Formula september
Зуҳро миллионер шуду Фотима алкаш
14435

 Дарди дили зани майзада

Майхорагӣ амали номатлубест, ки бар асари он садҳо оила вайрон ва фарзандон дар ба дару волидон дар азоб мемонанд.

Имрӯзҳо дар гӯшаву канорҳои гуногуни пойтахт нафаронеро дидан мумкин аст, ки бо сару рӯйи пур аз хоку ифлосӣ ва мӯйҳои парешону чашмони сурх дар таги дарахтон, дар назди биноҳо, дар гузаргоҳу сари роҳ беҳушу беёд хобидаанд ё бо рафтори дағалонаашон тартиботи ҷамъиятиро вайрон месозанд. Аламовараш он аст, ки дар баробари мардони майхора баъзан чашми кас ба занҳои масту аласти тоҷик низ меафтад. Сабаби рӯ ба шароб овардани ин занҳо дар чист? Чаро онҳо рӯ ба шароб оварда, бо ин рафторашон номи зан-модари тоҷикро доғдор ва ба хоки сияҳ яксон месозанд? Барои ба ин савол ҷавоб пайдо кардан мо бо яке аз он занҳои майзада ҳамсӯҳбат гаштем.

Фотима Эшонова:
Ба рӯйи Зуҳро кислота пошидан мехостам

Фотима Эшонова аслан зода ва истиқоматкунандаи Мӯъминобод аст, вале бо сабаби хонавайронӣ ва азобҳои алими зиндагӣ маҷбур шудааст, ки шаҳри Душанбе ояд, то аз таънаву пичинги хешу табор раҳоӣ ёбад. Фотима ҳанӯз 31 сол дорад ва дар майхораву овораю дар ба дар шуданаш шавҳару фарзандони падарашро гунаҳкор медонад. Аслан, онҳо ду хоҳари экизак ҳастанд-Фотима ва Зуҳро. Маъмулан дугоникҳо бо ҳамдигар бисёр меҳрубон ва мисли як тану як ҷон ҳастанд, вале Фотима аз хоҳари экизакаш бо муҳаббат ёд намекунад. Зуҳро имрӯз зиндагии ободу осуда дорад ва ба қавле миллионер аст, вале тақдир ба Фотима на бахт доду на тахт. Вай алами бадбахтиашро аз шароб гирифта мегӯяд:

-Худованд аз азал хоҳарамро зани хушбахт офариду маро бадбахт. Дугоник бошем ҳам, Зуҳро мисли парӣ хушрӯй ман безебак будам. Ошиқони хоҳарам аз мӯйи сараш ҳам бештар буданд, вале ба мани аз кӯдакӣ беморнамо ва рангзарду бадафт ягон ҷавон таваҷҷуҳ намекард. Ростӣ, чанд бор аз рашк ба рӯйи Зуҳро кислота пошидан хостам, вале боз меҳри хоҳарӣ ғолиб омада дар лаҳзаи охир аз фикрам мегаштам. Соли 1999 дар деҳа овоза шуд, ки соли 2000-ум дунё ба охир мерасад. Падарам ба таҳлука афтида ҳардуи моро аз мактаб гирифт, то ки духтари дӯстдоштааш Зуҳроро, ки хостгоронаш аз мӯйи сараш ҳам зиёд буданд, ба шавҳар дода, орзую ормон шиканад. Дере нагузашта як оилаи миллионер Зуҳроро келин карданд ва хоҳарам ҳамроҳи шавҳараш ба хориҷа кӯчида рафту мани мискин мондам…

    Бахт аз кӯча
Солҳо турнасон гузаштанд, вале дари бахти мани касалӣ ҳамоно кушода намешуд. Як рӯз аз маъракае бармегаштем, ки ҷавоне аз пасам шуда ба ман гап партофтан гирифт. Ба суханонаш аҳамият надода роҳамро идома додам. Ҷавон то пушти дарвозаамон аз пасам омад ва рӯзи дигар падару модарашро ба хостгорӣ фиристод. Падарам, ки кайҳо боз аз ман халос шудан мехост, тору пуди домодро напурсида, дарҳол розигӣ дод ва моро фотиҳа карданд.

Ҳамин тавр як моҳ пас тӯйи арӯсиам барпо гашт. Ростӣ, хурсанд будам, ки бо обрӯ шӯ карда аз номи бади пирдухтар ва таънаю маломати хешу табор халос шудам, вале хаёлам хом баромад…

 Таънаи хушдоману шаттаи хоҳаршӯй

Дар хонаи шавҳарам рӯзам якбора сиёҳтар шуд. Хушдоманам аз рӯзҳои аввали зиндагӣ маро чашми дидан накарда ранҷу азоб медод. Вай ошкоро маро ноқисунақл гӯён таъна мезад, духтарҳояш бошанд ба ҳар як бору борам эрод гирифта “хӯроки пухтагиат шӯр ё бенамак” гӯён, маро чунон бераҳмона мезаданд, ки харро ин қадар намезананд. Ба шавҳарам шикоят кунам, тарафи модару хоҳаронашро гирифта маро лагадкӯб мекард, барои ҳамин лаб зери дандон гирифта ба ҳамааш тоқат мекардам. Бисёр мехостам ҳомиладор шуда писар таваллуд кунам, то ки зиндагиам мустаҳкам шавам. Умед доштам, ки  баъди соҳиби фарзанд шудан муносибати шавҳар ва хушдоману хоҳаршӯйҳоям бо ман тағйир меёбад ва меҳрубон мешаванд, вале…

Талоқ бо балвои модар

Чанд сол ба мушту лагади шавҳару хушдоману хоҳаршӯй тоқат карда, соҳиби ду писарчаи гул барин зебо гаштам, аммо тавлиди Маъруфу Мансур низ натавонист ҳаёти талхи маро ширин созад. Хушдомани дар ҳила гум ва худобехабарам оқибат бо туҳмат моро ҷудо кард. Муддати шаш моҳ худаш бо ман гап назада ба писараш бадгӯӣ намуд, ки гӯё ман ӯро ҳурмату эҳтиром намекунам ва бо ӯ қаҳрӣ шудаам. Шавҳарам асли гапро напурсида маро бо ду фарзанди хурдсол, ки яке сесолаву дигарӣ нав яксола шуда буд, талоқ дода аз дар берун кард…

Зан, ки бева шуд…

Бо кӯчу бандам ба хонаи падар баргаштани маро дида, авзои янгаҳоям беҷо шуд. Онҳо метарсиданд, ки бо омадани ману ду фарзанди  зиндаятимам нони даҳонашон нимто мешавад. Падарам низ рӯяшро гардонда чанд муддат бо ман гап назад. Ягона муттакоям модарам буд, вале ӯ ҳам ба алами бадбахтии ман тоб наоварда, баъди чанд вақт бемор шуд ва ба бистари беморӣ афтид. Муддати 7-8 сол модарамро беморбонӣ карда, ба таънаю маломати янгаҳо чашм мепӯшидам. Дар ин муддат он қадар азобу хорию зориҳое кашидам, ки ногуфтанӣ. Оилаи мо камбағал ҳастанд, аз ҳамин хотир мудом барои як пора нон байни кӯдакони ману фарзандони акаҳоям ҷанҷолу кашокаш буд. Янгаҳоям тарафи бачаҳояшонро гирифта кӯдакони бе падари маро бо сим, чӯб ва тасма мезаданд. Дилу ҷигарам бо дидани ин манзара хун шуда, баъзан тарафи бачаҳоямро мегирифтаму дар бало мемондам. Падарам “ту пушти сағераҳоятро мегирӣ” гуфта, чунон маро мезад, ки саги бесоҳибро ин қадар намезананд…


Аммо то имрӯз ҳукумат гӯш ба каррӣ мезад. Оне, ки даст ба ин издивоҷ зад худро мусулмон меҳисобад ва издивоҷ бо духтарчае, ки ҳануз дасти чапашро аз дасти росташ фарқ намекунад, мувофиқи қонуни шариат медонад. Фикр кардед, ки ҳар ки набошад ин мард ДИИШ и аст. Не, ДИИШ и нест.

 


Баъди сари модар хор шудам

Ба хотири модарам ба ҳамааш тоқат мекардам, вале соле қабл модари берӯзии аз зиндагӣ наосудаам бо дили пурормон аз дунё гузашт. Мани мискин бо нолаҳои зор модари меҳрубонамро ба хок супурдам. Аз рӯзе, ки модарам аз сар рафт, ду дастам аз осмону ду поям аз замин канда шуд. Марги модар ҳаёти маро ба пуррагӣ шикаст, зеро дигар касеро бар ману фарзандони зиндаятимам раҳму шафқат набуд. Ду фарзанди хурдсоламро ҳамроҳам ба бозор бурда, лимон мефурӯхтам, то ки як пора нонамро худам ёфта хӯрам. Савдогарон аз гиряи бачаҳои бетақдир ва ҳамеша нимсеру нимгуруснаи ман нороҳат шуда ҳамроҳам ҷанг мекарданд ва мегуфтанд, ки зӯрат намерасад, кӯдаконатро ба интернат бурда мон. Ростӣ дилам намешуд, ки бачаҳоямро аз худам дур кунам, охир чӣ хел модар зиндаю фарзандони ӯ дар ятимхона ба камол бирасанд?

Ҷанҷол аз пушти домоди пир

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, мӯйсафеде маро талабгор шуд. Падарам мехост маро ба оғӯши он пиракӣ партофта аз ғурбати келинҳояш халос шавад, вале ду поямро ба як мӯза андохта гуфтам: “Як бор ҳаётамро сӯхтед, бас аст, ман дигар шавҳар намекунам!” Якравии ман падарамро сахт ба ғазаб овард ва “шӯ, ки накунӣ, баромада рав” гӯён, маро зада-зада аз дарвозаи хонааш берун кард…

Бачаҳоям ба рӯям туф карданд

Мурдаамро ба як зӯр кашолакунон ба бозор рафтам ва аз занҳо як миқдор пул гадоӣ карда хостам ба шаҳр оям. Шавҳарам аз куҷое фаҳмидааст, ки падарам маро бо ду кӯдакам зада аз хона рондааст, зуд аз пасам шуда, маро аз автовакзали ноҳия дарёфт ва бо дашному ҳақорат фарзандонашро аз дастам кашида гирифту ба таксӣ нишаст. Аз пасаш гирёну нолон рафтам,ки писаронамро деҳ, охир ман бо хуни ҷигар онҳоро ба воя расонда, 10-12 сола кардам, вале фарзандонамро надоданд. Шабро дар пушти дарвозаи онҳо бо оби дида саҳар кардам. Намедонам он шаб шавҳари номарду хушдомани худозадаи беинсоф ва ҳилагарам ба он ду кӯдаки беақл чи гуфтанд, ки субҳ фарзандонам Маъруфи 12 солаву Мансур 10- сола ба рӯйи ман туф карда “дигар ту очаи мо нестӣ, рав дафъ шав, мо бо падарамон зиндагӣ мекунем” гӯён, ба рӯям туф карданд ва мани мискин аз алам зор-зор гириста роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифтам…

Қасдамро аз шароб мегирам

Дар шаҳр бо гадоӣ рӯз мегузаронам, на ҷойи хоб дорам ва на ягон шахси наздике, ки дарди диламро гӯш карда маро тасаллӣ диҳад. Алами бехонагию бекасӣ ва дарди ҷудоӣ аз фарзандон маро маҷбур намуд, ки рӯ ба шароб биёрам. Ба соҳибхонаҳо 10-сомонӣ дода шабамро дар ҳар куҷо рӯз мекунам. Чанд бор хостам худкушӣ карда аз ин зиндагии пур аз дарду ғам халос шавам, вале тарси ба оташи сӯзони дӯзах афтидан садди роҳам гашт. Рӯзу бегоҳ гадоӣ карда, ба пуле, ки мардум хайр менамоянд, арақ мехарам ва шароб менӯшам. Шароб менӯшам, то ки ақаллан чанд лаҳза ҳаёти талхамро, номардии шавҳар, падар ва  бародаронамро, таънаи хешу табору ба рӯям туф кардани фарзандони бо хуни ҷигар калон кардаамро фаромӯш кунам. Ягона чизе, ки маро ором мекунад, ҳамин шароб аст…

Фотима ин суханҳоро гуфта зор-зор мегирист ва роҳгузароне, ки аз назди беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” мегузаштанд, афсӯс мехӯранд…

Рустам Азимӣ 

Р/С

Фотима ягона зани майхора нест, имрӯз занҳои зиёдеро дучор омадан мумкин аст, ки бо сабабҳои гунонгун рӯ ба шароб оварда, дар кӯчаву гузаргоҳҳои шаҳр масту аласт мехобанд. Аз масуълин хоҳиш менамоем, ки бо чунин занҳо суҳбат намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва онҳоро аз роҳи бад баргардонанд, зеро рӯ ба шароб овардани зани тоҷик нанги тамоми миллат аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шахло 2019-09-05, 20:14
Пеши Зухро равед наход апаша жам када мехр дода натонад милянер бошад фарзанди падар меваи нойофтанист 😢😢😢😢
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шахло 2019-09-05, 20:14
Пеши Зухро равед наход апаша жам када мехр дода натонад милянер бошад фарзанди падар меваи нойофтанист 😢😢😢😢
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД