Ман Фарҳоди Сафарзод, сокини шаҳри Душанбе ҳастам. Муддати бист сол мешавад, ки бо тиҷорат машғулам. Хонаву дари обод ва зану фарзандони гул барин зебо дошта бошам ҳам, мисли аксари мардони пулдор дилам ҳаваси зани ҷавон карду худро бо дасти худам гирифтори доми бало сохтам.
Бо амри тақдир нуҳ сол пеш бо Шамсия ном ҷавонзани зебое, ки чашмонаш бозӣ мекарданд, шинос шудам ва бо як нигоҳ шефтаи ҳусну ҷамолаш гаштам. Касоне, ки Шамсияро мешинохтанд, ба ман маслиҳат медоданд, ки худро аз ин зан дур бигирам, вале ба гӯши мани ошиқ на панду насиҳати дӯстон медаромад, на таъкидҳои ҳамкорону ҳаммаслаконам, дилам, фикрам, ҳушу хаёлам танҳо банди Шамсия буд ва мехостам бо кадом роҳе, ки набошад, ин нозанинро маликаи ҳарами хуб бисозам. Мани гӯлу сода алорағми гуфтаҳои мардум мехостам Шамсияро ба никоҳи худ дароварда ба қавли кампиракон зани занон кунам. Мехостам аз ӯ модаре бисозам, ки сад кас ҳавасашро хӯрад. Мехостам ӯро дар қасри ишқу орзуҳои ширинам шоҳбону сохта ба сараш зару зевар бирезам, аммо...
Шарти хушдоман
Шамсия пеш аз ман ду бор шавҳар карда аз ҳар як шавҳараш яктогӣ фарзанд дошт, вале чун ба хостгорӣ рафтам, модараш дар наздам чунон шартҳое гузошт, ки ҳатто ҳангоми ба занӣ гирифтани духтари хона аз домод чунин талаботи зиёд намекунанд. Ин зани ба сараш кайҳо барфи пирӣ борида бо баҳонаи он ки духтараш дар зиндагӣ як бор не, ду бор аз мард фиреб хӯрда, ду даст дар почаки бинӣ аз хонаи шавҳарҳояш баромада омадааст, дар назди ман шарт гузошта гуфт:
-Ман хушбахт шавад гуфта гул барин духтарамро ба ду кафангадо додам, вале ба қадраш нарасида, бо яктогӣ бача аз дар берун карданд. Барои ҳамин намехоҳам, ки духтарам дар зиндагӣ як бори дигар фиреб хӯрда сарсону саргардон шавад. Ту марди зану бачадор ҳастӣ ва танҳо Худо медонад, ки то охир бо Шамсия зиндагӣ мекунӣ ё не. Фикратро чуқур карда, баъд хулоса барор. Шамсияро ба занӣ гирифтан хоҳӣ, аввал барояш хона харида, тамоми ҳуҷҷатҳоро ба номаш гузаронида ба дасташ медиҳӣ ва ду фарзандашро ҳамчун фарзандони худат қабул мекунӣ, ана баъд мо ӯро ба ту никоҳ карда медиҳем. Домодтӯра хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ чор тарафат қибла, аз куҷое, ки омада бошӣ, ба ҳамон ҷо рафтан гир!
Мани ба доми ишқ гирифтор дарҳол шарти модари Шамсияро қабул карда, аз паси ҷустуҷӯи манзил шудам ва дар байни як ҳафта хонаи сеҳуҷрагии зебое харидаму онро расман ба номи Шамсия гузаронида бо садҳо умеду орзу манзили ҳамсари навамро бо қолину палосҳои қиматбаҳо ва мебелу техникаи замонавӣ пур кардам.
Модару бародарони Шамся дилпур шуданд, ки духтарашон дар миёни роҳ намемонад ва ду табақ ош карда, муллоеро оварданду моро бо ҳамдигар никоҳ намуданд. Мани Маҷнунгашта зану фарзандони худамро аз ёд бурда, ҳарчи ёбам, онро ба хонаи Шамсия мекашондам. Фарзандони ӯро беҳтар аз фарзандони худам тарбият намуда, барояшон чизеро дареғ намедоштам, то кӯдакон бепадариашонро эҳсос накунанд. Таъриф нашавад, нисбати фарзандони зани дуюмам чунон меҳрубониҳое мекардам, ки кас ҳатто ба фарзандони аз хуни худаш ба дунё омада намекунад. Бачаҳои Шамсия маро «дадаҷон» гуфта дар гирдам мудом парвонавор давр мезаданд ва ман аз ин курта-курта гӯшт мегирифтам. Ба хонаи Шамсия мошин-мошин бор бурда, бар замми ин, ҳамеша ба дасташ пул дода меистодам, то чизи дилхоҳашро харида хӯрад ва ба касе муҳтоҷ нашавад, аммо…
Аз ноҳия ба шаҳр
Шамсия дар як ноҳияи дурдаст зиндагӣ мекард ва ман барои ӯ дар ноҳияи худашон хона харида будам. Азбаски зани якумам дар пойтахт зиндагӣ мекард ва тиҷорати ман низ дар шаҳр буд, рафту омад кардан ба ин ноҳияи дур бароям гаронӣ кард ва ба зани дуюмам пешниҳод намудам, ки хонаро фурӯхта аз шаҳр манзили дигар бихарем. Шамсия ва модару бародаронаш розӣ шуданд. Манзиле, ки ман барои зани дуюмам харида будам, дар он ноҳия беҳтарин ба шумор мерафт ва бисёриҳо чунин хона доштанро орзу мекарданд. Вақти нияти хонафурӯшӣ доштани моро фаҳмиданд, пушти дарамон пур аз харидор шуд. Хонаро дар муддати кӯтоҳ фурӯхта ба шаҳр кӯчидем. Акнун назари Шамсияи дар ин муддат аз саховатмандиҳои мани тоҷир эркашуда ҳар чизро намегирифт ва пояшро дар шохи баланд гузошта хонаи аз манзили пештарааш сад бор беҳтар талаб мекард. Барои наранҷонидани зани нозпарвардам ман аз як дӯстам даҳ ҳазор доллар қарз гирифта ба болои пули хонаи пештара мондам ва ба чил ҳазор доллар барояш як сеҳуҷрагӣ харидам, то ҳамроҳи фарзандонаш ба роҳат зиндагӣ карда, шукри хонаву дари ободашро намояд, вале…
Макри зан, ҷуволи арзан
Баъди ба шаҳр кӯчидан рафтору кирдори Шамсия тамоман тағйир ёфта, дигар мисли пештара бо ман хушгӯиву меҳрубонӣ намекард. Дилам гувоҳӣ медод, ки занам касеро ёфтааст. Як шаб худ аз худ дилам алов гирифт ва қарибиҳои соати 12 ба ӯ занг задам. Телефонаш банд буд. Баъди 10 дақиқа боз занг задам, вале занам ҳанӯз бо касе чақ-чақ дошт. Ҳамин тавр дар байни як соат ман қариб бист маротиба ба Шамсия телефон карда бошам ҳам, ҳеҷ натавонистам бо ӯ дар тамос шавам. Оташи рашк дар дилам аланга зада маро маҷбур кард, ки дар ҳамон нимаи шаб ба хонаи зани дуюмам равам. Шамсия баъди чандин маротиба пахш кардани занг дарро боз кард ва маро дида якбора ранги рӯяш парид. Салому алекро нася гузошта бо ғазаб пурсидам:
-Ту дар ин нимаи шаб бо кӣ ин қадар лақ-лақ мекунӣ?
Ҳамсарам забон хоида баҳона кард, ки ин айби ширкати мобилӣ аст, ки телефонро банд нишон медиҳад ва сад қасам хӯрд, ки хоб буду бо касе гап назадааст. Чизе нагуфта ба хона даромадам ва хоҳиш кардам, ки бароям хӯрок биёрад. Вақте занам ба ошхона даромад, оҳиста телефонашро гирифта хостам рост гуфтан ё нагуфтанашро фаҳмам. Аз як рақам чанд маротиба ба телефони занам занг омада буд. Онро навишта гирифтам, то кӣ буданашро аниқ карда, мақсади занг заданашро фаҳмам.
Зани душавҳара
Симкорти Шамсия ба номи ман буд. Рӯзи дигар ба ширкати мобилӣ рафта дар бораи ҳамон рақам маълумот талаб намудам. Маълум шуд, ки симкорт ба номи марде аст ва аз ин рақам ҳамарӯза чандин бор ба ҳамсари ман занг зада, соатҳо суҳбат мекунанд. Кӣ будани он марди чақ-чақиро фаҳмиданӣ шуда ба ҳамон рақам занг задам. Гӯширо марде бардошта бо садои пурмеҳр «Лаббай, асалакам!» гуфт. Хун ба сарам зад, вале худро бо азоб ба даст гирифта пурсидам:
-Ту кӣ ҳастӣ, ки ҳар шаб ба зани ман занг мезанӣ?
-Худи ту кистӣ?-Ба зарда гуфт мард
-Ман шавҳари Шамсия ҳастам. Номард, шарм намедорӣ, ки ба зани шӯйдор занг мезанӣ?! Як бори дигар ба Шамсия телефон кунӣ, очаи зоратро нишон медиҳам!-Барошуфтам ман.
-Инро бинанд-а, зани маро гирифтаасту боз таҳдид мекунад!-Заҳрханда кард мард.
-Ту чӣ гуфтӣ?! Шамсия аз кай боз зани ту шудааст?-Пурсидам бо ғазаб.
-Ман шавҳари дуюми Шамсия ҳастам ва то ҳол ӯро талоқ надодаам. Даюс, ту зани дар никоҳи ман бударо ба занӣ гирифтаию боз шарм надошта «очаи зоратро нишон медиҳам» гуфта таҳдид мекунӣ?! Дамата гирифта гард, набошад, ҳозир аз рӯят ба милиса аризаи шикоятӣ менависам, ҷоят пушти панҷара мешавад,-таҳдид кард мард.
Ин гапро шунида ҳангу мангам канд ва чӣ гуфтанамро надониста телефонро хомӯш кардам.
Сирри фошгашта
Ба хонаи Шамсия чӣ тавр расиданамро намедонам. Сарам ғуввос зада дар гӯшҳоям танҳо суханони он мард садо медоданд. Дарро ба рӯям хушдоманам, ки ба хонаи духтараш меҳмонӣ омада буд, боз намуд. Баробари дидани ин зани пояш ба лаби гӯр расидаи дуруғгӯй як аламам сад алам гашта гуфтам:
-Домодатон духтаратонро талоқ надода будааст, чаро инро аз ман пинҳон доштед? Шумо як зани муъмину мусулмон магар намедонед, ки дар як вақт бо ду мард никоҳ кардани зан раво нест? Ман зино накунам гуфта Шамсияро никоҳ карда гирифтам, шумо бошед, маро ба гирдоби бало тела додед…
Ин дам худи Шамсия аз хонаи дигар баромад ва қошу қавоқи овезони маро дида пурсид, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Ба ҷойи ман марди дигар мебуд, шояд даҳону бинии чунин зани маккораро зада мешикаст, вале дили мани ошиқ намешуд, ки Шамсияро ҳатто бо шохаи гул занам. Қаҳру ғазабамро фурӯ бурда оромона ҳама гапу кори шударо ба занам нақл кардам ва ҳақиқати ҳолро пурсон шудам. Шамсия иқрор шуд, ки шавҳари дуюмаш то ҳол талоқи ӯро надодааст ва гӯё
барои ҳолу аҳволи фарзандашро пурсидан ба ӯ занг мезанад.
-Ту аз вай як фарзанд дошта бошӣ, аз ман аллакай ду бача зоидаӣ, бо кадом ақлат барои марде, ки туро партофта рафта буд, зиндагии ободатро бо дасти худат вайрон мекунӣ?-Пурсидам бо алам.
Шамсия гунаҳкорона сарашро хам карда чӣ гуфтанашро намедонист.
Ҳамин дам боз телефонаш занг зад ва ман ҳамон рақамҳои шиносро дида пешдастӣ намудаму телефони Шамсияро бардошта девонавор дод задам:
-Мард бошӣ, ҳозир хеста биё, масъаларо дар ҳамин ҷо ҳал мекунем, агар Шамсия бо ту мондан хоҳад, ман талоқашро медиҳам, вале маро интихоб кунад, ту аз ҳаёти мо ғайб мезанӣ!
Рақибам розӣ шуд ва ним соат нагузашта расида омад. Дар назди Шамсия қасам хӯрдам, ки ман танҳо хушбахтии ӯро мехоҳам ва агар дилаш ба шӯяш бошад, ошкоро бигӯяд, ман ҷавобашро медиҳам, вале ҳанӯз вай даҳон накушода шавҳараш бо заҳрханда гуфт:
-Ин занак, агар ба ман даркор мешуд, ӯро намепартофтам…
Намедонам ин гапи шавҳараш ба Шамсия сахт расид ё маро дӯст медошт, ки бо ғазаб ба ӯ нигариста гуфт:
-Ман ҳам аз рангу рӯйи ту безорам! Аз ҳамин рӯз эътиборан дигар ба ман занг назан! Ту дигар фарзанд надорӣ, бачаҳои ман падар доранд. Падарашон ана ҳамин марде ҳаст, ки барои онҳо хонаву дар харидааст ва хӯроку пӯшокашонро таъмин мекунад…
Ҳамин тавр шӯйи занам баромада рафт ва ман нафаси осуда кашидам, ки ҳамааш бо хушӣ анҷом ёфту аз ин пас осуда зиндагӣ мекунем, аммо хаёлам боз хом баромад…
Тақсими амвол
Ба хотири он ки Шамсия аз ду шавҳари пештарааш дуртар бошад, ин хонаро ҳам фурӯхта ӯро дубора ба ноҳияи худашон бурдам. Бародаронаш аз моҷарои мо бо шавҳари дуюми хоҳарашон огоҳ шуда гуфтанд, ки дигар даъвои хона намекунанд. Шамсия бо модараш маслиҳат карда гуфт, ки барояш 10 ҳазор доллар диҳам, кифоя аст, вай ба маблағи боқимондаи хона даъво надорад, метавонам онро фурӯхта қарзҳои гирифтаамро баргардонам ва тиҷоратамро ривоҷ диҳам. Ман розӣ шудам ва ба дасти занам 10 ҳазор доллари нақд дода, бар замми ин яхдону телевизорҳои замонавӣ, кондитсионер, мебел, қолину палос, хуллас, тамоми чизи дар хона бударо, ки ҳамаашон хориҷию гаронбаҳо буданд, ба Шамсия бахшидам, то нагӯяд, ки нисбаташ номардӣ намудам ё ӯро фиреб кардам.
Дили одаткарда-балои ҷон
Мақсад аз тақсими амвол ҷудо шудан буд, вале дили бо Шамсия хӯгирифтаи ман ҳеҷ ба ҷудоӣ тан намедод. Ба дарди ҳиҷрон тоб наоварда, тақрибан баъди як моҳ бо баҳонаи он ки фарзандонам бе падар намонанд, ман дубора бо зани дуюмам оштӣ кардам ва барои он ки зану бачаҳоям азоби бехонагӣ накашанд, мошинамро ба ҳашт ҳазор доллар фурӯхтаму онро ба болои он даҳ ҳазор доллари пештар ба дасти Шамсия додаам монда, ба ҳаждаҳ ҳазор доллар боз барои занам хона харидам. Гумон доштам, ки акнун ақли Шамсия ба сараш задааст ва дигар ба ман хиёнат намекунад, вале одати бо шир омада танҳо бо ҷон мебаромадааст. Занам ба ин ҳама некию ғамхориҳои ман туф карда бо мардони бегона чақ-чақ мекунад. Рафтори ӯро дида гиребони тавба медорам, ки наход зани чаҳор фарзанд дошта, ки ду маротиба хонавайрон шудааст, то ҳамин дараҷа беандеша шавад. Борҳо насиҳат мекунам, мефаҳмонам, ки зиндагӣ бозича нест, фикри фарзандонашро карда, аз рафторҳои ноҷояш даст кашад, вагарна аз баҳри чунин зан мегузарам, вале ба Шамсия гап таъсир намекунад. Сарҳисоби корамро гум карда бо ӯ чӣ кор карданамро намедонам. Барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат намудам, то аз хонандагони рӯзгордидаам маслиҳат бипурсам.