sebiston july new
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 6)
22.01.2020
А. ҲОҶӢ
3108

(Идомааш)

-Ин ҷо гап танҳо дар бораи Шафоат намеравад, хола, агар ӯ дар ин маҳфил ширкат кунад, ин обрӯи деҳаи мост. (Муртазо нафаҳмид, ки чӣ тавр ба ҷои "деҳаи шумо" "деҳаи мо" гуфт) Номи қишлоқ баланд мешавад, ки дар он ҷо мардуми санъатдӯст ҳастанд...

-Эҳ бачаҷон, магар худи ман суруданро дӯст намедорам? Падари Шафоат дар вақти дарав овози маро шунида, ошиқ шуда будааст,-хандид холаи Ҳасратмо,-аммо ҳамаи ин дар доираи деҳа аст. Аз деҳа берун мардум набояд номи артисткагиро гиранд. Мо мардум аз ин ор мекунем. Одамони деҳаҳои дигар мегӯянд, ки "мардуми қишлоқи Яхдароз бедину раққоса шудаанд"...

-Охир Шафоат рақс намекунад-ку!

-Фарқаш чӣ, ки суруд мехонад ё рақс мекунад, ба саҳна назди мардум мебарояд-ку!

Шафоат баҳси модарашро бо муаллим шунида дар дил илтиҷо мекард; "Худоё, коре кун, ки модарам розӣ шавад..."

Ин дам аз назди дарвоза садои Садоқат шунида шуд:

-Ҳамсоя, муаллим дер омаданд, ки барои намак фиристам. Андак намак диҳед...

-Биёед ҳамсояҷон, муаллим ҳаминҷоянд, намак ҳам ҳаст,-овоз дод Ҳасратмо.

Шафоат, ки дар паси дар меистод, оҳиста худро ба торикии даҳлез гирифта, мисли он ки аз хонаи дигар баромада истода бошад ба тарафи дарвоза рафт ва ӯро пешвоз гирифта, ҳамроҳи Садоқат ба хона даромад. Садоқат шавҳарашро дар хона дар болои кӯрпача дида, бо кунҷи лабаш табассум карду гуфт:

-Ман намедонистам, ки шумо ҳам дар ҳамин ҷоед..

-Ман сари роҳ ба назди холаи Ҳасратмо даромадам, ки...  

-...ки Шафоатро иҷозат диҳам, то ба район рафта рақс кунаду суруд хонад ва моро шарманда кунад, -сухани муаллимро аз даҳонаш гирифт Ҳасратмо.

Дили Садоқат аз ин суханон "ҷиғғӣ" карда рафт.

Муртазо, ки омадани занашро интизор набуд, андаке сурх шуда имдодхоҳона ба тарафи Садоқат нигариста гуфт:

-Ту ба ин кас фаҳмон, магар дар саҳна баромад кардани духтар айб аст?

Садоқат ба ҷои он, ки ӯро дастгирӣ кунад, гуфт:

-Ман дар умрам ягон бор ба саҳна набаромадаам, аз куҷо медонам, ки айб аст ё не. Ин ҷо шаҳр нест, деҳа аст, шояд барои мардуми ин ҷо ба саҳна баромадан айб бошад. Шумо чаро ин касро маҷбур мекунед?

-Ана дидӣ, духтари шаҳрӣ чӣ мегӯяд?-ғолибона ба Муртазо нигарист холаи Ҳасратмо,-ҳамин ҳам мефаҳмад, ки дар назди мардум баромад кардани духтари қадрас айб аст...

"Вайронкор..." дар дилаш Садоқатро мазаммат кард Шафоат "ба ту чӣ , ки ман баромад мекунам ё не? Ҳамин хел шӯ ба ту ҳайф шудааст! Хайр, ҳоло нигоҳ карда ист...", -дар дил ба таври худ таҳдид кард Шафоат.

Муртазо мулзам шуда чӣ гуфтанашро намедонист. Холаи Ҳасратмо бошад, ба сухани худ давом дода истода гуфт:

-Ту, муаллим ҳоло падари ин духтарро намедонӣ. Аллакай таъкид карда гуфт, ки агар духтарат ба ягон ҷо бе иҷозати ман равад, рафта пӯсти ҳардуятонро зинда ба зинда аз танатон меканам. Вай бисёр одами бадҷаҳл аст...

"Бало бадҷаҳл аст! Дурӯғ нагӯй очаҷон, вай аз хатти кашидаи ту берун намеравад". Биёяд ҳам як сарзаниш мекунаду тамом, агар гӯӣ, ки бо иҷозати ту рафтааст, умуман ягон чиз намегӯяд. Худат рафтани маро намехоҳӣ, беҳуда айбро ба сари падарам напарто..."

-Шафоат дар ин озмун иштирок кунад, обрӯи мактабу деҳа баланд мешавад. Духтаратон овози хуб дорад, чаро шумо мардумро аз шунидани он маҳрум месозед?!

-Овозаш ба худам рафтагӣ-дия! –Гуфт бо ифтихор холаи Ҳасратмо.-Медонам, ки овозакаш садои булбул барин, аммо ин овоз барои гӯши бегона не. Гуфтам, ки намеравад, намеравад, муаллим ин қадар маро маҷбур накун!

-Хуб майлаш, наравад,-якбора розӣ шуд Муртазо,-аммо дониста гиред, ки шумо хола садди роҳи духтаратон шуда, ба ӯ зулм карда истодаед...

-Зулм мекунам ё раҳм, ин кори ман аст, муаллимҷон минбаъд сари ин масъала сухан нагӯ,-ҳукми худро баровард холаи Ҳасратмо ва бо ҳамин ба охир расидани суҳбаташонро ба Муртазо фаҳмонд. Муаллим омин карда аз сари дастурхон хесту аз пасаш ҳамсараш ҳам барои рафтан омода гашт.

-Эй муаллим, ту ба куҷо рафта истодаӣ? Занат барои намак омада буд, онро гиред, баъд равед...

-Ҳозир ба мағоза рафта меорам,-андаке ранҷидагӣ барин ба тарафи дарвоза равон шуда овоз баровард Муртазо, аммо Садоқат, ки аз қафои ӯ рафта истода буд, гуфт:

-Ман ҳамин ҷо хола, духтаратонро гӯед, андак намак орад, пагоҳ, ки харидем, оварда медиҳам…

-Ин гапи айбро нагӯй духтарам. "Бозори ҳамсоя ҳамсоя аст" мегӯянд, наход як каф намак кирои ба забон овардан кунад?-ранҷидагӣ барин шуд холаи Ҳасратмо,-Ман ба гапи шавҳарат барои он розӣ нашудам, ки ин ҷо гап дар бораи нангу номус меравад. Ту аз ин хафа нашав...

-Ман ку хафа нестам, лекин ба фикрам духтаратонро ҳам бо ин суханонатон ранҷондед...

-Бигзор ранҷад, вай акнун ба ҷои рақсу суруд ба шавҳардорӣ тайёрӣ бинад,- бо овози баланд, ба духтараш, ки дар як коғаз намак печонида мебаровард, шунавонида гуфт холаи Ҳасратмоҳ.

Аслан, ҳоҷати баланд гуфтан набуд, зеро Шафоат аз аввал то ба охир гуфтушуниди модарашу муаллимро шунида буд, аммо аз чи бошад, ки дар дил на ба модараш, балки ба Садоқат кина пайдо кард ...

Онҳо хомӯшона роҳ мепаймуданд. Оқибат Муртазо тоқат карда натавониста ба Садоқат нигариста гуфт:

-Чӣ дар ҳақиқат дар хона намак набуд? Чанд рӯз пеш оварда будам-ку?

-Намедонам дар куҷое мондаам, ҳарчанд кофтам, намакдонро наёфтам. Барои ҳамин ба ин ҷо омадам. Гумон накун, ки ман ба хонаи инҳо омадани туро дида ба ин ҷо омадам,-андаке ранҷида ҷавоб дод Садоқат,- Ҳар рӯз дар ин ҷо бошӣ ҳам, парво надорам...

-Ҳмм, маълум, ки рашк мебарӣ. Ман ба ту сад бор гуфтам, ки ин духтарак толибаи мактаб аст ва ҳанӯз бисёр чизҳоро намефаҳмад...

-Лекин ба назари ман ин хел нанамуд. Вақте, ки коғазпечи намакдорро ба ман медод, чашмонаш намнок буданд, вай ба ман чунон нигоҳ кард, ки гӯё душмани ҷонаш бошам...

-Ба назарат намудааст. Шафоат духтари хуб аст...

-Ман мефаҳмам, ки барои ту хуб аст. Ба чашмат ғайр аз хушрӯии ӯ дигар чиз наменамояд...

-Ин хел нагӯй, Садоқат! Ман ба вай танҳо ҳамчун муаллим муносибат мекунам. Сабаби ба хонаашон рафтанам ҳам ҳамин аст, ки истеъдоди ин духтарак ҳайф нашавад. Ту чаро ин қадар бадрашк шудаӣ?

-Намедонам, шояд аз муҳити шаҳр дур буданам таъсир карда истодааст...

-Тоқат кун, ҳамин, ки таътили зимистона оғоз ёфт, ба шаҳр меравем...

Ин дам онҳо ба хонаи ориятиашон расиданд ва садои Иқбол аз дохил шунида шуд, ки "очаа, очааҷон" мегуфт. Ҳарду баробар ба хона давиданд. Дар рӯи ҳавлича бузғолае дар рӯ ба рӯи Иқболи сесола истода, бо ӯ бозӣ мекард ва аз дур нишон гирифта, бо шохчаҳои навбаромадааш ба тарафи ӯ медавид, вале баробари ба писарча наздик шудан шохашро як тараф гирифта, аз болои ӯ хез карда мегузашт, гӯё ин ҳайвонча ҳам фаҳмида буд, ки Иқбол ҳанӯз хурд аст ва бо ӯ шохҷанг кардан барвақт. Мустафо давида бузғоларо аз дарвозача берун кард, Садоқат бошад, ҷонҳавл худро ба Иқбол расонда ӯро ба оғӯш гирифт ва ба Муртазо гуфт:

-Ана оқибати ношукрии мо! Як дами дигар намеомадем, буз бачаамро таги по карда мекушт...  

-Аввалаш ин, ки буз не, бузғолача, дигараш он ҷонвараки бечора бо Иқбол бозӣ кардан мехост...

-Марги ману ҳамин бозӣ ва ҷое, ки омадам,-инро гуфта Садоқат писарчаашро ба оғӯш гирифта ба хона даромаду Муртазо дар саҳни ҳавлӣ шах шуда монд...

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД