1xbet
Интихоби ғизои иловагӣ барои кӯдак
61

Интихоби ғизои иловагӣ барои кӯдак яке аз марҳилаҳои хеле муҳим дар рушди тифлакон мебошад. Ин раванд одатан пас аз 6-моҳагӣ оғоз меёбад, зеро дар ин давра шири модар дигар талаботи ғизоии кӯдакро ба пуррагӣ қонеъ гардонида наметавонад.

Вақти мувофиқ барои оғоз

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия медиҳад, ки модарон додани ғизои иловагиро ба тифлакони худ баъди 6-моҳагӣ сар кунанд. Шуруъ кардан ба додани ғизои иловагӣ пеш аз 4-моҳагӣ тавсия дода намешавад.

Аломатҳое, ки кӯдак ба хӯрдани ғизои иловагӣ омода аст

Аломатҳое мавҷуданд, ки ба хӯрдани ғизои иловагӣ тайёр будани кӯдакро нишон медиҳанд, масалан ба ғизо таваҷҷуҳ мекунад, вақте калонсолон хӯрок мехӯранд, тифлак нигоҳашро аз даҳони онҳо намеканад. Аллакай қобилияти фурӯ бурдани ғизоро дорад ва онро барнамегардонад. Ба даҳон чизеро гирифта метавонад...

Тарзи интихоби ғизои иловагӣ

Додани ғизои иловагиро ба кӯдак аз ғизоҳои нарм ва як навъ оғоз намоед, масалан пюре аз сабзавоти пухташуда ба мисли картошка ва сабзӣ, шарбат аз меваҳо, махсусан банан, себ ва нок.

Пас аз 7-8-моҳагӣ ба кӯдак хӯрокҳои ширии биринҷӣ, шӯрбо ва гӯшти кӯфташуда додан мумкин аст.

Аввал як навъи ғизоро диҳед ва 3-5 рӯз сабр кунед, то фаҳмед, ки ҷисми кӯдак онро чӣ гуна қабул мекунад. Ин имкон медиҳад, ки ба ин ё он навъи маҳсулот аллергия доштан ё надоштани кӯдакро бифаҳмед.

Тарзи додани ғизо

Аввал аз 1-2 қошуқча оғоз карда, тадриҷан миқдори ғизои иловагиро зиёд кардан лозим аст. Бигузоред кӯдак худаш суръатро муайян кунад. Ғизо бояд бо қошуқ дода шавад, на бо шиша.

Ғизои навро дар аввали рӯз диҳед, на шом, то дар сурати пайдо шудани аллергия сари вақт чора андешида тавонед.

Аз додани хӯрокҳои сернамак, шакардор, асал ва хӯрокҳои сахт ба кӯдак то синни яксолагӣ худдорӣ намудан лозим аст. Пас аз ғизои иловагӣ ба кӯдак ҳатман об диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД