Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми3)
05.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3289

(Идомааш)
-Кош ҳамин тавр шавад…,- нобоварона ҷавоб дод Садафмоҳ ва маълум буд, ки дигар аз аспи ҷаҳл фаромадааст…

…Маълум шуд, ки холаи Садафмоҳ ҳақ будааст. Баъд аз он, ки Гулрафтор номи худро дар қатори нафарони аз имтиҳон нагузашта дид, осмон гӯё ба сараш чаппа шуд. Чӣ тавр аз саҳни донишгоҳ берун шуда бо хиёбони Рӯдакӣ ба маркази шаҳр раҳсипор шуданашро нафаҳмида монд. Дигар пояш ба сӯи манзили муваққатиаш намекашид. Дар пеши назараш симои падараш намоён шуд, ки мегуфт: «Ҳайфи ту духтарам, ман аз ту ин умедро надоштам» Дар паҳлӯи ӯ директори мактаб ҳам лаб газида сар меҷунбонд: «Умеди ҳамаи мактабро барбод додӣ…». Бибиаш бошад аз ким кадом дуриҳо фарёд мекард: «Нагуфтам, ки эҳтиёт шав…». Гулрафтор бо ду даст гӯшҳояшро медошт, ки ин суханонро нашунавад. Қариб зери чархи мошин монда буд. Ронанда сарашро аз тиреза бароварда ба тарафаш дод зад: «Эй олуфта, ба пешат нигоҳ карда қадам мон, ин ҷо барои ту дискотека не…»

Чӣ будани дискотекаро баъд аз чанд вақт фаҳмид. Аммо он вақт ба мазмуни он сарфаҳм нарафта,  худро ба канор гирифт ва ба яке аз нишастгоҳҳои Боғи фарҳанг омада нишаст. Дар рӯ ба рӯяш Рӯдакӣ ҳам гӯё ба ҳоли ӯ механдид. Дар ин тасфи рӯз дар боғ одам  камтар буд.Аммо Гулрафтор гармиро ҳис намекард ва инони гиряро сар дода, бо ду дасташ рӯяшро дошту зор-зор гирист…

-Ҳа, арӯсак, ба ту чӣ шуд? Кӣ ранҷонд? Биё, ман туро ба Варзоб бурда тасаллӣ диҳам.Он ҷо салқин…

Гулрафтор    сарашро бардошта, соҳибони овоз - ду ҷавонро дид, ки табассумкунон ба ӯ менигаристанд. Фаҳмид, ки онҳо ба гуфти духтарони ҳамхонааш «шикорчиёни духтарони гӯл» ҳастанд. Сухане нагуфта аз ҷояш хесту ба нишастгоҳи дигар рафта нишаст. Аммо онҳо ба осонӣ аз ӯ даст кашиданӣ набуданд.

-Эй кабки кӯҳистон, пушаймон намешавӣ, биё ҳамроҳи мо…

Ҷавонон ин бор аз ду тарафи ӯ омада нишастанд. Акнун Гулрафтор чӣ хел худро аз чанги онҳо раҳо намуданашро намедонист. Дар наздикиҳо ягон милиса ҳам наменамуд. Яке аз онҳо сумкаи духтарро ба тарафи худ кашид. Дигараш аз банди дасти ӯ дошта, ба сӯи мошини канори роҳ ишора кард:

-Ана «тачка»-и мо дар он ҷо истодааст. Зиқ нашав, ҳаққатро барзиёд медиҳем…

Акнун ғами дохил нашудан худ аз худ аз сари ӯ дур шуда, ғами халос шудан аз дасти ин ба қавли бибиаш, «ҳаромзодаҳо» ҷои онро гирифта буд. Якбора ӯро ҳарос зер кард. Агар ҳоло онҳо бо зӯрӣ ӯро ба мошинашон савор кунанд, аз дасташ ҳеҷ коре намеояд. «Ҳаромзодаҳо» ҳарчи бештар ба ӯ часпидан гирифтанд ва аз ду китфаш гирифта, аз ҷояш хезонданӣ буданд, ки Гулрафтор бо овози баланд «Ота!» гӯён фарёд кашид. Аммо ин фарёди ӯ дар зери садои мусиқии карнаи радиои боғ ва сигнали мошинҳои роҳ нопадид мегардид. Ҳамин вақт ҷавони дар тарафи рост буда як «ӯҳ» гуфту ба замин чаппа шуд. Ҷавони дигар низ ба сари худ бо сумкаи занона ду-се зарба хӯрд. Ҷавони аввала аз ҷой хеста бархоста, гарду чанги шимашро афшондаравон дӯғ зад:

-….! ман пӯстатро меканам. Ба ин духтар кори ту чӣ?

