arzon replenishment
Садаф бишкасту шарму ҳаёи зани тоҷикро об бурд
13184

 

Дирӯз бо як сарояндаи ҷавон сӯҳбати видеоӣ доштем. Вақте ки сабти барномаро ба анҷом расонида ба кӯча баромадем, ҳаво аллакай торик шуда буд.

Ҳамкорам Шабнам хоҳиш кард, ки ӯро ақаллан то истгоҳ гусел кунам. Шабнамро ба самтрави 11 савор карда, барояш роҳи сафед орзу намудам ва аз болои пули дарёчаи Душанбе гузашта, оҳиста-оҳиста ҷониби истроҳи Сирк равон шудам. Вақте ки аз канори боғчаи назди бинои “Шарқи озод” мегузаштам, чашмам тасодуфан ба зану марде афтиду ҳуш аз сарам парид. Он ду худобехабар шарму ҳаёро фаромӯш карда, дар кӯча ишқварзӣ доштанд. Эҳтимол шумо гумон кунед, ки ишқварзӣ гуфта, ман бӯсобӯсиро дар назар дорам, вале ... ростӣ, ба гуфтан забонам намегардад, аммо он ду касофат дар зери як дарахт рост истода, муносибати маҳрамона доштанд ва чунон нолишҳое мекарданд, ки...

Бо дидани ин манзара табъам хира шуд ва дар дил “бар падари ту барин духтар ҳазор бор лаънат, номи зани тоҷикро ба замин задӣ” гӯён, роҳамро идома додам.

Умед надоштам, ки дар ин вақт ягон нақлиёти холӣ меёбам, аз ҳамин хотир таксиеро нигоҳ доштам. Ронанда оинаро поён карда пурсид:

-Кадом тараф мерай, братан?

-Автовокзал,-ҷавоб додам ман.

-Красавитса худут куҷо мерай,-пурсид ронанда аз зане, ки каме дуртар аз ман рост истода буд.

-Гипрозем,-бо ишваю ноз посух дод зан.

-Бишин, ин братишкая автовокзалда мепартоем, баъд тра гипрозем мебарум,-пешниҳод кард ронанда.

-Зан гӯё маътали ишора бошад, табассумкунон дари қафоро кушод ва дар канори ман нишаст. Мошин ба роҳ баромад.


Мард бештар аз зан ба ғазаб омада, худ аз худ мепурсад: «Чаро вай маро нахост? Ман аз кӣ кам?

 


Лаҳзае пас он зани ношиноси синну солаш ба 40 дакка хӯрда, бешармона ба ман часпид. Ӯ мисли модаргурги гуруснае, ки сайдашро аз даст додан намехоҳад, дасташро аз пушти ман гузаронда, маро оғӯш кард ва лабонашро ҳар замон ба рӯю гарданам расонда бо эҳсоси баланди шаҳвонӣ ба аъзои баданам даст мебурду пичиррос мезад: “Ягон ҷой дошта бошӣ, қатит меравам, имшаб то саҳар...”

Ба ғазаб омада гуфтам: “Эй апа, девонаӣ ё ҳушёр?! Наход, ки одам дар даруни таксӣ чунин корҳои ҳаромро кунад?! Айбу шарма намедонӣ...” Зан “сағераи хушрӯ будай, иқа ноз накун” гӯён, қиқир-қиқир хандид. “

Ман журналистам гуфта, хостам ҷонамро халос кунам, вале ин зани шайтонсират “журналистон мардак нестанд ё ки *** надоран? ”гӯён, маро ҳеҷ раҳо кардан намехост.

Дидам, ки намешавад, баҳона пеш овардам, ки имрӯз як кори бисёр зарур дорам, пагоҳ албатта дар ягон ҷой во мехӯрем.

“Парво накун, ҷо надошта бошӣ, ман худум ягон хона меёбум” гӯён, зан телефони маро аз дастам гирифта аз он ба рақами худаш занг зад ва рақамҳоямро сабт карда гирифту тарики ИМО паёмак фиристод...

Хулоса, қариб монда буд, ки ин зани дар синну сол аз ман қариб ду баробар калон, маро дар даруни таксӣ таҷовуз кунад.

Ронанда аз афташ аз оина часпу талоши занро бо ман мушоҳида карда, сабукрафториашро пай бурда буд, ки ба сӯяш маънидорона абрӯ парронда “зиқ нашав хушрӯча ман худум тра имшаб мебарум” гӯён, дилашро пур кард ва зан аз ман даст кашид.

Ҳамин тавр аз шарм дар обу арақ ғутта зада аз таксӣ фаромадам. Раҳораҳ худ ба худ андеша мекардам, ки ин занҳои тоҷикро чӣ ҷин зада бошад? Чаро зани покдомони тоҷик, ки тӯли ҳазорсолаҳо номаш бо иффату покизагӣ баромада буд, имрӯз шарму ҳаёро аз ёд бурда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бе ибо эзорашро мекашад (барои дағалӣ ҳазорон бор узр мепурсам) ва иҷозат медиҳад, ки ҳар касу нокас ба номусаш расида, бо ӯ дар сари роҳу даруни мошинҳо ишқварзӣ кунад? Бо кадом рӯ зани тоҷик ба марди номаҳрам “ҳуҷум” карда, ҳамчун гурги гурусна аз ӯ коми дил ситонидан мехоҳад? Магар дар даруни нақлиёт ва боғу боғчаҳо ишқварзӣ кардан дар замони мо мӯд шудаст? Чаро барои ду сум пули ҳаром зани тоҷик, ки замоне дар домонаш намоз хонда мешуд, акнун ганҷи аз ҳама қимматтарин-номусашро ба фурӯш гузошта, зери пойи ҳар марду номард мехобад? (узри зиёд) Шарму ҳаёи шарқиёна куҷо шуд? Канӣ иффат ва имони зани тоҷик?!

Рустам Азимӣ, хабарнигори сомонаи Оила.ТЧ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД