Ҳадаф аз зиёрати Хонаи худо пок шудан аз гуноҳ аст. Тамоми ҳоҷиён зимни зиёрати Каъба шайтонро санг мезананд, ки мазмунаш раҳоӣ ёфтан аз васвасаи шайтон ва тарки одатҳои баде мебошад, ки ба Худованд хуш намеоянд, аммо...
Афроде ҳастанд, ки ҳатто баъди тавофи Каъба ва сазовор гаштан ба номи баланди ҳоҷӣ шароб менӯшанд, мардумозорӣ мекунанд, ҳаққи беваю бечорагонро мехӯранд ва даст ба дигар амалҳои номатлуб мезананд.
Ҳаҷҷи шахсони бо гуноҳ хӯ гирифта қабул мешавад?
Майзада, порахӯр ва зинокор ҳаққи қадам ба хонаи Худо гузоштанро доранд?
Ба ин саволҳо Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон п осух медиҳад.