-Ин духтари ман аст, ҳаромзодаҳо. Ҳоло милисаро фарёд мекунам, ба пӯстатон коҳ ҷой мекунад! -ҳимоягари Гулрафтор аз кисааш телефони дастиашро  баровард…

Ҷавонон бо шунидани номи милиса ва дар дасти ӯ дидани телефон зуд думро хода карданд. Гулрафтор баъди каме ба худ омадан ба ҳомии худ нигарист. Дар паҳлӯи ӯ зани ситорагарми хушлибос, ки дар ҳар ангуштонаш чандтоӣ ангуштарини тилло ва гӯшвори аз он ҳам зеботар дошт, менишаст. Зан аз сумкачааш рӯймолчаеро бароварда, ашки Гулрафторро модарвор тоза кард:

-Духтарам наход одам дар ҳамин ҳаво дар ҷои хилват танҳо нишинад? Ин лаънатиҳо пайт  мепоянду ту баринҳоро ба доми худ меандозанд. Хез, ҳо ба зери ана  он соя равем.

Ин лаҳзаҳо дар назари Гулрафтор наҷотдиҳандаи ӯ фариштае буд, ки  аз осмон Худованд фиристодааст. Рафтору гуфтор ва меҳрубониҳои ин «фаришта» дар як лаҳза ақли ӯро ба худ асир гардонд. Аммо ӯ намедонист, ки ҳамаи ин саҳна танҳо барои ба даст овардани боварии ӯ сохта шуда буд ва он «ҳаромзодаҳо»-ю ин «фаришта» аз як чоҳ об менӯшанд…

Холаи Ҷамила-зани ҳомии Гулрафторро ҳамин тавр меномидаанд - то дер вақт ба ӯ аз беадолатӣ дар мактабҳои олӣ, дар вақти қабул шикоят карду баъд гӯё дар омади гап пурсид:

-Акнун ту духтарам чӣ кор карданӣ?

-Намедонам… Ба қишлоқ баргардам, ба чашмони падарам чӣ гуна нигоҳ мекунам, ҳамсинфонам чӣ мегӯянд? Намегӯянд, ки ту обрӯи мактаби моро паст кардӣ? Ҳайронам, чӣ кор кунам холаҷон…

-Зиқ нашав, ягон илоҷашро меёбем. Ҳоло хез, ҳамроҳи ман ба хонаи мо меравем. Дар ҳамон ҷо ягон фикр мекунем.

- Ба хонаи холаам рафтанам даркор. Онҳо хавотир мешаванд…

-Чӣ рафта мегӯӣ, ки аз имтиҳон афтидам? Онҳо чӣ мегӯянд? Ба худо ҳазор бор шукр кун, ки бо ман вохӯрдӣ. Ба сарам як фикр омад. Ҳоло ҳам дер нашудааст, ман метавонам ба ту кӯмак расонам. Шиносномаат дар дастат?

-Ҳа, ана дар сумкаам…

-Хез, ман коре мекунам, ки на дар назди падару на дар назди ҳамсинфонат шарманда намешавӣ…

Гулрафтор дудила буд. Намедонист, ки аз паси ин зан равад ё бори ғами худро кашон - кашон ба хонаи холааш барад. Аммо ҳодисаи аз дасти ҷавонони шилқин халос карданаш ба ёдаш омаду дигар саволу ҷавобе накарда аз паси Ҷамила равон шуд. Ҷамила зери лаб табассуми маккоронае намуд. «Ин қишлоқӣ ҳамин қадар гӯл, ки ҷои гап нест» мегуфтанд чашмони сурмакашидаю абрӯи тарошидаи ӯ…

Ҷамила Гулрафторро ба ошёни дуюми як бинои чорқабата бароварда занги дарро пахш намуд. Аз дарун аввал садои «кист?» баланд шуд ва баъд дар нимроғ гардида, зани мӯи сараш тар баромад. Ӯ баробари дидани Ҷамила хурсандона «Биё дугонаҷон, куҷо ин  қадар гум шудӣ?» гӯён ӯро ба оғӯш кашид.Гулрафтор аз зери халате, ки ҳангоми роҳравӣ соқи пойҳои сап-сафеди ӯро намоён мекарданд, пайкари зебою дилкаши дугонаи Ҷамиларо медид. «Чӣ хел зебо…» бо ҳаваси кӯдакона аз дил гузаронд Гулрафтор. 

-Шакиҷон, корам бисёр буд,-дугонааш Шокираро ҳамин тавр ном бурд Ҷамила ва пурсид:

-Чӣ, то ҳанӯз хоб будӣ?

-Не, Раиси калонро ҳозир ҷавоб додам. Оббозӣ карда истода будам…


Кош ҳамон вақт ба Аброр рӯи хуш нишон медод. Кош пули аз ҳисоби киссахарҷӣ ҷамъ кардаи ӯро мегирифт…Намедонист, ки он дастаи сомонӣ дар оянда ба назараш аз ҳазорон доллари зери пояш нисорнамудаи Шайхи тиллоӣ беҳтар менамояд…

 


Барои он, ки  Гулрафтор аз асли гап бохабар нашавад Ҷамила, ноаён лаб, газида ба Шокира ишораи «хомӯш ист»-ро карда гуфт:

-Ин духтараки ман аз имтиҳон нагузаштааст, ҳоло илоҷи кори ӯро ёфтанамон даркор. Ният дорам, ки ба Хуҷанд бурда ба воситаи додарам ба донишгоҳи ҳамон ҷо қабул кунонам.

-Бисёр кори хуб мекунӣ. «Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ» гуфтаанд, гуфт Шокира, ки хатмкардаи факултаи забону адабиёт буда, фикрашро бо гуфтаи классикон тасдиқ мекард. «Хуб чӯҷаяки нодоне ёфтаӣ, маккора. Ӯро рост ба оғӯши кадом шайхи бой меандозию чанд ҳазор доллар кор мекунӣ», ба Гулрафтор бо чашми харидорӣ нигариста аз дил гузаронд Шокира ва илова намуд:

-Ба ин духтараки нозанин ёрӣ расонӣ, Худо ба ту ёрӣ мерасонад Ҷамилаҷон…

Аз ин гуфтугузори байни дугонаҳо Гулрафтор ҳамин қадар фаҳмид, ки  «холаи накӯкор» ӯро ба Хуҷанд бурда ба мактаб дохил карданист. Аммо ба ӯ фурсати сухан надода дугонаҳо болои мизро пур аз хӯрданӣ карданд. Аз кондитсионер гӯё ҳавои салқину гуворои деҳаи Гулрафторино ба ин хона  ворид мешуд. Анвои хӯрдании болои мизро дида, Гулрафтор ҳис кард, ки сахт гурусна мондааст. Аммо аз «холаҳои меҳрубон» истиҳола намуда, ба дастархон даст дароз намекард.

-Гир хӯр, хастагиатро рафъ кун. «Сад дари бастаю як дари кушода» гуфтаанд. Ҳоло ман мефармоям, бачаҳо ба ману ту барои имрӯз бегоҳӣ ба Хуҷанд чиптаи тайёра харида меоранд. Иншооллоҳ дар Хуҷанд пагоҳ аз паи кору бори ту мешавем.

-Охир…Охир ман ба Хуҷанд рафтанӣ нестам. Аз падару модарам напурсидаам. Баъд холаам намедонад, ки ман дар куҷоям…

-Ғам махӯр, ман ба холаат телефон карда мегӯям. Ё ту мехоҳӣ, ки шармандавор ба деҳа баргардӣ? Ситораат хуш омаду, туро аз дасти он ноҷинсҳо халос кардам ва ба ин ҷо овардам. Вагарна аллакай дар ким куҷо онҳо бо ту чӣ корҳое намекарданд. Акнун мехоҳам, ки ба ман ҳамчун духтарам гӯш диҳию аз гуфтаам берун набароӣ. Ман туро ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад намебарам. Ана аз ин холаат пурс. Гулрафтор «некие»-ро, ки чанд лаҳза пеш Ҷамила ба ӯ карда буд, ба хотир оварда, даст ба сӯи лӯлакабоб бурд…

…Гулрафтор бори аввал ба тайёра савор мешуд. Барои ӯ ҳама чиз аҷиб менамуд. Аз баландиҳо ба хонаҳои дар назар хурд-хурд нигариста деҳаашон ва бибии раҳматиашро ба хотир овард. Беихтиёр ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Инро дида, Ҷамила, ки дар паҳлӯяш менишаст, сари ӯро ба оғӯш гирифта гуфт:

-Ҳамааш хуб мешавад, дар се рӯз донишҷӯ мекунамат. Ҳамроҳи худам зиндагӣ мекунӣ.

 Аз ин суханон андаке дили Гулрафтор таскин ёфт. Аммо боз аз ким кадом дуриҳо бибиаш мегуфт: «Духтаракам, эҳтиёт шав…»

…Дар Хуҷанд, дар як ҳавлии барҳаво Гулрафтор танҳо  монд.  Ҷамила субҳи барвақт шиноснома ва ҳуҷҷатҳои ӯро гирифта, ба назди додараш, ки ҷонишини ректори донишгоҳ будааст, рафта буд. Аз рӯи гуфти ӯ дар давоми 3-4 рӯз ӯ бояд донишҷӯ мешуд…Ӯ ғарқи ҳамин андешаҳо косаю табақ мешуст, ки аз дар Ҷамила бо як духтараки наҳифпайкар даромада омаду шодиёна гирифт:

-Гулрафторҷон, додарам гуфт, ки метавонӣ аллакай худро донишҷӯ ҳисоб кунӣ. 4-5 рӯз пас бо билети донишҷӯӣ ба хонаатон гусел мекунам. Барои он, ки зиқ нашавӣ, ба ту як дугона овардам. Ӯро ҳам ба институт дохил кардан даркор. Афсӯс ҳуҷҷатҳояшро гум кардааст. Ман таку дав карда онҳоро аз сари нав барқарор кунам. Баъд, ӯро ҳам дохил мекунам.

Аз байн панҷ рӯз гузашт. Ҷамила ҳар субҳ баромада мерафту бегоҳ бармегашт ва мегуфт, ки рӯзи дигар корҳо хуб мешаванд. Дар ин байн Гулрафтор бо Саида-духтараки конибодомӣ унс гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД