arzon replenishment
ЗАНАМ ТАЛОҚАШРО ГИРИФТУ АЗ ХОНА ПЕШ КАРД
15332

 

“Ман ҳанӯз се ё чорсола будаам, ки падару модарамро дар ҷанги шаҳрвандӣ ба қатл расониданд. Мани хурдакакро аммаам ҳамроҳи ду духтараш ба воя расонид. Ман ӯро модар мегуфтам ва ягон маротиба ҳам дар рафтору гуфтораш ҷудоиандозии байни ману духтаронашро эҳсос накарда будам.

Шояд ба ҳамин хотир, ӯро нашинохтам, ки модари аслиам нест....” Ин гуфтаҳои Саид аст. Саиде, ки ҳамагӣ 32 сол дораду аллакай мавҷҳои печ дар печи зиндагӣ ӯро ба қаъри баҳр бурдааст, ки наметавонад худро аз ин гирдоб раҳо кунад. Ба гуфтаи ӯ, “танҳо “Оила” ва хонандагони он метавонанд маро ба зиндагии осоишта дубора баргардонанд, ҳамин ҳам дар гумон аст...”

-Ман зодаи шаҳри Бохтар мебошам. Падару модарамро силоҳбадастон дар синни ҷавонӣ ба қатл расонида, шавҳари аммаамро низ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мекушанд. Пас аз ин маро барои зиндагии доимӣ ба шаҳри Душанбе овардаанд. Ману хоҳараконам дунёи наврасию ҷавониамонро дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахтамон паси сар кардем. Модарам ончунон меҳрубон буд, ки нафаҳмидам, ки ман ятим ҳастам. Агар ягон вақт аз падарам пурсон мешудам, мегуфт ӯ дар ҷангҳои шаҳрвандӣ ба ҳалокат расидааст ва шумо он вақт хурд будеду чизеро дар хотир надоред. Ба ин сухани модарам бовар кардам. Як хешамон ба хотири ману фарзандони ятимаш хонаашро туҳфа карда гуфтааст, ки ба хотири кӯдакон дар кӯча намондан, бахшидамат. Баъд аз боақл шудани мо “модарам” шавҳар кард. Ман ӯро ака мегуфтам ва онҳо аз зиндагии якҷояашон соҳиби писар шуданд. Як рӯз он мард ба ман гуфт, ки ту барои ин зан писари ҳамхун нестӣ, ин модари ту не, балки аммаи ту мешавад. Пас аз ин сухан дунё ба сарам чаппа шуда бошад ҳам, вале намехостам, ки ба ин ҳақиқати талх бовар кунам. Ин суханро модарам низ тасдиқ кард. Ҳис мекардам, ки муносибати аммаам тағйир ёфта истодаасту меҳри ба ман доштаашро ба писараш бахшидааст. Баъдан фикр кардам, ки шояд ба хотири хона шавҳараш аммаам буданашро ошкор кард...

Соли 2006 ба яке аз донишкадаҳои кишварамон дохил шуда, онро бо мувафаққият хатм намудам. Баъди хатми донишкада барои пайдо кардани кор ба чандин идораҳои дахлдор муроҷиат кардам. Вале дар ҷавоб мегуфтанд, ки ҳамин миқдор маблағ биёр, баъдан туро ба ҷои кор таъмин мекунем. Вазъи иқтисодиам паст буду имкони пайдо кардани маблағи талабкардаи онҳоро надоштам. Аз ин рӯ, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам. Дар шаҳри Самара барои худ кори дилхоҳ пайдо кардам, аниқтараш дар он ҷо ба тиҷорати меваю сабзавот машғул будам. Ман ҳамчун яклухтфурӯш будаму дигарон аз мо харидорӣ намуда, чакана мефурӯхтанд. Дар миёни харидоронам як марду зан, ки зодаи Тоҷикистон буданд, ҳамеша аз ман чунин маҳсулотро мехариданд. Мо ҳамин тавр рафтуомад кардем ва сари чанд вақт маро ба хонаашон даъват мекарданд. Онҳо духаре доштанд бо номи Парвона, ки аллакай қадрас шуда буд ва ҳамроҳашон дар ин кишвар умр ба сар мебурд. Шиносоии мо пас аз суҳбатҳои тӯлонӣ ба наздикшавиамон оварда расонд. Мо ба ҳамдигар унс гирифта, баъди ду соли муҳоҷират оила барпо кардем. Вақте аз оиладор шуданам ба аммаам гуфтам, розӣ нашуда гуфт, ки туро ба як хешдухтарам номзад кардаам, биё дар Тоҷикистон тӯятро мегузаронем. Аз он, ки ман Парвонаро дӯст дошта будам, ба пешниҳоди аммаам розӣ нашудам ва   тӯи мо дар Самара гузашт. Аз зиндагии якҷояи мо писар ба дунё омад. Ману ҳамсарам тасмим гирифтем, ки ба Душанбе баргардем ва ҳамин тавр ҳам кардем, аммо аммаам занамро чашми дидан надошт. Ба ҳар як кораш эрод мегирифту бо ӯ дар як хона зиндагӣ кардан намехост. Бо ҳар баҳонаи кучак ҷанг мекарду ҳатто хӯроки тайёркардаашро намехӯрд. Маро ин зиндагӣ хуш наомад ва бегона будани худро ҳис кардам. Аз пайи пайдо кардани мероси падарам, ки дар шаҳри Бохтар буд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам. Вақте бойгониро бардоштем, маълум гашт, ки ҳавлӣ ба номи падарам будааст ва амакам алакай хонаҳои барҳаво сохта буд. Дар ин бора ба амакам пешниҳод кардам, ки ҳавлии меросии падарам ду тақсими баробар шавад, ӯ розӣ нашуд. Ҳарчанд ба сохторҳои дахлдор муроҷиат кардам, бенатиҷа. Кори мо то суд рафт. Яъне, ман сари ғазаб барои ҳаққи худам гиребон ба гиребон шудем. Амакам, ки сарватманд буд, маро муддати 8 моҳ дар СИЗО маҳкам карданд ва ин муҳлатро паси сар намудам. Баъди аз маҳбас баромадан, бо дастгирии судя маро бо мероси падарам таъмин намуданд. Қисмати зиёди умри ман дар Душанбе гузашта буд, заминро фурӯхта, дар Чимтеппа 4 сотих замин гирифтаму се хонаву дар сохтам, барои кӯдаконам шароит фароҳам овардам ва онро ба номи писарам кардам.  

Вақте ки аз маҳбас баромадам, Парвона аллакай дигар шуда буд. Рафтораш, гуфтораш, ҳаракатҳояш куллан тағйир ёфта, бо ҳар баҳона бо ман ҷанг мекард ва маро чашми дидан надошт. Ин ҳолат асосан баъд аз рафту омади пайвандонаш, алалхусус, волидон ва апааш бо ӯ рух медод. Оҳиста-оҳиста ӯ маро ба бистараш роҳ намедод. Мепурсидам, ки чаро чунин мекунӣ, мегуфт ки падарам мегӯяд аз СИЗО касе солим намебарояд ва шавҳари ту низ бемор шудааст. Ту аллакай бемор шудаӣ. Ман ба ин суханҳои ҳамсарам ҳайрон мешудам, ки чӣ камбудӣ дорам, ки ту маро бемор мегӯӣ, дидан намехоҳӣ, шикамат гурусна нест, фарзандон шукри Худо серу пур ҳастанд ё шояд нафсатро қонеъ намекунам? Чӣ норасогӣ дорӣ, гӯй, то ислоҳ шавам. Боз ҳам ҷавоб як: “Падарам мегӯяд, ки бо ӯ дигар зиндагӣ накун, асабҳояш хароб аст, ҳар корро анҷом доданаш мумкин”. Яъне, онҳо намехостанд, ки ҳаёти мо ором гузарад.

Як ҳолате, ки пас аз маҳбас баромаданам рух дод, боварии маро нисбат ба занам кам кард. Саҳари барвақт буд, ки телефони ҳамсарам занг зад, рақамҳои ношинос. Бардошта гӯш кардам, ки аз он тараф овози мард “алло” гуфт. Ман ҳам овозамро баровардам, ки хомӯш шуд. Аз занам пурсидам, ки ин мард кист? Дар аввал гуфт, ки намешиносам, баъдан ҳамсояамон гуфт, устои телефон гуфт. Барои исбот кардан тамоми чораҳоро андешидам, мардро пайдо кардам, лекин мард ба хонааш қасам хӯрд, ки ман ба телефони занат занг назадаам, шояд ҳамсарам занг зада бошад, вале дар ҷавоб гуфтам, охир овози мард буд, ҳамин тавр иқрор нашуд ва пешниҳод кард, ки қасам диҳам. Аз он ки сабти аудиоиашро пайдо карда натавонистам, маро бемор бароварданд, ки гӯё занамро туҳмат мекунам.

Рӯз ба рӯз барои Парвона бегона шудан мегирифтам, на ҳамбистар шудан мехост, на ҳамсуҳбат. Ҳар дақиқа аз ман талоқ талаб мекард, вале ман сабаби онро пурсон мешудам, намегуфт. Аз он ки ман аз ӯ ҷудо шудан намехостам, ба дашном гузашт, ҳама гуна ҳақорату дашномҳои қабеҳ мекард, ҳатто дар даҳонат... Аз кор меомадам, ба ҷои он ки истироҳат намоям, баръакс доду фиғон мебардошт, кӯдаконам, ки аллакай дуто шуда буданд, мезад ва оромии хонадонамонро халалдор мекард. Моҳи шарифи Рамазон оғоз шуд. Ҳамагӣ ду рӯз гузашта буд, ки ба ҷону ҳолам нагузошту ҷавобашро додам ва дуюмбора пурсид, ки ҷавобамро додӣ? Акнун аз хона баромада рав, ману кӯдаконам танҳо зиндагӣ мекунему халос. Хостам фаҳмонам, ки ин тавр намешавад, лекин ӯ корди хоҷагиро гирифта гуфт, ки агар наравӣ, худамро мекушам ва туро дар ин кор гунаҳкор меҳисобам. Аз тарси он ки ман ҳамчун қотил ном набарорам, баъзе чизҳоямро саросема гирифтаму аз хона берун шудам.

-Парвона маълумоти олӣ ё миёна дорад?

-Не, бе маълумот будани зан дар зиндагӣ хеле мушкил будааст. Чунки ҳамин қадар мефаҳмонидам, ки шабу рӯз давиданам ба хотири ту аст, дар ҷавоб фишори равонӣ медиҳад, ки гӯё ман бо касе гап мезанам ё дигар касро ёфтаам. Вале дар асл ман ӯро дӯст медорам ва ба хотири ӯ ҳама чорчӯбаҳоро шикастаму ба висол расидам... Афсӯс маро намефаҳмид. Танҳо талаб кард, ки ҷавоби маро деҳ, худам зиндагиамро пеш мебарам. Гуфтам ин тавр бошад, кӯдакҳоро ба ман деҳ, вале розӣ нашуд ва мо ҷудо шудем...

-Дар ин бора ба падари ҳамсаратон суҳбат накардед, ӯ мард аст, шояд шуморо хуб мефаҳмад...

-Баръакс, вақте сари ин масъала бо падараш суҳбат кардам, ӯ иброз дошт, ки аз аввал намехостам, ки ту бо духтари ман оиладор шавӣ, вале модараш маро маҷбуран розӣ намуду шуморо ба ҳам пайваст кардем. Ту лоиқи духтари ман надорӣ, агар хоҳӣ, мо хонаатонро мефурӯшему дар назди хонаамон хона месозем. Фаҳмонидам, ки ман дар Бохтар дигар зиндагӣ кардан намехоҳам, вале фикру хостаҳои ман барояшон муҳим нест. Аз тағйир ёфтани занам сахт ғамгин мешудам. Ба ин хотир ҳангоми суҳбат сабтро пайваст кардам. Ҳам падар ва ҳам модараш ҳамеша маслиҳат медоданд, ки як бало карда, хонаро гир ва онро фурӯхта, туро ба наздамон меорем. Ба ту шавҳар дигар чӣ лозим, фарзанд дорӣ, хона дорӣ, барои худат зиндагӣ кун. Ростӣ, чунин “насиҳат” маро сахт руҳафтода кард ва натавонистам бо ин ҳолат мубориза барам...

-Маълум, ки қариб як ҳафта боз шумо бехонаву ҷой ҳастед, пас дар куҷо зиндагӣ мекунед?

-Дар ҳар куҷо. Ман ки хона ва ҷои зиндагӣ кардан надорам, дар биноҳои нотамоми шаҳр, ки аз тарафи ҷои корам дар он ҷо фаъолият дорем, шабамро рӯз мекунам. Ҳамкоронам аз ман мепурсанд, ки чаро ба хонаат намеравӣ, то ки истироҳат намоӣ, дар ҷавоб хомӯш меистам. Ҳатто рӯзҳое мешаванд, ки ду – се рӯз ҳам дар ҷои кор ҳастам ва намедонам ба куҷо равам.

-Ба назди аммаатон барнагаштед, шояд ӯ шуморо ба хонаашон роҳ диҳад?

-Рафтам, лекин ӯ гуфт, ки ба хотири ту шуда, муносибати пайвандонамро вайрон намекунам. Зеро ту ба хотири занат амакатро ба милиса рӯ ба рӯ кардӣ, аз баҳри ҳама гузаштӣ. Ман туро ҳамчун меҳмони чандсоата қабул карда метавонаму халос. Ҳар куҷое мегардам, роҳҳо бароям маҳдуд аст. Намедонам чӣ кор кунам, чанд маротиба қасди худкушӣ кардам, вале боз аз он тарсидам, ки ҳарду дунёи худро месӯзонам. Худованд ба ман тақдир надода будааст, аз падару модарам дар хурдӣ ятим мондам. Дар ҷавонӣ ҳамсарам маро рӯи дидан накарду оилаам вайрон шуд, ҳоли фарзандонам чӣ мешуда бошад?

 

...Саид мегирист, бесадо, вале пурсӯз буд гиряи ӯ... Худро дошта наметавонист.

-...Ростӣ, дилам аз зани тоҷик, худи Тоҷикистон хунук шудааст. Барои зани тоҷик, ба модари ояндаи фарзандонам аз баҳри хешу таборам гузаштам, барои таъмини рӯзгор тамоми ҳастиамро бахшидам, вале ҳамсарам ба волидонаш гӯш карда, ҳамаро ба бод дод. Ҳар касе дар ҷои ман бошад, ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешавад. Агар роҳам ба муҳоҷират кушода мебуд, худи ҳамин рӯз Тоҷикистонро тарк мекардам ва намегузоштам дигар ишқи дурӯғини зани тоҷикро бубинам. Шояд занҳои ба қадри ишқ мерасидагӣ ҳам бошанд, вале он чизеро мегӯям, ки дар ҳаётам бо ман рух дода истодааст. Хулоса, ҳаёти маро бо қалами ғам навишта будаанду саропо пур аз ғаму дард будааст...

-Агар раваду аз миёни хонандаҳои “Оила”нафаре туро ба фарзандхонӣ қабул кунад, розӣ мешавӣ?

-Агар ба хотири духтарашро ба никоҳи худ даровардан ё дар қатори дигар фарзандонаш зиндагӣ кардан пешниҳод кунанд, розӣ намешавам. Чунки фарзанддорон наметавонанд маро ҳамчун фарзанди хеш қабул кунанд, инро аз таҷрибаи зиндагии хеш мегӯям.

-Чӣ ҳарфе доштед, ки ногуфта монд...

-Бисёр мехостам падару модарон ба хотири мустаҳкам гаштани зиндагии фарзандонашон мусоидат кунанд, на баръакс. Чунки пайвандони ҳамсарам мисли мардуми кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ мекунанд ва таъсири ҳамон муҳит аст, ки имрӯз мани сағераро, ки ба хотири духтари онҳо аз ҳама рӯй тофтам, ҳоло ҷои рафтан надорам. Имрӯз дар миёни чор девори баланди сахти тақдирам, ки аз куҷо сурох кардану худро аз банди ғамҳо раҳо карданамро намедонам. Модарон ва падарони азиз, маслиҳатам диҳед, то роҳам равшан шавад..

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
асия 2023-06-03, 00:38
зани нав гиру зиндагиро аз 0 сар кун
Посух
асия 2023-06-03, 00:39
зани нав гиру зиндагиро аз 0 сар кун
Посух
асия 2023-06-03, 00:39
зани нав гиру зиндагиро аз 0 сар кун
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
асия 2023-06-03, 00:38
зани нав гиру зиндагиро аз 0 сар кун
Посух
асия 2023-06-03, 00:39
зани нав гиру зиндагиро аз 0 сар кун
Посух
асия 2023-06-03, 00:39
зани нав гиру зиндагиро аз 0 сар кун
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД