Formula novemver 2024
Кампири 77-сола: Метарсам, ки мурдаам дар кӯча мемонад!
5013
Кампири 77-сола:  Метарсам, ки мурдаам дар кӯча мемонад!

 

Пиразани 77-сола Саноатхон Каримова ба идораи сомонаи Оила.ТЧ занг зада, аз он шикоят намуд, ки ширкати сохтмонии ҶДММ “Муҳаммад-2009” дар ҷойи хонаи қаблиаш, ки дар суроғаи кӯчаи Бухоро 29 воқеъ гашта буд, бинои баландошёна сохта, онҳоро иҷоранишин кардааст.

Тибқи бандҳои 12 ва 13-и шарномаи басташуда ин ширкат ӯҳдадор гашта буд, ки бар ивази хонааш ба Каримова аз бинои навсохти худ се квартираи нав дода, то ба охир расидани сохтмон ҳар моҳ ба онҳо 500 доллари иҷорапулӣ медиҳад, аммо ин қарордод танҳо дар рӯйи коғаз монд....

Муттасадиёни ширкати ҶДММ “Муҳаммад 2009” мегӯянд, мизоҷоне, ки аз ин бино хона харидаанд, маблағи хонаҳои худро сари вақт намесупоранд, аз ҳамин сабаб ширкат имкони ба пуррагӣ пардохт намудани иҷорапулии Каримова ва дигар сокинони бинои қаблиро надорад, аммо аз рӯйи имкон моҳе 200 доллари иҷорапулӣ дода истодаанд. Қобили зикр аст, ки дар шартномаи байни ин ширкат ва Каримова басташуда дар чунин ҳолатҳо кам кардани маблағ зикр наёфтааст.

Роҳбарони ин ширкат мегӯянд баъди ба пуррагӣ ба итмом расидани сохтмон маблағи қарзии худро пардохт хоҳанд кард, аммо Саноатхон Каримоваи 77-сола, ки ҷонаш ба лабаш расидааст, дигар тобу тоқати интизорӣ надорад. Вай мегӯяд, ки агар ин ширкат ӯро бо манзил таъмин накунад, тамоми журналистонро ҷамъ карда, дар пеши назари онҳо ба сару рӯйяш бензин пошида, худашро оташ мезанад.(видео)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД