arzon replenishment
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале...(қисми2)
04.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3329

 (Давомаш)
«Дигарон базӯр мактабро хатм карданду орзуи донишгоҳҳоро доранд. Ин духтарро бинед, ки кунҷи оғилу  думи говро аз шаҳри бузург болотар медонад».

Амру хости  хонавода кори худро кард ва Гулрафтор барои ба шаҳр рафтан тайёрӣ дидан гирифт…

…Субҳ Гулрафтор сатили говҷӯширо гирифта пеш аз он, ки ба оғил дарояд, ба лаби ҷӯи паси хона рафт. Мехост сатилро шуста баъд ба он шир ҷӯшад. Беди пирсоли лаби ҷӯй, ки ҷои дӯстдоштаи Гулрафтору бибиаш буд, аз сари нав  дар ӯ хотираҳои даврони наврасакиро бедор кард. Беихтиёр ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. «Бибиҷон, ту куҷоӣ. Пагоҳ ман ба шаҳри калон меравам. Мегӯянд, ки раву хону духтур шав. Дилам бошад, аз ту ҷудо шудан намехоҳад. Ба ман духтурӣ даркор нест. Ман мехоҳам якумр ҳамроҳи гову бузғолаҳо бошам. Мехоҳам дар ҳамин ҷо бошам. Мехоҳам мисли ту мардеро дӯст дораму то охири умр ба ӯ содиқ  монам» …

…Сангчае аз куҷо ба оби ором ҳаракат кардаистодае афтоду шалаппос зада Гулрафторро аз банди андешаҳои ҳазин раҳо намуд. Ҳайрон ба атроф нигарист. Касе наменамуд. Боз ба шустани сатил машғул шуд. Аммо ин бор сангчаи калонтаре  ба об афтода, чакраҳои он ба рӯи духтар  расид. Давон аз ҷояш хеста ба нимторикии саҳарӣ назар дӯхт. Аммо боз касе нанамуд. Ҳамин вақт аз паси беди пир ҷуссае намоён шуд.

-Ҳа, ин туӣ Аброр,- дар рӯ ба рӯи худ ҳамсинфашро дида пурсид Гулрафтор,- Дар саҳарии барвақт ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

-Ман шаб боз дар ҳамин ҷо ҳастам…,-ғурунгид Аброр,-туро дидан мехостам…

Ӯ сарашро хам карда гап мезад. Аброру Гулрафтор дар як деҳа калон шуда буданд ва то дирӯз ҳамсабақ буданд. Ҳарчанд Аброр мисли Гулрафтор аълохон набошад ҳам, математикаро аз ӯ беҳтар медонист. Мехост дар оянда муаллими ин фан шавад. Ҳамсинфонаш масхара мекарданд, ки ана баъд мисли Сафарови муаллим аз моҳона то моҳона қарз гирифта мегардӣ. Аброр фақат табассум мекарду халос. Ҳарчанд дар дарсҳо «булбули гӯё» буд, аммо вақте, ки бо Гулрафтор гап мезад, забонаш мегирифту мисли баҳои панҷи дафтари алгебрааш суп сурх мешуд. Аммо Гулрафтор на танҳо ин чизро эҳсос намекард, балки мисли он, ки ба дигарон беаҳамият буд, ба ӯ ҳам ҳамин хел рафтор мекард. Чаро ӯ дар ин саҳари солеҳон ин ҷо пайдо шудааст?

-Чӣ туро ба беди мо қаровул мондаанд?-шӯхӣ карданӣ шуд Гулрафтор.

Аммо ваҷоҳати Аброр чунон раҳмангез буд, ки духтар аз гуфтааш пушаймон шуд.

-Гулрафтор, ман…ман…ту пагоҳ ба шаҳр меравӣ?

-Ҳа, падарам ҳамин тавр гуфтанд. Ту чӣ, хонданӣ будӣ ку…

-Имсол  намешавад. Бародарам дар Русия, падарам бемор…

Медонӣ чӣ, ман камтар пул ҷамъ карда будам, ки ба Душанбе меравам. Акнун, ки хонданро як сол қафо партофтам, мехоҳам ту онро роҳкиро кунӣ,-аз киссабағалаш бастаеро бароварда ба Гулрафтор дароз кард Аброр.

Гулрафтор ҳайрон шуда, бо чашмони сиёҳи зебандааш гӯё дили  ҷавонписарро сӯрох кард.

-Не…Ту ягон фикр накун. Ин ҳамту, баргардонидан лозим нест. Охир падари ту ҳам он қадар бой нестанд…

Мадори гапзанӣ пайдо карда Гулрафтор пурсид:

-Ту инро ҷиддӣ мегӯӣ? Барои чӣ ту ба ман пул медиҳӣ? Мову ту

танҳо ҳамдеҳаю ҳамсинфем. Ягон хешу таборӣ надорем…

-Гулрафтор ман аз дили соф… Ман ба ту меҳр дорам…Ман…Ман…

-Аз ин зиёд нагӯ, ки сахт хафа мешавам. Ту медонӣ, ки ман ба касе меҳр- пеҳр надорам. Ман ин гапҳоро айб медонам…Агар касе фаҳмад, ки ман аз ту пул гирифтаам, медонӣ чӣ мешавад? Падару бародарам маро мекушанд. Очаам оқ мекунад… Беҳуда пулатро барои ман ҳайф накун…

Аброр ин лаҳзаҳо боз ҳам суп-сурх дам карда буд ва маълум буд, ки ҳар як суханро бо азоб ба нӯги забон меорад…

Ҳамин вақт садои сулфаи падари Гулрафтор аз рӯи ҳавлӣ баромад, ки шояд таҳорати бомдодӣ мекард. Духтар бо шунидани ин овоз ба Аброр  нимшунаво гуфт:

-Зудтар аз ин ҷо рав, илтимос. Аз ман хафа нашав. Ман ба ту заррае майл надорам… ва ба ҳеҷ каси дигар ҳам. Ин пулҳоро ҳам ба модарат деҳ ва ё пинҳон карда мон, соли оянда ба худат даркор шуда мемонад.

Гулрафтор сатилро чаппагардон карда обаш чак-чакон ба тарафи дарвозаашон равон шуд.

…Кош ҳамон вақт ба Аброр рӯи хуш нишон медод. Кош пули аз ҳисоби киссахарҷӣ ҷамъ кардаи ӯро мегирифт…Намедонист, ки он дастаи сомонӣ дар оянда ба назараш аз ҳазорон доллари зери пояш нисорнамудаи Шайхи тиллоӣ беҳтар менамояд…

…Холаи Гулрафтор-Садафмоҳ дар шаҳр хонда муаллима шуд ва дар ҳамин ҷо ба шавҳар баромад. Мегӯянд, ки дар аввал падару модараш  аз ин кори духтари гапнодарои худ сахт хафа шуда, ба тӯи арӯсии  ӯ наомада будаанд. Баъд аз соҳиби ду фарзанд шудани Садафмоҳ онҳо оштӣ кардаанду ба дидорбинии домоду наберагон омаданд. Ин замоне рух дода буд, ки ҳанӯз Гулрафтор дар дунё набуд. Ӯ ин холаи шаҳриашро танҳо ҳар тобистон, вақте, ки ӯ ба деҳа мерафт, медид.

Холаи Садафмоҳ, ки  зани миёнасоли сафедчеҳра ва хеле хушгап буд, бо дидани Гулрафтору падараш хурсандона аз паи партофтани кӯрпачаю дастурхон шуд. Ӯ таку давкунон беист сухан мегуфт:

-Язнаҷон, мардак аз саҳар то бегоҳ аз паи кори худ овара. Бачаҳо яктояш дар лагеру дигараш дар деҳа. Хайрият, ки ҳамин таътили тобистона ҳам ҳаст. Вагарна дар ин шаҳри тафсон хурду  калон то фарорасии тирамоҳ азоб мекашанд.

-Охир Садафмоҳ, дар вақташ худат ҳамин шаҳрро интихоб карда шавҳар кардӣ ку…,- ба шикояти ӯ эътироз кард падари Гулрафтор

-Тақдир будааст…Шукр зиндагиам бад нест. Отаи бачаҳо аз ҳамшаҳриҳои худамон набошад ҳам, ҳурмат мекунад. Фарзандон ҳам. Дар тӯли ин солҳо одат карда рафтам. Акнун дар дигар ҷой зиндагӣ карда наметавонам. Пулаш кам бошад ҳам, муаллимагӣ карда гаштаам…

-Мегӯянд, ки пули муаллимони шаҳрӣ аз қишлоқ фарқ мекунад…

-Куҷо, ҳамаашон баробар. Фақат ҳамин, ки шумо сабзавоту меваи худӣ дореду мо аз бозор мехарем…Ана дар оянда Гулрафторҷон ҳам, ки муаллима шуд, шояд  ба ягон ҷавони шаҳрӣ ба шавҳар барояду дар ҳамин ҷо кор кунад. Баъд мебинед, ки язнаҷон, пули муаллимагӣ дар шаҳр ба чӣ қадар мерасад…

-Гулрафтор муаллима не, духтур шуданӣ. Баъд ба деҳаи худамон мераваду дар ҳамон ҷо духтурӣ кардан мегирад-дия…


Баъд, ана ҳамин Гулрафтори зебочашмак таваллуд шуд. Бибиаш ӯро ба даст гирифта мегуфт: «Ин духтар калон шавад, чашми сад мардро хира мекунад. Худо ӯро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Ҳусни зиёд бадбахтӣ меорад. Ман худам инро дидаам…»

 


-Духтур шуданӣ? Шумо чиҳо мегӯед, язнаҷон. Ба он донишгоҳ даромадан магар осон аст?

-Гулрафтор қариб баробари медалдорҳо мехонд. Агар директори мактабамон ҳавсала мекард, шояд медал ҳам мегирифт. Дониши хуб дорад. Чаро дохил шуда наметавонад?-ранҷишомез гуфт падари Гулрафтор

- Эҳ, язнаҷон. Маълум, ки шумо аз бисёр чизҳо бехабаред. Охир ҳоло дониш дигару дохил шудан дигар. Хайр, ман шиками шумоёнро бо гапи хушк пур накунам. Сари дастурхон биёетон. Ҳоло язнаатон ҳам омада мемонанд…

Аз суханони хола дили Гулрафтор хиҷил шуд. Падараш инро ҳис карда оҳиста ба гӯшаш гуфт:

-Зиқ нашав духтарам. Ҳоло, ки холаат аз донишмандии ту бехабар аст, ҳар гапро гуфтан мегирад. Агар як бо ту саволу ҷавоб карда гирад, баъд мебинад, ки ту аз он дохилшавандагони ҳавоӣ не…

Аммо ин суханони падар дигар табъи хирагаштаи ӯро хуш карда натавонистанд. Дар пеши назараш симои бибии раҳматиаш пайдо шуд, ки мегуфт: «Эҳтиёт бош, духтарам…»

Рӯзи дигар падару духтар ба донишгоҳ рафта бе ҳеҷ душворӣ ҳуҷҷатҳои Гулрафторро ба бахши табобатии Донишгоҳи тиббӣ супориданд ва падар тақдири минбаъдаи ӯро ба дасти холаи Садафмоҳ ва шавҳараш супориду озими деҳа шуд. Пеш аз рафтан  ба Садафмоҳ пул дароз кард:

-Ин хароҷоти зисти Гулрафтор. Агар нарасад, боз таъин кун, мефиристам.

Садафмоҳ сахт хафа шуда бо овози ларзон гуфт:

-Язна, агар ин хел пулдор бошед, духтаратонро дар ягон меҳмонхона ҷой кунед. Ҳамин қадар сол боз як ҷиянам ба хонаи ман бо умед омадаасту ман аз ӯ хароҷотпулӣ гирам?…Агар даҳ сол инҷо зиндагӣ кунад ҳам ба ману шавҳарам зӯрӣ намекунад.

Падари Гулрафтор аз ин кори худ сахт пушаймон шуда худро сафед карданӣ шуд:

-Хайр, узр. Ман гумон кардам, ки шаҳр асту ҳама чиз харида ва зиндагӣ вазнин…

-Сад бор вазнин бошад ҳам, шумо язна бо ин кори худ маро ранҷондед. Агар шавҳарам ин ҷо мебуд, шояд дигар бо шумо гап намезад. Ман фақат як чизро кафолат дода наметавонам. Ин ҳам дохилшавии Гулрафторро. Зеро барои ин қуввати на ман мерасаду на язнаатон. Мо одамони оддӣ ҳастем. Барои ин медонед кӣ будан даркор?…

-Ман ба дониши духтарам сад андар сад бовар дорам. Рӯзе, ки ӯ донишҷӯ шуд,  баъд бо шумо гап мезанам…,- тафси холаро паст намуда, ҳазломез гуфт падари Гулрафтор.

-Кош ҳамин тавр шавад…,- нобоварона ҷавоб дод Садафмоҳ ва маълум буд, ки дигар аз аспи ҷаҳл фаромадааст…

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД