Formula september
Кампирдухтар
4989

“Се бор шавҳар кардам, вале то ҳол бокираам”,-мегӯяд момаи Зулфинаи 70-сола

                                   Бибии бе набера

Якшанбеи гузашта ҳамроҳи зану кӯдаконам ба хонаи як  хеши дури падарам ба тӯй рафтем. Меҳмонони зиёде аз гӯшаю канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба маърака омада, суҳбати гарму ширине доштанд. Баногоҳ пиразани нуронии зебое аз дар даромад. Синну соли ин зан ба ҷое расида бошад ҳам, чеҳраи гарме дошт ва аз рӯяш нур меборид. Занҳо ба эҳтироми меҳмони нав аз ҷой бархостанд ва баъди ба ҷо овардани одоби салом хостанд пиразанро дар таги чодар шинонанд, то ки арӯсак низ ба синну соли ин кампири табаррук бирасад, вале аз чӣ бошад, ки пиразан рад карда гуфт:

-Ба зери чодар намедароям, намехоҳам арӯс ба мисли ман бебахт шуда, азоб кашад. Худованд он рӯзҳои сахтеро, ки ман аз сар гузарондам, ба ягон бандааш нишон надиҳад…

Аз ин суханони кампир чизе нафаҳмида, саволомез ба холаам, ки дар паҳлӯям нишаста буд, нигаристам. “Момаи Зулфина 70-сола шуда бошад ҳам, то ҳол духтар аст”,- пичиррос зад дар бехи гӯшам холаам. Ҳайрон шуда пурсидам:

-Пир шуда бошад ҳам, то ҳол чеҳрааш нур дорад. Наход, ки чунин зани зеборо ягон кас талабгор нашуда бошад?

-Талабгорони вай аз мӯйи сараш ҳам бисёртар буданд. Се бор шавҳар кард, вале…

-Се бор шавҳар карда бошад, чӣ хел то ҳол духтар будааст?-ҳайрон шуда, пурсидам аз холаам.

-Ин ҷо ҷойи гап нест. Тӯй, ки тамом шуд, аз худаш пурс, ҳамаашро нақл мекунад,-гуфт холаам ба суҳбат хотима гузошта.

                         Дарди дили момаи Зулфина

Меҳмонҳо бо ҳам ҳазлу шӯхӣ карда механдиданд, нақлҳои аҷоибу ғароиб мекарданд, вале фикру зикри ман ба духтаркампир банд буд. Аз афташ момаи Зулфина нигоҳи кунҷковонаи маро пай бурд, ки табассум карда гуфт:

-Духтарҷон, бисёр ба меҳр нигоҳ карда истодаӣ, маро ба ягон кас монанд кардӣ?

Лаб газида гуфтам:

-Момаҷон, ман шуморо ба ягон кас монанд накардаам, вале як чизро пурсидан мехоҳаму…

-Пурс духтарам, пурс! Пурсидан айб нест,-даст афшонд кампир.

Забон хоида гуфтам:

-Мабодо саволи ман боиси озурдагии хотиратон нагардад гуфта, метарсам…

-Мехоҳӣ донӣ, ки барои чӣ момаат ягон набера надорад?-Аз нигоҳам  рамуз гирифта гуфт кампири Зулфия ва сар ҷунбондани маро дида, оҳи сарде кашид, сипас ба нақл кардани саргузашташ шуруъ намуд. Акнун гӯшу ҳуши тамоми меҳмонон ба ин зани солхӯрда буд, зеро тақдири талхи ин зан ҳамаро ба ҳайрат овард…

                                  Духтари сархӯр

Ман 7-рӯза будам, ки падарамро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ куштанд. Хати сиёҳаш омада бошад ҳам, ҷасади падарамро пайдо накарданд. Бобою бибиам “ту як духтари сархӯр зоидӣ” гӯён, модари бечораамро зада-зада, аз хона пеш карданд. Бечора очаам дар он замони душвор бо 8 фарзанд чӣ кор карданашро надониста, мани навзодро ба ятимхона месупорад. Азбаски давраи қаҳтӣ буд, модарам аз гуруснагию хунукӣ ба касалии сил гирифтор шуда, баъди чанд моҳ бо дили пурормон аз дунё мегузарад. Баъди сари модарам акаву апаҳоямро, ки тамоман бе соҳиб монда буданд, хешу табор байни худ яктогӣ тақсим мекунанд. Ҳамин тавр, мо ҳашт хоҳару бародар дар ба дар шудем, аммо…

                               Бозгашт аз интернат

Ман 8 сол дар интернат будам. Дар ин миён ҷанг ба охир расида, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва акаву апаҳоям ба камол расиданд. Ду бародари калониам зан гирифта, хонаи падариамонро аз нав обод намуданд ва маро аз ятимхона гирифтанд. Албатта бо янга зистан кори осон нест, вале ба ҳар ҳол мани ятим Худоро сад бор шукр мегуфтам, ки бо фарзандони падарам зери як бом зиста истодаам…

                                    Мардгурез

Ҳамаи акаҳоям зан гирифтанд, апаҳоям бо обрӯ шавҳар карданд, акнун навбати ман расида буд, вале аз чӣ бошад, ки номи мардро шунавам, девона мешудам. Дар ҳамсоягии мо Элмурод ном ҷавони зебое зиндагӣ мекард ва ба қавли худаш ошиқи шайдои ман буд, вале ман ӯро аз хук ҳам бадтар медидам. Бечора бача хушгӯӣ карданӣ шуда, гап мепартофт, вале дар ҷавоб хун ба сарам зада, сангу кулӯх ва ҳар чизи дигари аз пешам баромадаро ба сӯяш ҳаво дода, Элмуродро дашномҳои қабеҳ медодам.


Ҳамин тавр, баъди 7-моҳи хонадорӣ мани 16-сола модар шуда, писар таваллуд кардам. Гумон доштам, ки тавлиди фарзанд оилаи носолими моро мустаҳкам намуда, ҷангу ҷанҷол бас мешавад, вале ...

 


Ин рафтори ман аз чашми бародаронам дур намонд ва акаи калониам Муҳсиддин, ки худаш духтур бурд, маро ба назди табиби занона бурд. Пас аз муоина духтар ба бародарам ошкоро гуфт, ки узвҳои ҷинсии ин духтар инкишоф наёфтаанд ва ӯ ҳаргиз на шавҳар карда метавонаду на модар шуда…

                         Як гулу сад харидор

Солҳо турнасон гузаштанду синну соли ман ба 30 дакка хӯрд. Дар ин миён садҳо хостгор дарамонро кӯфта бошад ҳам, ман худамро девона карда, мурданро ба гардан мегирифтаму ба шавҳар баромаданро не. Оҳиста-оҳиста пою қадами хостгорон канда шуд ва ман оҳи сабук кашидам, ки дигар касе ҷонамро ба лабам оварда “шӯ кун” намегӯяд, вале….

                                     Арӯси гуреза

Имом-хатиби масҷиди деҳаамон, ки Домулло-Абдузокир ном дошт, чанд бор бародаронамро ҷанг карда гуфтааст, ки хоҳаратонро бо кадом роҳе, ки набошад, ба шавҳар диҳед, чунки ҳар як зан нафс дорад ва умрашро бе мард гузарониданаш аз нигоҳи ислом гуноҳи азим аст. Бо маслиҳати ҳамин мулло бародаронам маро зӯран ба марде, ки  шояд ҳамсоли падарам буд, бе ягон тӯю сур никоҳ карда доданд, аммо шаби аввали арӯсӣ ман аз оғӯши домод гурехта, соати дуи шаб бо чашми пуроб ва доду фиғон пойи пиёда аз деҳаи Чанори Сӯхта ба хонаи худамон, ки се деҳа болотар буд, омадам. Шавҳарам аз пасам бо асп омада, хост маро дубора ба хонааш барад, вале худамро дар пеши пойи бародаронам партофта, гуфтам, ки агар маро бо ин мард фиристанд, ҳам худамро мекушаму ҳам ӯро. Мӯйсафеди бечора аз таҳдидҳои ман тарсида, дар шоҳидии бародаронам талоқамро доду баромада рафт….

  (Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД