Formula novemver 2024
Субҳон занашро дар фоҳишагӣ дошту...
5201


Қиссае, ки пешкашатон месозем, бофтаву хайёлӣ набуда. Саргузашти як ҷавонмарди фиребхӯрда мебошад, ки зани ношукр ҳаёташро ба дӯзах табдил додааст. Ба хотири шаъну шарафи пайвандони ин оиларо паст назадан мо танҳо номи қаҳрамонҳоро иваз намуда, аз гуфтани макони ҳодиса худдорӣ менамоем.
Ишқи бачаи донишҷӯ
Субҳон дар давраи донишҷӯӣ ба Соро ном духтаре, ки аз ӯ як курс поёнтар таҳсил мекард, ошиқ шуд. Онҳо оҳиста-оҳиста бо ҳам унс гирифтанд ва қавл доданд, ки баъди хатми донишгоҳ хонадор мешаванд. Субҳон баъди гирифтани диплом ба хотири пули тӯйро кор кардан ба Русия ба мардикорӣ рафт ва баъди якуним сол ба Ватан баргашт. Вай бисёр мехост ба арӯсаш “сюрприз” кунад, аз ҳамин хотир, аз омаданаш Сороро огоҳ накарда, ба назди хонаи онҳо рафт...
“Сюрприз”-и ғамангез
Дар хамгашти кӯчаашон арӯсшавандаашро бо ҷавоне даст ба даст дида, таъби Субҳон хира шуд. Вай мехост ба соро “сюрприз” кунад, аммо ғайри интизор арӯсаш ба ӯ чунин “сюрприз”-и нохуш кард. Деви рашк дар дили Субҳон маъво гирифта васваса мекард, ки рафта ҳардукро мурданивор лагадкӯб кун, аммо вай худашро ба даст гирифт ва чизе нагуфта, азпас назорат кардани рафтори духтари дӯстдоштааш шуд. Соро қариб бист дақиқа бо он ҷавон суҳбат карду баъд хайрухуш намуда, сӯйи хонаашон равон шуд. Субҳон оҳи сарде кашида, қафо гашт. Пас аз чунин “сюрприз” вай дигар мақоли бо Соро рӯ ба рӯ шудан надошт...
Мард, агар ошиқ шавад...
Он шаб дили Субҳон чунон сиёҳ буд, ки гӯё ягон одами наздикаш мурда бошад. Шаб то саҳар мижжа таҳ накарда гирист. Чаро нагиряд, охир духтари дӯстдоштаашро бо ҷавони дигар дида, дасту дилаш аз оламу одам хунук шуд...
Субҳон мехост меҳри Соро аз дил берун кунад, аммо ишқ зӯрӣ мекард. “Эҳтимол ягон ҳамкор ё хешу табораш бошад” худро тасаллӣ дод ҷавон ва ба хулосае омад, ки ҳарчи бодо бод, падару модарашро ба хонаи волидони Соро ба хостгорӣ мефиристад...
Моҷарои хостгорӣ
Тибқи анъана модари Субҳон пеш аз хостгорӣ рафтан бо баҳонае ба деҳае, ки волидони арӯсшаванда зиндагӣ мекарданд, рафт ва аз ҳаққу ҳамсяҳо чӣ гуна духтар будани Сороро пурсон шуд. Аз касе, ки дар бораи Соро напурсад, биниашро инҷ карда “ихтиёри худатону лекин чандон духтари боодоб нест” гуфта, китф дарҳам мекашиданд. Модари Субҳон дар ҳаққи арӯси ёфтаи писараш аз даҳони мардум ҳатто як сухни нек нашунида, руҳафтода шуд ва гуфт, ки ӯ чунин духтари кӯчагиро келин намекунад, аммо Субҳон ду пояшро дар як мӯзан андохта, қасам болои қасам мехӯрд, ки агар Сороро ба ӯ гирфта надиҳанд, тарки Ватан мекунад ва сарашро гирифта ба ҷое меравад, ки дигар на мурдаашро меёбанду на зиндаашро....
Хостгорӣ ва тӯй
Баҳсу талош дар хонаи онҳо қариб ду моҳ идома ёфта, ниҳоят бо ғалабаи Субҳон анҷом ёфт. Падару модараш бо ягон роҳ ишқи Сороро аз дили писарашон берун карда натавониста, ночор ба хонаи онҳо хостгорӣ рафтанд. Соҳибони духтар дар ҳамон дафъаи аввали хостгорӣ хоҳиши онҳоро қабул карда, ҷавононро фотиҳа каданд, чунки хулқу хӯйи Сороро дар деҳа ҳама медонистанд ва ягон кас бо нияти хостгорӣ аз дари хонаи онҳо намедаромад...

Нодухтар
Субҳон тамоми маблағи аз Русия овардаашро сарф карда, чунон тӯйи бодабдаба орост, ки ногуфтанӣ. Дар базми арӯсию домонии онҳо якто не, чор-панҷ сарояндаи номдор ҳузур доштанд. Дар сари тахти шоҳона дар паҳлуи Сорои ба мисли парӣ зебошуда нишаста Субҳон худро хушбахттарин марди олам тасаввур мекард, аммо...
Шаби аввл арӯс ндухтар баромада, орзуҳои ширини Субҳонро барбод дод. Субҳон, ки чунинашро ҳеҷ интизор набуд, чунон зиқ шуд, ки аз нангу алам мехост худро ба дор овезад...
(Идомаи қиссаро пагоҳ соати 22.00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД