Arzon march 2024
Найрангҳои дугонаи ҷонӣ (ҚИСМИ 1)
1347

«Студентка, спортсменка, красавитса…»

Духтараке будам ниҳоят фаъолу серҳаракат, қобил ва ба қавли атрофиён соҳибҷамол. Дар мактаб раиси шурои духтарон будаму баробари устодон дар гузаронидани чорабиниҳо ширкат меварзидам, шоҳмотбозӣ низ мекардам ва чандин бор номи ноҳияамонро дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуда будам. Ҳамеша аз пайи омӯзиш будаму ба нигоҳи ошиқонаи бачаҳои мактаб тамоман бефарқ нигоҳ мекардам.

Солҳо чун баргаки хушк аз дарахти умр канда шуданду бо ризоияти модарам ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудам. Модарам ҳамшираи шафқат ҳастанду баъди марги фоҷиавии падарамон ману апаамро бо сад азоб ба воя расониданд.

Ҳангоме, ки ман донишҷӯ шудам, апаам дар курси савуми донишгоҳ таҳсил мекард. Зӯри модари муштипарам ба кашидани бори машаққати ду донишҷӯ намерасиду маро ба шуъбаи ғоибона гузаронид. Ман ба хотири модари меҳнатрӯзиям ба ин розӣ шудаму ба мактаби хатмкардаам чун муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик ба кор оғоз намудам. Акнун ба хушдорони ман Худо дода буд ва онҳо остонаи хонаи моро аз омаду рафт охӯрча карда буданд, вале модарам як шарт дошт - хонадомод.

Ин шарти модарам харидорони маро кам карда бошад ҳам, аммо розиҳо ҳам буданд. Модарам бошад, аз байни онҳое, ки ба хонадомод шудан розӣ буданд, арзандаро намеёфт…

Дугонаи ҷонӣ

Падару модари ман аз хонаи бачаҳо буданду мо хеши наздик надоштем, вале модарамро дар деҳа ҳамагон ҳурмат мекарданду аз ҳисоби ҳақу ҳамсоя қадрдонҳои зиёде доштем. Хосса, ҳамсояи наздикамон холаи Ҳумайро ва ҳамсарашон амаки Расул ба мо чун хешони наздик рафтуомад доштанд. Писари ягонаи онҳо Умед бошад, ману апаамро мисли хоҳари худаш дӯст медошт. Умед ҳамеша мегуфт, ки ман намегӯям, ки Худованд ба ман хоҳар надодааст, Дарёву Дунё хоҳарони қиёматии ман ҳастанд. Холаи Ҳумайро хонаву дар ва сарвату давлатам бегона нашавад гӯён, духтари хоҳараш Савсанро келин карда овард. Ман пеш аз ин ҳам бо Савсан ошноӣ доштам, ӯ доим ба хонаи холааш омада, бо ман рози дил мегуфт ва то ҷое медонистам, дӯстдошта ҳам дошт…

Умед духтур буду дар як беморхонаи бонуфузи пойтахт кор мекард. Ӯ субҳи барвақт ба кор рафта, бегоҳ бармегашт, баъзе шабҳо навбатдорӣ мекард. Холаи Ҳумайро келинчаки нав зиқ нашавад гӯён, маро назди келинаш даъват мекард, то бо ӯ суҳбат кунам. Ҳамин тавр ману Савсан дугонаҳои ҷонӣ шуда мондем. Боре дар омади гап аз Савсан пурсидам, ки ишқи байни ӯ ва дӯстдоштааш чӣ шуд? Ӯ бо алам гуфт:

- Дӯстдоштаам дар садамаи нақлиётӣ фавтид…

Маҷнуни сонӣ

Зиндагии якмароми маро ишқи ногаҳонии ҷавони шаҳрие дигар кард…

Рӯзи якшанбе буду холаи Ҳумайро аз модарам иҷозат гирифта, маро ҳамроҳи Савсан ба хабаргирии модари ӯ равон кард. “Ману Умедҷон бояд ба қишлоқи боло аммаашро хабаргирӣ равем, хоҳарам низ бемор шудааст бигузор Дунё ҳамроҳи келин ба хонаи онҳо равад”,- гуфт ӯ. Модарам розӣ шуданд ва ману Савсан ба хонаи онҳо рафтем.

Модари Савсан зуком шуда, аллакай сиҳат шуда будааст, янгаҳояш дастархон ороста, моро хуб меҳмондорӣ карданд.

Ҳангоми бозгашт Савсан гуфт, ки ба кошонаи ҳусн меравем, ман қошҳоямро мечинаму баъд хона меравем.

Дар роҳ ҷавони қоматбаланди зебое ба ҷону ҳоламон намонда, моро ба мошинаш савор карда, то кошонаи ҳусн бурд. Ӯ ба ман гап медоду Савсан қир-қир механдид. Аз ин рафтори зани шавҳардор қаҳрам омада бошад ҳам, худамро базӯр нигоҳ медоштам.

(Давом дорад)

ДУНЁ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД