Gazprom july 2025
7 маслиҳати муфид дар боби перманенти абрӯ
18.07.2025
Oila.tj
133

1. Пермаменти абрӯ чӣ гуна амалиёт аст?

Холкӯбии абрӯ, ки бо номи «перманент»-и абрӯ низ маъруф аст, ҷараёни ворид намудани пигмент ба қабати болоии пӯст мебошад. Чуқурии воридшавии пигмент одатан то 0,8 см-ро ташкил медиҳад. Имрӯз ин амалиёт миёни занон маъруфияти зиёд касб кардааст. Бо вуҷуди ин, на ҳама огоҳанд, ки тағйири шакл ва ранги абрӯ ё лаб метавонад таъсири манфӣ ба саломатӣ расонад. Аз ин рӯ, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки қабл аз анҷом додани чунин амалиётҳо ҳатман бо духтур ё мутахассиси соҳаи тиб машварат намоед.

2. Хатарҳои эҳтимолӣ

Яке аз оқибатҳои эҳтимолии татуаж – ин фаъолшавии вируси герпес мебошад. Тибқи маълумоти тиббӣ, вируси герпес дар организми қисми зиёди одамон мавҷуд аст, аммо танҳо дар ҳолатҳои муайян метавонад фаъол шавад. Раванди холкӯбӣ метавонад ҳамчун омили барангезанда амал намояд ва ба хуруҷи герпес оварда расонад, ки дар навбати худ ба саломатӣ зарар мерасонад. Барои пешгирӣ аз чунин ҳолат, духтурон тавсия медиҳанд, ки пеш аз амалиёт курси табобати зиддигерпесӣ гирифта шавад.

3. Мавридҳое, ки холкӯбӣ тавсия дода намешавад

Тибқи машварати мутахассисон, дар ҳолатҳои зерин гузаронидани холкӯбӣ бе маслиҳати духтур тамоман манъ аст:

• Ихтилолҳои лахташавии хун.

• Бемориҳои вазнини ҷисмонӣ ва музмин.

• Бемориҳои саратонӣ (онкологӣ).

• Илтиҳобҳои шадид дар организм.

• Давраи синамаконӣ.

• Ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории саръ.

• Бемориҳои рӯҳӣ.

4. Чораҳои эҳтиётӣ ва тавсияҳо

Пеш аз гузаронидани холкӯбӣ тавсия дода мешавад, ки бемор фишори хуни худро чен намояд. Дар ҳолати сабт гардидани фишори баланд, анҷом додани амалиёт манъ буда, аввал бояд доруи пасткунандаи фишори хун қабул карда шавад.

5. Ҳомилагӣ ва синамаконӣ

Дар давраи ҳомилагӣ, бахусус дар семоҳаи аввал ва ҳамчунин дар давраи синамаконӣ аз анҷом додани холкӯбӣ худдорӣ кардан лозим аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ танҳо бо иҷозат ва тавсияи духтур амалиёт иҷозат дода мешавад.

6. Санҷиши аллергия

Барои кам кардани хатари пайдоиши аллергия, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки пеш аз амалиёт тест барои муайян кардани ҳассосияти пӯст ба таркиби ранг гузаронида шавад. Танҳо дар сурати набудани аксуламали аллергӣ иҷозати анҷом додани холкӯбӣ дода мешавад.

6. Бо мутахассис кор кунед!

Холкӯбии абрӯ ҷараёнест, ки натиҷаи он ба муҳлати тӯлонӣ боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, интихоби мутахассиси ботаҷриба ва соҳибкасб аҳамияти калон дорад. Равона шудани бемор ба мутахассиси бетаҷриба метавонад боиси ноқаноатмандӣ аз натиҷа гардад. Ислоҳи чунин хатогиҳо, одатан, заҳмат ва хароҷотро талаб мекунад. Бо истифода аз технологияҳои муосир ислоҳи хатогиҳо имконпазир аст, вале аз бемор сабр ва хароҷоти иловагиро талаб мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД