шутурмурғ
Дар акс Акрам бачаи бо тану тӯш менамуд, аммо дар асл харобтар будааст. Симои зоҳириаш чандон бад набошад ҳам, рафтору гуфтори ҷавон аз лаҳзаи аввал ба Парвина маъқул нашуд. Вақте ки Парвина ӯро суроғ карда рафт, лаҳзае пас Акрам аз утоқи кориаш баромад ва ӯро дида, бо нозу ишвае, ки хоси духтарҳост, гуфт:
-Приветик! Красавица, чӣ даркор шуд, ки мана кофтӣ?
-Салом! Акрам шумоед? Ман имсол ба Донишкадаи политехникӣ дохил шудан мехоҳам. Шунидам, ки шумо ҳамон донишкадаро аъло хатм кардаед, барои ҳамин ба суроғатон омадам, ки аз шумо маслиҳат бигирам,-Парвина базӯр ғазабашро фурӯ бурда, табассум кард, то ҷавон пай набарад, ки ғаши ӯро оварда истодааст.
-Ой неужели? Ман ҳозир практикант, чандон таҷрибаи зиёд надорам, лекин…
-Ҳеҷ гап не, мо метавонем дӯст шавем,-сухани ӯро бурид Парвина…
-Ой мон ҳамин шумо-шумоя, охир мо одамҳои современний-ку,-Акрам лабханди аблаҳонае карда, суханашро давом дод,-метавонӣ мана Алик гуфтан гирӣ. Фақат предупреждаю, ман ба наздикӣ зан мегирам, так что…
-Натарс, ман ба гардани ту овезон шуданӣ нестам. Ман ҳам номзад дорам,-таъкид кард Парвина ва аз дил гузаронд, ки ягон духтари боақл ба ту барин шутурмурғ, ки на забони тоҷикро дуруст медонаду на русиро ба шавҳар намебарояд…
-Ну тогда пошли гулять,-Акрам нимтаъзим карда, ҳамчун ҷентелмени асил Парвинаро ба пеш гузаронд ва онҳо аз бинои корхона баромаданд…
Мағрур, худпараст ва аблаҳ
-Ту чаро бо забони тоҷикӣ гап намезанӣ?-пурсид Парвина аз Акрам.
-Ман ҷавони современний, яьне замонавӣ.
-Магар одамҳои замонавӣ бо забони тоҷикӣ гап зананд, айб мешавад? Шимат чаро ҷо-ҷо кандагӣ?
-Э ту бутун қишлоқӣ будаӣ-ку! Ин мода аст.
-Баъд зан гирӣ ҳам, ҳамин хел мода карда мегардӣ?
Аз афташ оҳанги гуфтори масхараомези Парвина ба ҷавон сахт расид, ки лабашро бурма карда гуфт:
-Инаш кори ман! Арӯс, агар мисли ту қафомонда бошад, намегирам.
Парвина ба ин домоди замонавӣ нигариста, ҳам хандааш меомаду ҳам гиряаш, вале сир бой намедод. Ҳамин тавр, онҳо гап-гап карда, то назди театри Опера ва балет омаданд. Акрам намоишкорона телефони қиматбаҳояшро аз сумкааш бароварда, аз Инстаграм аксҳои мисли мардҳои модел гирифтаашро ба Парвина бо ифтихор нишон дод, вале…
Свиданияи бе барор
Аксҳои нимурёни домодшавандаро дида, асаби Парвина тамоман вайрон шуд. Аз дил гузаронд, ки хайрият пеш аз тӯй ӯро дид, вагарна бо ин супердомод ҳаёташ хазон мешуд. Акрам ӯро ба кафеи сари роҳ даъват намуд, вале Парвина серкориашро баҳона карда рад намуд. Ҳангоми хайрухуш вай ҳамчунон табассумкунон ба Акрам гуфт:
-Ҷӯра, метавонӣ бегоҳ ба падару модарат бигӯӣ, ки арӯси ёфтагиатон қишлоқӣ будааст, рафта тӯйро гардонед. Ман ҳамон духтаре ҳастам, ки волидони ту таги чашм карда, хостгорӣ намудаанд. Современний набошам ҳам, ман ҳаргиз зани ту барин дундук намешавам…
Домод телефон дар дасташ ҳайрон монд, Парвина бошад, дигар ба пасаш нигоҳ накарда, тез-тез қадамзанон аз ӯ дур шуд…
Тӯй вайрон шуд, вале…
Парвина ба хона омада ба модараш гуфт, ки фотиҳаро гардонанд, чунки сад сол бе шавҳар монад ҳам, вай ҳаргиз ба он ҷавон намерасад. Модар ҳайрону зор монда, чӣ гуфтану чӣ карданашро намедонист. Дудилагии модарашро пай бурда, Парвина ӯро ба оғӯш кашида гуфт:
-Очаҷон, мард бояд дар зиндагӣ такягоҳи зан бошад. Ин бача ба ғайр аз чашмонашро ранг кардану дар назди камера худро намоиш дода, сурат гирифтан дигар дар фикри ягон чиз нест. Ман намехоҳам ба чунин ҷавони худпарасту мағрури аблаҳ ба шавҳар баромада, як умр худам аробаи зиндагиро тани танҳо кашам. Аз чунин шавҳар доштан бе шавҳар мондан сад бор беҳтар аст!
Ҳамин тавр, тӯй вайрон шуд, вале Парвина аз ин заррае ғамгин набуд. Чанде нагузашта, ӯро ба ҷавони дигар фотиҳа ва тӯй карданд. Домодшаванда қишлоқӣ бошад ҳам, ҷавони ҷиддӣ буд ва Парвина боварӣ дошт, ки бо чунин марди асил дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор намешавад…
Шаҳлои Наҷмиддин